Ҳафтае рафт...
Ҳафта ба анҷом расид. Одати устод Султони Ҳамад буд, ки дар ҳафтаиномаи “Рӯзгор” саҳифаеро барои хонанда ихтисос медоданд. Дар ҳамин саҳифа мо талош мекардем аз бардоштҳои хонандагон сатрҳоеро иқтибос орем ва дар шакли хулоса боз манзури хонанда кунем.
Дигар он “Рӯзгор” нест, ҳафтанома чоп намешавад, вале сомонаи он фаъол аст.
Зарфи ин як ҳафта бо ҳудудан 30 матлаби тоза дар фазои иттилоотии кишвар ва берун аз он ҳузур доштем. Чӣ чоп кардем, чӣ гуфтем, бигзор хонандагон қазоват кунанд. Ва чун баъди реҳлати устод ин сомона дубора фаъол шуд, ҳоло дар аввали роҳем.
Аз Шумо азизон, аввалан як каф дуо барои идомаи кор хоҳонем.
Ва дигар назароти интиқодии шуморо интизорем, то камбуду норасоиҳоро ислоҳ намоем.
Ва баъдан ҳамкорӣ мехоҳем. Ба мо бинвисед, хабарҳои худро ирсол намоед, мақолотатонро низ. Бахусус, аз шогирдони устоди шодравон, ҳамқаламону дӯстонашон хоҳиш мекунем дар ин роҳи шуруъшуда моро танҳо нагузоранд. Мо ниёз ба маслиҳату машварати Шумо дорем. Мо ниёз ба назароти интиқодии Шумо дорем, то худро ислоҳ намоем. Ҳар нуқтаи назарро, ки ба нафъи кор аст, ба ҷон қабул дорем!
Пурбинандатарин матлаби ҳафтаи охир “Ёди рӯзгори ширин” буд. Ин навори гулчиншударо то имрӯз 9973 нафар тамошо кардаанд. 23 нафар назари худро навиштаанд, 76 нафар дар саҳифаи худ дар Фейсбук бознашр кардаанд. Ва 205 нафар лайки писанд гузоштаанд.
«Рӯзгор»