08:01:49 18-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Нигоҳ" барҳам мехӯрад, ё ҳисоби бонкияш баста хоҳад шуд?

Рӯзномаи ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, муассисаи нашрияи "Нигоҳ" барҳам хоҳад хӯрд. Вале масъулони нашрия мегӯянд, ҳадаф аз ин барҳамхӯрӣҳисобҳои бонкии "Нигоҳ" асту бас.

gazeta-nigoh-56231245.jpg"Ҷумҳурият" – рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, муассисаи нашрияи "Нигоҳ" барҳам мехӯрад ва таъкид намудааст, "ҳамаи арзу шикоятҳо дар давоми як моҳқабул карда мешаванд." Ин эълони "Ҷумҳурият" бо номи "Барҳам мехӯранд" ба чоп расида, қаблан бархе аз масъулони "Нигоҳ" вуҷуди чунин хабарро рад карда буданд.

Як манбаъ бидуни бурдани номаш гуфт, ҳатто дар идораи омори шаҳри Душанбе аризаи масъулони "Нигоҳ" дар бораи ин ки онҳо қарздор нестанд ва метавонанд муассисаро бубанданд, низ вуҷуд дорад.

Муҳибуллоҳи Қурбон, раҳбари нави созмони ИНДЕМ, ки хабаргузории "Тоҷнюз" ва нашрияи "Нигоҳ" зери итоаташ ҳастанд, гуфт, "Нигоҳ" баста нахоҳад шуд". Балки ба қавли Муҳибуллоҳи Қурбон, "ҳисоби бонкии "Нигоҳ" барҳам мехӯрад ва минбаъд тамоми ҳисобу китоби ин нашрия ва “Тоҷнюз” тариқи ИНДЕМ сурат хоҳад гирифт."

Ин тағйирот дар кори нашрияи "Нигоҳ" баъд аз он сурат мегирад, ки як моҳи пеш Саймуддин Дӯстов - раҳбари созмони ИНДЕМ ва муассису сардабири нашрияи "Нигоҳ" ва хабаргузории "Тоҷнюз" аз мақомаш истеъфо дода ва дар пайи он Муҳибуллоҳи Қурбон раҳбари ин созмон интихоб шуд. Ҳоло масъули торнамои “Тоҷнюз”-ро Абдуазими Абдуваҳҳоб ва сардабирии нашрияи "Нигоҳ"-ро Фаридуни Раҳнавард бар уҳда доранд.

Саймуддин Дӯстов рӯзи 24 март дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, аз масъулияти худ истеъфо додааст, аммо сабабҳои онро шарҳ надод. Дар ҳоле ки хабаргузории таҳти итоати ӯ аз оҷонсиҳои иттилоотии муваффақ ва нашрияи “Нигоҳ”-аш аз хонданитарин нашрияҳои кишвар дониста мешаванд.

Ҳанӯзҳам маълум нест, Саймуддин Дӯстов кори худро дар кадом соҳа идома медиҳад. Истеъфои ғайримунтазира ва бидуни шарҳи ӯ саволҳои зиёдеро халқ кард, ки оё дар пушти ин моҷаро чӣ меистад? Баъзеҳо ҳадс мезананд, шояд яке аз сабабҳояш фишори сиёсӣ бошад.

Ба бовари ин гурӯҳ, Дӯстов вақтҳои охир аз паёми солонаи раисиҷумҳур, шеваи баргузории интихоботи парлумонӣ ва таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси оҷонсии зидди фасоди молӣҳам сахт интиқод карда ва ҳафтаномаи "Нигоҳ" низ аз ангуштшумор расонаҳои хеле бараҳнагӯ ё ошкоргӯст, ки ҳатто фаъолияти афроди аввали кишварро ба танқид мекашад ва гоҳо ба ҳарфу ҳиҷои онҳо "луқма" мепартояд.

Саймуддин Дӯстови 42-сола, зодаи ноҳияи Файзобод буда, соли 1997 донишгоҳи Челябински Русияро хатм кардааст. Ӯ дар оғози соли 2000-ум ба Тоҷикистон омад ва нахуст дар бахши таҳлилии ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба кор пардохта, дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз ҳавзаи якмандатии Файзобод номзад ба мақоми вакилӣ шуд, аммо пирӯз нагардид. Баъдан, дар соли 2006 нашрияи “Нигоҳ” ва дар соли 2009 оҷонсии иттилоотии “Тоҷнюз”-ро ба забони тоҷикӣ ташкил карда, дар соли 2014 варианти русии ин хабаргузориро фаъол намуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1