00:56:07 16-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ДИФОЪ АЗ НАШРИЯҲОИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

RSF (Reporters Sans Frontieres) ё Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри як баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, фишор ба матбуоти мустақил аз тариқи додгоҳҳоро хотима диҳад. Дар изҳороти ин созмони ҳомии матбуот, ки ба Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ расид, омадааст, дар баробари қонуни номукаммали матбуот, силсилаи даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон нишон медиҳад, ки чунин кор ба як тамоюл табдил ёфтааст. 

Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, чанд ҳафта пеш аз интихоботи порлумонӣ, мақомоти расмӣ, бо истифода аз тамоми абзор саъй доранд, то худсонсуриро дар матбуоти Тоҷикистон ташвиқ намоянд. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дархости ҷубронҳои азими молиро бемаънӣ хонда ва гуфтааст,ки “чунин ҷаримаҳои ҳангуфт, мавҷудияти расонаҳо ва ҳамон гуногундешии маҳдуд дар матбуоти Тоҷикистонро зери суол мебарад. 

Гузоришгарони Бидуни Марз баёнияи мазкурро дар иртибот ба даъвоҳои додгоҳии ахир алайҳи ҳафтаномаҳои “Пайкон, “Миллат”, “Азия Плюс”, “Фараж” ва “Озодагон” нашр кардааст, ки аз онҳо хостаанд, барои бӯҳтон дар ҳаққи онҳо садҳо ҳазор доллар ҷуброн пардозанд. 

Изҳороти Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар ҳоле нашр мешавад, ки дар ду соли охир ин ниҳод Тоҷикистонро аз лиҳози вазъи озодии баён дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар беҳтарин ҷойгоҳ қарор додаааст. 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1656-2010-02-01-16-15-57.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi