21:21:41 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Беҳбуди кори “Ховар” ё монополияи ахбори расмӣ?

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз қарори нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” беҳтар кардани кори ин оҷонсӣ буд, на эҷоди маҳдудият дар роҳи нашрияҳои дигар.

microfon-665214521.jpgМақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз қарори нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” беҳтар кардани кори ин оҷонсӣ буд, на эҷоди маҳдудият дар роҳи нашрияҳои дигар. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад дар як шарҳи расмӣ ба идораҳои давлатӣ дастураш дар бораи нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар”-ро ташреҳ кунад. Як мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 20 июл дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳадаф аз қарори ахири ҳукумат дар бораи нашри ахбори расмӣ аз тариқи хабаргузории миллии “Ховар” маҳдуд кардани дастрасии расонаҳои дигар ба маълумот нест, балки танҳо ба хотири таъмини фаъолияти хубтари ин оҷонсии расмӣ буд.

Ин мақоми давлатӣ, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат мекард, афзуд: “Масъала ин буд, ки дар маҷлисҳои расмии ҳукумат хабарнигори “Ховар” ширкат мекунад, вале хабараш дар “Ховар” чанд соат баъд аз Озодиву расонаҳои дигар чоп мешуд. Манзури раҳбари давлат (президент Эмомалӣ Раҳмон) ин буд, ки хабарҳо дар “Ховар” фавритар чоп шаванд ва дар хабарҳои расмӣ ягон иштибоҳ наравад.”

Бисёре аз хабарнигорони тоҷик ин иқдоми ҳукуматро ҳамлаи навбатӣ ба озодии матбуоти бе он ҳам осебпазир дар Тоҷикистон унвон мекунанд ва мегӯянд, ироаи як мақоми истисноӣ ба як хабаргузории давлатӣ ба маънои монополия кардани бозори иттилоъ аст ва қонуни матбуоти Тоҷикистонро зери по мекунад. Аммо манбаи мо мегӯяд, дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ базудӣ бо нашри як шарҳ аз тариқи “Ховар” ба вазорату идораҳои давлатӣ хоҳад фаҳмонд, ки "ба ҷои салла калла" наоранд:

“Вазорату идораҳои давлатӣҳақ доранд ба расонаҳо хабару маълумоти заруриро бидиҳанд. Мо ба ин вазорату идораҳо хоҳем фаҳмонд, ки вақте суол ба шумо бошад, ҷавоб диҳед ба хабарнигорон. Инҷо набояд ягон мушкил бисозанд”, гуфт ин мақоми давлатӣ дар сӯҳбат бо мо.

Ин дар ҳолест ки хабарнигорони расонаҳои мустақил ва хориҷӣ аллакай дар роҳи пайдо кардани маълумот аз идораҳои расмии Тоҷикистон ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Аз ҷумла хабарнигорони Озодӣ зимни муроҷиат ба дастикам 3 идораи давлатӣ посух гирифтанд, ки суолҳои худро бояд аз тариқи хабаргузории “Ховар” ба онҳо бифиристанд. Намояндагони ин идораҳо гуфтаанд, ки ба онҳо аз “боло” чунин дастур омадааст.

Заробиддин Қосимӣ, раҳбари тозатаъиншудаи хабаргузории “Ховар” рӯзи 20 июл ба мо гуфт, “мо ҳаққи дастур додан ба идораҳои давлатиро надорем, танҳо даъват мекунем, ки ҳангоми нашри хабарҳояшон моро ҳам фаромӯш накунанд. Мо ҳам мисли дигарон як расонаи хабарием, мо ҳам кӯшиш мекунем, ки аввалтар гирем хабарҳоро, лекин ҳеҷ касро манъ карда наметавонем ё гуфта наметавонем, ки ба дигарон надиҳед. Ин ҳақро мо надорем”, гуфт ӯ.

Заробиддин Қосимӣ вуҷуди протоколи ҷаласаи ҳукумат аз 30 июни соли 2015 дар бораи ба “Ховар” додани ҳаққи истисноии нашри ахбори расмиро “як воҳима” меномад. Вале манбаи мо мегӯяд, дастур буд, аммо на ба маънои боз кардани роҳи “Ховар” аз ҳисоби маҳдуд кардани дастрасии расонаҳои дигар ба маълумот. Расонаҳои маҳаллӣ – “Озодагон” ва “Азия-Плюс” ҳафтаи гузашта матнеро чоп карданд, ки гуфта мешавад, аз протоколи маҷлиси рӯзи 30 июни ҳукумат аст.

Дар ин санад, ки дар зераш исми Эмомалӣ Раҳмон омадааст, чунин гуфта мешавад: “Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорати идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурявӣ ва соҳавии дахлдор ба воистаи АМИТ “Ховар” ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад.”

Дар робита ба ин ки дар дастикам се идораи давлатӣ бо сарпечӣ аз посух ба суолҳои мо гуфтаанд, бояд ҳар хабарро аввал ба “Ховар” бидиҳанд, Заробиддин Қосимӣ, раҳбари ин хабаргузорӣ мегӯяд, бархе идораҳо аз “танбалӣ” чунин мекунанд, вагарна аз касе чунин тақозо нашудааст. Ӯ гуфт, ҳама мақомоти давлатӣ бояд тибқи қонун, аз ҷумла қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки дастрасии хабарнигорон ба маълумотро замонат додааст, амал кунанд.

Раҷаби Мирзо, хабарнигори маъруфи тоҷик ва узви Шӯрои васоити ахбори омма, як созмони ҳомии озодии баён дар Тоҷикистон, мегӯяд, дар асри 21 гирифтани пеши роҳи дастрасии ҷомиа ба иттилоъ ва “раскрутка” ё муҳим кардани нақши як расонаи ҳукуматӣ аз ҳисоби бастани роҳи расонаҳои дигар имкон надорад: “Агар ҳукумат мехоҳад “Ховар”-ро ба як бозигари муҳим дар бозори иттилоотӣ табдил бидиҳад, ин кори осон нест. Ҳам маблағи бузург мехоҳад ин кор ва ҳам мудирияти хубро талаб мекунад. Чизи дигари муҳим ислоҳи сабки хабарнависии “Ховар” аст, ки хеле хушку қадимист ва то ҳол бӯи замони Шӯравӣ мекунад. Дар ҳар сурат, ин иқдоми ҳукумат метавонад дар шароити кишварҳое, чун Тоҷикистон, ба зарари озодии матбуот тамом шавад, чунки имрӯз ҳам дастрасӣ ба иттилоъ дар ин кишвар як мушкили умда буд.”

Бино ба оморҳо, дар Тоҷикистон 446 нашрияи чопӣ, аз ҷумла 270 нашрияи хусусӣ, 44 шабакаи радиоиву телефонӣ, аз ҷумла 28 шабакаи хусусӣ, ва 10 хабаргузорӣ, ки ба истистнои “Ховар” нӯҳи дигараш ғайридавлатист, амал мекунанд. Тоҷикистон аз нигоҳи озодии матбуот нисбат ба кишварҳои ҳамсояе, чун Узбакистон ё Туркманистон вазъи беҳтаре дошт, вале маҳдудиятҳои эҷодшуда дар солҳои охир ва чанд додгоҳи зидди журналистон боиси пойин рафтани эътибори Душанбе дар арсаи озодии матбуот шуд.

Созмони “Freedom House” имсол дар гузориши солонааш Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои матбуоташон ноозод ҷой дод. Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, дар дасти як хабаргузории давлатӣ монополия шудани нашри хабарҳои расмӣ метавонад ба обрӯи Тоҷикистон зарбаи бештар зада ва ҳатто дар рӯйхати давлатҳои “саркӯбгари матбуот” шомилаш кунад. Аксари нашрияҳои хориҷӣ гузоришашон дар бораи иқдоми ахири ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳамин сарлавҳа чоп кардаанд, ки: “Власти Таджикистана ввели госмонополию на официальную информацию” (“Мақомоти Тоҷикистон рӯи нашри иттилои расмӣ монополияи давлатӣҷорӣкардаанд”).

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi