16:34:00 15-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШӮРОИ ВАО-И ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

Рӯзи ҷумъаи 22-и январи соли 2010 дар толори Иттиҳодияи  Журналистони Тоҷикистон муаррифии Шӯрои тоза сабтиномшудаи ВАО-и Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мудири кафедраи рӯзноманигории байналмиллалии факултаи журналистии Донишгоҳи Миллии кишвар профессор Иброҳим Усмонов дар оғоз дар бораи таърихчаи таъсиси ин созмони хабарнигорӣ ба ҳозирин маълумот дод. Дар идомаи суханрониаш ӯ азҷумла чунин гуфт:  

Усмонов: «Аз моҳи феврали соли гузашта бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи Миллии Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон нахустин нишастҳоро ба хотири таъсиси як Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон барпо карданд. Охири моҳи октябри соли гузашта нахустин конференсияи муассисони Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикстон баргузор гардид ва дар он Шӯро таъсис шуд. Шӯрои мазкур ба ҳамаи ВАО-и кишвар тааллуқ дорад. Дар ҳайати ин Шӯро намояндагони ВАО-и аҳзоби сиёсӣ, ҳукуматӣ ва мустақил ҳастанд. 


 Онҳое, ки ба ин Шӯро дохил шуданд ва онҳое, ки ин Шӯроро таъсис доданд, ин қадар қудрате доранд, ки Шӯрои ВАО-ро аз ҳолати як гапи оддӣ ба ҳолати чизи эҳтиром мекарда ва чизи ҷиддӣ расонанд. Агар дар ин маҷлис аз меҳмонҳои хабаркардаи мо нимашон омада бошанд, ниме аз омадаҳо то охира тоқат накарда рафта бошанд, вале умед мекунем, ки дар маҷлисҳои баъдинаи мо нафарҳои хабарнакарда низ омада дар пушти дар рост истода моро гӯш мекунанд. Мо ин ташкилотро ба ҳамин поя агар набардорем, он ба касе  даркор нест. 

Мо  вазифаи ҳимояи ҳуқуқи журналистонро дорем, ҳимояи ҳуқуқи шахсро дорем. Ва қудрати онро дорем, ки онҳоро ҳимоя кунем. Албатта аввалин чизе, ки ба мо зарур аст ин доштани боми болои сар, ки дар он ҷо қабул карда тавонем, дар он ҷо машварат карда тавонем. Ҳар касе, ки дар кори мо дар дигар ҷо адолаташро пайдо накард, дар ин ҷо онро бояд пайдо кунад. Ин аст вазифаи асосии инсонии мо, вазифаи журналистии мо. Бале, ҳеҷ кас бо ҳеҷ кас душман нест. Мо бо ҳамдигар дӯст ҳастем, вале ҳамин дӯстиро мустаҳкамтар  кардан даркор. Мо мехоҳем, ки аз хондани рӯзнома, аз дидани телевизор, аз шунидани радио шармамон наояд». 

 Вазифаи ШӮрои ВАО аз чӢ иборат аст?

Вазифаи  Шӯрои ВАО аз  амалӣ кардани нуктаҳои зерин иборат аст:

Шарҳу тафсири расмии меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон.

Қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳои шаҳрвандон.

Ҳимояи озодии баён дар Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии ин Шӯро ба шумор меравад.

 Баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва маърифати ҳуқуқии журналистон.

Таъмини риояи меъёрҳои ахлоқи журналистон.

Мусоидат намудан барои бо роҳи созиш ҳал намудани баҳсҳо миёни рӯзноманигорон.

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои рӯзноманигорӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

Барқарор ва таҳкими  боварӣ ба васоити ахбори омма.

Ҳимояи мустақилияти касбӣ дар воситаҳои ахбори омма.

Таъмини риояи меъёрҳои байналхалқӣ дар васоити ахбори омма.

Ташаккули фарҳанги касбӣ ва журналистикаи поквиҷдонона.

Таҳкими озодии воситаҳои ахбори омма дар кишвар.

Ташкилу гузаронидани семинару мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо оид ба фаъолияти ВАО.

Амалӣ гардондани фаъолияти нашриявӣ, нашри адабиётҳои илмиву оммавӣ, ташкили сомонаи интернетӣ барои рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои муҳими фаъолияти ВАО.

Ба туфайли амалӣ намудани маъракаҳои иттилоотӣ оид ба риояи меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ фароҳам овардани намудани имконияти ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани он меъёрҳо.

Ва дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузорӣ манъ накардааст. 

Принсипи фаъолияти ШӮрои ВАО-и Тоҷикистон

Принсипи фаъолияти Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон хақиқатнигорӣ,  воқеъиятнигорӣ, адолат, гуногунандешӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон аст. Шӯро дар асоси талаботи Конститутсияи ҶТ, дар асоси ҳашт қонуне, ки мо дар соҳаи ВАО қабул кардаем, амал мекунад. 

Шӯрои ВАО аъзои доимӣ, пайваста  дорад. Яъне онҳое, ки Шӯроро таъсис доданд ва онҳое, ки ба он баъдан пайвастанд. Ҳар як расона новобаста аз мансубияташ ва ҳатто ашхоси алоҳида, журналистони мустақил метавонанд аъзои ин Шӯро шаванд. Дари Шӯро ба рӯйи касе баста нест. Рӯзномае, ки  узви Шӯро набошад ҳам, вале ба мушкилоте мувоҷеҳ шавад, Шӯро ҳозир аст ба  ҳалли мушкилоти он мусоидат кунад. 

Муассиси Шӯрои ВАО Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, Ассосиатсияи Миллии Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон, Ассосиатсияи Васоити Ахбори Электронӣ, Телевизиони СМТ, Хазинаи гиромидошти журналистони Тоҷикистон, ҳафтаномаҳои «Чархи гардун», «Азия-Плюс» ва  «Оила» мебошанд. 

Дар ҷараёни муаррифии  Шӯрои ВАО Акбар Сатторов, раиси ИЖТ, Нуриддин Қаршибоев,  Раиси Ассосиатсияи Миллии Васоити Ахбори Мустақили Тоҷикистон, Абдусаттор Нуралиев, профессори факултети журналистии Донишғоҳи Славянӣ, Муқтадо Зайниддинов, декани факултети журналистикаи ДМТ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Шарифи Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон», Зулфиддин Мӯминов, сармуҳаррири телевизиони «Пойтахт» ва дигарон суханронӣ намуда ба Шӯрои ВАО барори кор орзу карданд. 

Дар ҳамин нишаст инчунин китобе таҳти унвони «Роҳнамо оид ба худтанзимкунии воситаҳои ахбори омма», ки аз сӯйи масъули Дафтари Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО Миклош Харасти таҳия гардида, бо қалами журналисти варзидаи тоҷик Абдуфаттоҳ Воҳидов ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ба ҳозирин муаррифӣ гардид. 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1598-2010-01-22-19-10-47.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi