00:44:26 15-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ИТТИҲОДИ НАШРИЯҲОИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

Нашрияҳои “Нигоҳ”, “Фараж” ва “СССР” Иттиҳоди ҷадиди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон таъсис карданд. Хуршеди Атоулло, сардабири нашрияи “Фараж” таъмини рушди устувори нашрияҳои мустақил, тақвияти ҳамгироии журнолистӣ, таъминии сиёсати воҳиди ҳимоят аз манофеъи миллӣ дар фазои иттилоотии кишвар ва пуштибонӣ аз манофеъи сохтмони неругоҳи Роғунро аз аҳдофи ин иттиҳод унвон кард. 

Оқои Атоулло таъкид кард, дар назар аст дар чаҳорчӯби Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон барои аввалин бор дар ин кишвар Клуб ё Маҳфили сардабирони нашрияҳои мустақил таъсис шавад, ки фаъолияти худро дар масоили мухталиф ҳамоҳанг хоҳанд кард. 

Ҳамчунин, ин иттиҳод дар садад аст, дар неругоҳи Роғун бунгоҳи ягонаи хабарӣ таъсис карда, ҳамасола воқеаномаи сохтмони ин неругоҳро мунташир кунад ва озмуни “Роғун-номуси марз”-ро сармоягузорӣ намояд. 

Афзун бар ин, Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР” гуфт, ки Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон қасд дорад ба ҳайси сарбоз дар набарди иттилоотӣ алайҳи неругоҳи барқи обии Роғун, ки аз сӯйи бархе аз расонаҳои кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, ширкат карда ва аз манофеъи давлати Тоҷикистон дифоъ кунад. 

Оқои Мизроб таъсиси Маркази иттилоотии ин иттиҳод дар неругоҳи Роғун ва таҳияи матолиби таҳлилӣ дар мавриди ин пружаро аз ҷумлаи чунин набардҳои иттилоъотӣ унвон кард. 

Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки дар сурати вуҷуди Иттиҳоди журнолистон, Анҷумани расонаҳои мустақил ва созмонҳои зиёди мустақили журнолистони Тоҷикистон барои таъсиси созмони дигари журнолистӣ, ки аҳдофаш мушобеҳи созмонҳои дигари журнолистӣ аст, чи зарурате ҳаст? 

Саймуддин Дӯстов, масъули нашрияи “Нигоҳ” гуфт, ки ин созмонҳо дар сурати лозимӣ наметавонанд ба нашрияҳои мустақил мусоъидати молӣ кунанд, дар ҳоле ки нашрияҳои узви Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон дар ин замина ба ҳамдигар кумак мекунанд. 

Масалан, ба гуфтаи оқои Дӯстов, агар “Фараж” ба мушкили молӣ мувоҷеҳ шавад, нашрияи “Нигоҳ” метавонад ба он сареъан кумак намояд. Аз сӯйи дигар, ин се нашрияи мустақил дар ҳамдастӣ шонси бештари дарёфти рекломро ба нашрияҳо доранд. 

Ҳамзамон, Саймуддин Дӯстов таъкид кард, ки Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ба рағми Иттиҳоди журнолистон ё Анҷумани расонаҳои мустақили ин кишвар таъсис нашудааст. 

Ин дар ҳолест, ки Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Итиҳоди ҷадиди нашрияҳои мустақили Тоҷикистонро рақиби Шӯрои васоити ахбори умуми ин кишвар хонд, ки намояндагони “Фараж”, “Нигоҳ” ва “Миллат” ба далели ихтилофи назарҳо бо созмондиҳандагони ин ниҳод дар Конфаронси муассисон ва узвият дар Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон худдорӣ карда буданд. 

Зимнан, ин шӯро дар авохири моҳи октябри соли гузашта бо мусоъидати молии Созмони амнияту ҳамкории Урупо ва ба манзури дифоъ аз манофеъи расонаҳою рӯзноманигорон ва боло бурдани сатҳи рӯзноманигорӣ таъсис шуда буд. 

Бархе аз раҳбарони созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон таъсиси Иттиҳоди нашрияҳои мустақилро навъи талош барои ҷудоиандозӣ миёни журнолистони ин кишвар талаққӣ кардаанд. 

Аммо муассисони Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ин иддаоро такзиб карда ва гуфтанд, ки ҳадафи онҳо муттаҳид сохтани нашрияҳои мустақил буда ва дари ин иттиҳод барои ҳамаи нашрияҳои мустақил боз хоҳад буд. 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1523-ittihodi-nashriyahoi-mustakili-tojikiston.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi