04:49:11 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАХУСТИН НАШРИЯИ ИНГЛИСӢ ДАР ДУШАНБЕ

  "The Tajik Times" - нахустин нашрияи инглисизабон бо сармояи Нуралӣ Шоев, соҳибкор ва рӯзноманигори тоҷик дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Маросими муъаррифии ин нашрия рӯзи ҷумъа, 12 июн, дар маркази матбуъоти ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. 

Нуралӣ Шоев, соҳибкори тоҷик, ки дар зарфи беш аз даҳ соли ахир дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба сар бурдааст, ҳадафи роҳандозии ҳафтаномаи инглисзабонро "талош барои муъаррифии арзишҳои ҳунарию фарҳангӣ ва вазъи сиёсию иқтисодии Тоҷикистон ба ҷаҳониён" унвон кард.

Ба гуфтаи Нуралӣ Шоев, "The Tajik Times" дар 16 саҳфа ва бо тирожи 500 адад дар чопхонаи хусусии мавсум ба "Мушфиқӣ" дар шаҳри Душанбе мунташир шуда ва умдатан дар сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе-пойтахт, муассисоти таҳсилоти олӣ ва дар ҳавопаймоҳои ширкати "Сомонэйр"-и Тоҷикистон тавзеъ мегардад.

Гуфта мешавад, қиммати як адад "The Tajik Times" дар бозор яку ним сомонӣ ё ҳудуди чиҳил сенти омрикоӣ таъйин шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соири нашрияҳои Тоҷикистон болотар будааст. 

Дар маросими муъаррифӣ таъкид шуд, ки ҳарчанд вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баргузории маҳфили муаррифии "The Tajik Times" фаъол будааст, вале ин нашрия мустақил буда ва ба вазорати хориҷа иртиботе надорад.

Давлат Назриев, сухангӯйи вазорати хориҷа гуфт, ки ин вазорат ба тавсеъаи фазои иттилоъотии Тоҷикистон алоқаманд аст ва аз ин лиҳоз, бо "The Tajik Times" ва нашрияҳои дигар, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Абдуғаффори Камол, корманди масъули шабакаи телевизиюнии "Ҷаҳоннамо"-и Тоҷикистон аз масъулони ин нашрияи ҷадид даъват кард, ки аз талош барои нигориши рангину бидуни мушкилоти Тоҷикистон худдорӣ намуда ва ҳаводиси кишварро воқеъбинона ва бо ҳусну қубҳаш мунъакис кунанд.

Ба эътиқоди оқои Камол "The Tajik Times" бояд ҷомеаи ҷаҳониро бо мушкилоту дастовардҳои Тоҷикистон, бо таъриху фарҳанг ва ҳунари ин кишвар ошно созад.

Абдуғаффори Камол ба унвони мисол аз як нашрияи инглисзабони Қазоқистон ном бурд, ки дар Эрон дар бораи таъриху фарҳанги ин кишвар озмунҳо баргузор карда ва аз ин тариқ кишварашро ба эрониён муаррифӣ кардааст.

Ширкаткунандагони ҳамоиш, ҳамчунин, пешниҳод карданд, ки ин нашрия чопи дубораи матолиби инглисии сойтҳои интернетиро камтар карда ва таваҷҷӯҳро бештар ба матолиби таҳлилии марбут ба масоили мавҷуд дар Тоҷикистон ва роҳҳалҳои онҳо мутамаркиз кунад.

Аз ҷумла, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мушкили тақсими манобеъи оби Осиёи Марказӣ ва ихтилофот миёни кишварҳои минтақа бар сари эҳдоси неругоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ аз мавзӯъоте унвон шуд, ки дар нашрияи инглисзабон бозтоб ёфта ва ҷаҳониёнро аз воқеъияти мушкилот муталеъ созад.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi