«АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ҶТ»
Муштариёни гиромӣ, ба таваҷҷӯҳи шумо мусоҳибаи хабарнигори сомонаи «Рӯзгор»-ро бо корманди Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ансор Ниёзов дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ ва идоракунии давлатии ҶТ» пешкаш менамоем.
-Нахуст мехостам дар бораи алоқаи байни амнияти иттилоотӣ ва идоракунии давлатӣ чанд сухан мегуфтед?
-Қарни ХХI – замони густариши саросарии глобализатсия, давраи гузариш ба шакли нави ташкили иҷтимоии ҷомеа – ҷомеаи кушоди иттилоотист. Идоракунии давлатӣ дар чунин шароит истифодаи усулҳои самаранокро тақозо мекунад. Дар қатори усулҳои анъанавии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маъмурии идоракунии давлатӣ дар қарни ХХI усули идоракунии иттилоотӣ усули муҳимтарин маҳсуб меёбад. Алалхусус, дар давраи гузариш технологияҳои иттилоотӣ дар таъмини сиёсати давлатӣ мавқеи махсусро пайдо мекунанд, зеро мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин давра шаҳрвандро аз лиҳози равонӣ (психологӣ) осебпазир мегардонад, ва технологияҳои иттилоотӣ бо истифода аз имкониятҳои тавоно, саросарӣ ва бузурги худ ӯро мавриди таҳқиқу омӯзиш, таъсиррасонӣ, манипулятсия ва побандӣ қарор медиҳанд.
Таъсири глобализатсия ва, алалхусус, ҷомеаи иттилоотӣ ба сиёсати иттилоотӣ ва ҷузъи таркибии он – амнияти иттилоотӣ хело муассир аст. Агар аз диди назарияи форматсияи ҷамъиятӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ назар афканем, аён мегардад, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ предмети меҳнат - ин иттилоъ, воситаи меҳнат - технологияҳои иттилоотӣ аст. Аз ин хулосаи мантиқие бармеояд, ки системае (давлате ё гурӯҳи давлатҳое, маркази махсусе, сохторе ва ғ.), ки технологияҳои иттилоотии муосир дорад, қодир аст ин ҷомеаро созмон диҳад ва онро идора кунад. Ва, давлате, ки чунин технологияҳои иттилоотиро доро нест, хоҳу нохоҳ дар зери таъсири сиёсати пешгирифтаи ҷомеаи иттилоотӣ, таҳиягарони он қарор мегирад.
-Иттилоотонӣ, бешубҳа падидаест мусбат. Чаро Шумо нисбати он назари махсусе доред?
Иттилоотонӣ - падидаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникии глобализатсия, тақвияти сатҳи огоҳии ҷамъият тавассути компютеркунонӣ ва рушди системаҳои идоракунӣ ва алоқа мебошад. Иттилоотонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70-ум қарни ХХ оғоз шуда буд. Нахуст ин раванд чун раванди соф техникӣ, яъне таъмин бо мошинаҳои электронии ҳисоббарор (МЭҲ) ва техникаи ёрирасон амалӣ мешуд.
Аз Госплани ҶШС Тоҷикистон то вазоратҳою идораҳо марказҳои ҳисоббарор доштанд. Тибқи консепсияи он замон мақсади иттилоотонӣ коркарди (механикии) маводи бузургҳаҷми оморӣ, муҳосибӣ, идоравӣ буд ва танҳо. Ин раванд даҳсолаҳо идома ёфт ва, бешубҳа, босамар буд. Дар ҷаҳони имрӯза ба туфайли глобализатсия иттилоотонӣ мазмуну маънои дигар – мазмуни иҷтимоӣ пайдо карда, ҷузъи воқеии сиёсати иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ гаштааст.
Иттилоотонӣ имрӯз, бояд дар назар дошт, ки дар баробари он, ки босамар ва зарур аст, балки раванди ногузир, зуҳуроти ҳатмии глобализатсия аст ва з-ин сабаб паҳлӯҳое низ дорад, ки донистану огоҳ будан аз он шарти зарурии таъмини амнияти иттилоотист.
1. Иттилоотонӣ барои боз ҳам жарфтар шудани тафовути байни давлатҳои муттараққӣ ва давлатҳои дар зинаи гузариш қарордошта мусоидат менамояд.
2. Иттилоотонӣ ба мутаҳҳидсозии гурӯҳҳои мухталифи одамон аз давлатҳои гуногун ва ташкили «иттиҳодияи иттилоотӣ» меоварад. Ин иттиҳодия, ки ба ягон давлат мансуб нест, дар баъзе мавридҳо метавонад ҳамчун қуввае зуҳур ёбад ва вобаста аз сохтору ҳадафҳои дохилии худ алайҳи ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо истифода шавад.
Аз нигоҳи мо ин паҳлӯҳои иттилоотонӣ боиси нигаронист, зеро истифодаи ноӯҳдабаронаи он метавонад ба амнияти иттилоотӣ осебе, зараре биоварад.
-Дар бораи амнияти иттилоотӣ чӣ гуфтаниед?
Мутаассифона, дар Тоҷикистон алҳол эҳсоси эътирофи сиёсати давлатии иттилоотӣ чун ҷузъи муҳимтарини сиёсати давлатӣ қавӣ нест ва аз ин сабаб вазъи ин самти муҳими сиёсати давлатӣ, алалхусус маҳаки он – амнияти иттилоотӣ ташвишовар аст. Дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба васоити техникии таъмини амнияти иттилоотӣ бештар аст. Баъзан амнияти иттилоотиро бо мафҳуми ҳифзи иттилоот ҳаммаъно ва бо ин доираи онро маҳдуд менамоянд.
Мо махсус таъкид карданием, ки фазои иттилоотӣ – ин натанҳо фазои физикӣ, балки фазои иҷтимоист ва он объекти амнияти иттилоотӣ аст. Амнияти иттилоотӣ ҷузъи амнияти системаи сиёсии давлат аст. Амнияти иттилоотӣ бо он узван алоқаманд аст, аз вазъи он вобаста аст ва дар баробари ин ба он метавонад таъсир расонад.
Дар системаи амнияти иттилоотӣ узви асосӣ, ва дар баробари ин, осебпазиртарини он инсон аст. Аз ҳамин сабаб ҳадафи асосии бархурдҳо ва дигар амалиёти ғаразноки иттилоотӣ инсон, мафкураи ӯ, рафтору кирдори ӯ, ҷаҳони ботинии ӯ, ахлоқи ӯ ва дигар хусусиятҳои психологии ӯст. Дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ низ мубориза дар атрофи боз ҳам фарохтар, зиёдтар, жарфтар таъсир расонидан ба инсон сурат мегирад.
- Таъсири фазои иттилоотии феълии Тоҷикистон ба амнияти иттилоотии кишвар чӣ гуна аст?
-Фазои иттилоотии ғаразноке, ки чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар таҳия ва дастгирӣ мешавад, ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон бетаъсир намемонад. Он тавассути амалиёти гуногуни иттилоотӣ тарҳрезӣ ва амалӣ мегардад. Ҳадафҳои ин амалиёт ба соҳаҳои зерини ҳаёти сиёсӣ‑иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон осеб ворид кардан аст:
1. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон.
2. Сиёсати энергетикии Тоҷикистон.
3. Имиҷи иттилоотии Тоҷикистон.
Беэътиноӣ ба амнияти иттилоотӣ, беназоратӣ дар амнияти иттилоотӣ метавонад барои зуҳур ва авҷи равандҳои номатлуб замина фароҳам орад, ба монанди:
-агрессияи (таҷовузи) иттилоотӣ‑психологӣ,
-идоракунии пинҳонии (пӯшидаи, мастури) равандҳои иттилоотӣ бо роҳи вобастагии иттилоотӣ ва тасарруфи иттилоотӣ.
Ташвишовар он аст, ки агрессия ва муборизаи иттилоотӣ метавонанд дар зери ниқоби равандҳои иҷтимоӣ-сиёсии ҳаммаъно густариш ёбанд. Тарафи аз ин зарардида ҳатто пайхас намекунад, ки сабаби асосии шикасти сиёсӣ ё иҷтимоии он бевосита бӯҳрони сиёсӣ набуда, балки он қувваҳоеанд, ки инро иқтидор бахшидаанд ва аз берун идора карда шуда буданд.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>