«МИЛЛАТ» РӮЗИ МАТБУОТРО ДАР ДОДГОҲ «ҶАШН» МЕГИРАД
25-уми феврали 2010 дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи баррасии шикояти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон алайҳи ҳафтаномаи мустақили «Миллат» баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки ҳудуди як моҳе пеш Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба матлаби интишор намудаи ҳафтаномаи «Миллат», таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ - фасодзадатарин ниҳод» дар шумораи 49 –ум аз 10-уми декабри соли гузашта ба додгоҳ шикоят бурда, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат арзёбӣ карда буд.
Ба ин далел, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кардааст, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» барои тавҳин ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима ситонад. Нарзулло Додобоев, сухангӯи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, низ гуфт, «ҳарчанд ҳафтанома кормандони соҳаро дар истифодаи ноҷо ё дуздии беш аз 5 миллион сомонӣ муттаҳам кардааст, вале бо вуҷуди талаби исботи арқоми овардашуда, ҳафтанома ҳуҷҷатеро дар ин замина пешниҳод накардааст».
Ба таъкиди Зоҳири Давлат, сардабири нашрияи мустақили «Миллат», хабари мазкур ба асоси суханронии Сафаралӣ Гулов, раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, нашр шудааст, ки дар як ҷаласаи порлумон гуфта буд.
Ба таъкиди сардабири «Миллат», суханони Гулов дар ин ҷаласа чунин садо додаанд, «дар зерсохторҳои ин вазорат оид ба хариди таҷҳизоти фаннӣ бо мақсади аз худ кардани маблағҳои давлатӣ аз ҷониби шахсони масъул, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо, бо роҳи нақдкунии маблағ тавассути ширкатҳои хусусӣ такрор меёбад. Умуман, тафтиши гузаронидашуда зарари молиявиро ба маблағи 5, 2 миллион сомонӣ ошкор сохт, ки ин нисбат ба зарари молиявии ошкоргардида дар ҷамъбасти соли 2008 ду маротиба зиёд буда, аз он танҳо 50 дарсади маблағҳо ба давлат барқарор карда шудаасту халос».
Дар пайи ин "Миллат" низ дар посух аз болои Вазорати кишоварзӣ шикоят бурда, хостори ҷаримаи рамзӣ ба миқдори 1 (як) сомонӣ шудааст. Ба гуфтаи ҷониби нашрия, "пешниҳод кардани чунин аризаи даъвогии беасос ва ғаразнок таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии рӯзнома, чун воситаи ахбори омма мебошад."
Дар ҷаласаи нахустини баррасии ин парвандаи шаҳрвандӣ додрас Дилором Абдурҳимова мулоҳиза, далел, нуқтаи назарҳои ҷонибҳоро шунида тарафҳоро барои бастани созиши оштӣ даъват намуда ҳуқуқу вазифаҳои ҷонибҳоро барояшон ёдовар шуд. Баъди ин тасмим гирифта шуд, ки мурофиа рӯзи 11-и март (дар Рӯзи матбуот) аз сар гирифта шавад.
Вакили мудофеи ҳафтаномаи «Миллат» дар ин мурофиаи додгоҳӣ ҳуқуқшиноси маъруфи Тоҷикистон Ҷунайд Ибодов дар сӯҳбат ба хабарнигорон таассуроти худро аз ин нишасти нахустини додгоҳӣ чунин иброз дошт:
Имрӯз мурофиаи парвандаи граждании мо оғоз шуд, дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ. Ин мурофиаи пешакӣ буд, ки онро судя Абдураҳимова Дилором гузарониданд. Ва мувофиқи ҳамин меъёрҳое, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, судя мулоҳиза, далел, ақидаи тарафҳоро шунид, ҳамон амалҳоеро, ки зарур буданд, дар ин бора гузаронид, ҳуқуқу озодиҳои тарафҳоро эълон намуд, ӯҳдадориҳои онҳоро гуфта дод, барои бастани созиши оштигӣ даъват кард.
Умуман маҷмӯъи амалҳое, ки дар давраи пеш аз моҳиятан дидани парвандаи гражданӣ лозим буданд, судя онҳоро гузаронд, дар як муҳити хеле эҷодӣ, муҳити хуб, муҳите, ки мусоидат кард ба ҳарду тараф ҳам даъвогар, ҳам ҷавобгар, фикри худашонро озодона гуфтанд, далелу ваҷҳои худашонро оварданд. Ва ҳамин тавр қарор қабул карда шуд, ки моҳиятан парвандаи ҷиноятӣ рӯзи 11-уми март соати 9 дар худи ҳамин бино дида хоҳад шуд. Ва то ин вақт судя таклиф карданд, ки ҳар тараф ваҷҳи иловагӣ дорад, далелу ҳуҷҷатҳо дорад, ҳамаи онҳоро ҷамъбаст карда ба суд муроҷиат кунад.
Ҳамин тариқ муҳокимаи ҳалу фасли пешбурди парвандаи гражданӣ оғоз ёфт, ва акнун мо дар инҷо ҳамчун намояндаи тарафи ҳам даъвогар ва ҳам ҷавобгар, чунки дар як вақт рӯзномаи «Миллат» ҳам даъвогар аст ва ҳам ҷавобгар. Ва мо ваҷҳу далелҳои худамонро то ба дараҷае гуфтем, ҳанӯз ҳам гуфтани онҳо шарт нест ва мебинем, ки ҳамин ҷараёни муҳокимаи парвандаи гражданӣ то ба куҷо меравад, то ба чӣ дараҷа меравад. Ва вазъиятро нигоҳ кардаистода, ҳамин тариқ амалу қоидаю муносибати худамонро муайян мекунем.
Аз ин мурофиаи пешакӣ ки гузашт ман қаноатмандам, махсусан аз дараҷаи касбии судя. Муҳит хеле муҳити озод, муҳити хуб буд, муҳити эҷодӣ буд. Ва мебинем кор ба кадом дараҷа меравад. Ба ҳар ҳол моҳиятан кор дида мешавад, дар ҷаласаи аввалини суд 11-уми марти соли 2010.
Мо кӯшиш мекунем, ки ба суд дархост кунем, дархости хаттӣ мекунем, ки маҷлиси суди марҳилаи якум ба тариқи озод гузарад ва намояндагони ахбори умум онҷо иштирок карда тавонанд. Ва ғайр аз ин мо ният дорем, ки барои сабти овоз кардани ба воситаи видео, ба воситаи диктафон ба суд дархости хаттӣ ҳам муроҷиат кунем. Бубинем, ки суд чӣ қарор қабул мекунад дар ин бора.
Судя таклиф кард ба тарафҳо, ки ҳамин масъаларо дида бароянд, яъне то марҳилаи якуми суд, то он вақте, ки парвандаи гражданӣ моҳиятан дида мешавад, ҳамин хел имконияти қонунӣ ҳаст, оштӣ шудан, созишномаи оштӣ бастан. Вале ман фикр мекунам, ки эҳтимол мутаассифона, ё хушбахтона чунин имконият нест. Ба ҳар ҳол рӯзномаи «Миллат» маро ваколатдор накардааст, ки дар бораи бастани созиш гуфтушунид кунам. Ин мавқеъи рӯзномааст.
Адолати Мирзо, муассиси нашрияи «Миллат», ки дар ҷамъи хабарнигорон ҳузур дошт, дар ин бора чунин ибрози назар намуд:
Аз мурофиаи пешакӣ ё ки машваратии додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ намояндаи ваколатдори нашрияи «Миллат» бо қаноатмандӣ берун омаданд ва аз ин рӯ он ҳарфҳое, ки дар онҷо гуфта шуд барои нашрияи «Миллат» пешниҳод карданд. Ва мо баъди машваратҳои худамон метавонем, ки мавзеъгирии худамонро бештар возеътар баён бидорем, вале дар ҳоли ҳозир нуқтае, ки шумо гуфтед, оё имкони мусолеҳа вуҷуд дорад ё надорад, аз ҷониби додгоҳ ин пешниҳод ироа шудааст.
Вале ман фикр мекунам, ки созиш кардан ё муросо кардан нуқтаи ниҳоии ҳаллӣ масъала нест ва мо мехоҳем, ки ба нуқтаи ниҳоии ҳамин қазия додгоҳҳои Тоҷикистон ё додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нуқтаи тамад бигзорад, то барои дигарон дарс бишавад, ки воқеан ҳақ бар ҷониби кӣ буд. Оё воқеан онҳо ҳақдор ҳастанд ё мо ҳақдор ҳастем.
Ман бовари дорам ба адолати судии кишварам. Мо аз додгоҳ ҳақи худамонро талаб мекунем ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он ҳақу озодиҳое, ки барои ҳақи шаҳрвандии мо додаанд, мо дар пояи ҳаминҳо ба адолати судӣ эътимод дорем ва идома медиҳем роҳамонро.
Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1824-lr-lr-.html