13:12:15 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Фаридуни Раҳнавард - сардабири "Нигоҳ", Муҳибулло Қурбон - раиси ИНДЕМ

Шӯрои муҳаррирони нашрияи “Нигоҳ”, сомонаи “Тоҷнюс” ва ширкати ИНДЕМ дар ҷаласаи ахири худ масъулони нави нашрия, сомона ва ин ширкатро интихоб карданд.

faridun_656565.jpgШӯрои муҳаррирони нашрияи “Нигоҳ”, сомонаи “Тоҷнюс” ва ширкати ИНДЕМ дар ҷаласаи ахири худ масъулони нави нашрия, сомона ва ин ширкатро интихоб карданд. Фаридуни Раҳнавард, яке аз масълуони ҳафтаномаи "Нигоҳ" рӯзи 2 апрел ба мо гуфт, дар ҷаласаи муҳаррирон, ки пас аз истеъфои Саймиддин Дӯстов баргузор гардид, масъули сомонаи “Тоҷнюс” рӯзноманигор Абдуазими Абдуваҳҳоб ва масъули ширкати ИНДЕМ рӯзноманигори шинохта Муҳибуллоҳи Қурбон интихоб карда шуданд. Фаридуни Раҳнавард гуфт, ки сардабири ҳафтаномаи “Нигоҳ” ба дӯши худи ӯ гузошта шуд.

Саймуддин Дӯстов – муассис сардабир ва масъули ҳафтаномаи “Нигоҳ” сомонаи "Тоҷнюс" ва созмони ИНДЕМ рӯзи 24-уми март бо мо гуфт, ки аз масъулияти худ истеъфо додааст, аммо сабабҳои онро шарҳ надод. Хабаргузории таҳти итоати ӯ аз оҷонсиҳои иттилоотии муваффақ ва нашрияи “Нигоҳ”-аш аз хонданитарин нашрияҳои кишвар дониста мешаванд.

Ҳанӯзҳам маълум нест, Саймуддин Дӯстов кори худро дар кадом соҳа идома медиҳад. Истеъфои ғайримунтазираи ва бидуни шарҳи ӯ саволҳои зиёдеро халқ кард, ки оё дар пушти ин моҷаро чӣ меистад? Баъзеҳо ҳадс мезананд, шояд яке аз сабабҳояш фишори сиёсӣ бошад.

Ба бовари ин гурӯҳ, Дӯстов вақтҳои охир аз паёми солонаи раисиҷумҳур, шеваи баргузории интихоботи парлумонӣ ва таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси оҷонсии зидди фасоди молӣ сахт интиқод кард ва ҳафтаномаи "Нигоҳ" низ аз ангуштшумор расонаҳои хеле бараҳнагӯ ё ошкоргӯст, ки ҳатто фаъолияти афроди аввали кишварро ба танқид мекашад ва гоҳо ба ҳарфу ҳиҷои онҳо "луқма" низ мепартояд.

Саймуддин Дӯстови 42-сола, зодаи ноҳияи Файзобод буда, соли 1997 донишгоҳи Челябински Русияро хатм кардааст. Ӯ дар оғози соли 2000-ум ба Тоҷикистон омад ва нахуст дар бахши таҳлилии ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба кор пардохта, дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз ҳавзаи якмандатии Файзобод номзад ба мақоми вакилӣ шуд, аммо пирӯз нагардид. Баъдан, дар соли 2006 нашрияи “Нигоҳ” ва дар соли 2009 оҷонсии иттилоотии “Тоҷнюз”-ро ба забони тоҷикӣ ташкил карда, дар соли 2014 варианти русии ин хабаргузориро фаъол намуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi