16:34:32 26-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/11_--01-a-aaaaansori_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/11_--01-a-aaaaansori_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/11_--01-a-aaaaansori_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/11_--01-a-aaaaansori_2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/11_--01-a-aaaaansori_22.jpg'

«АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ҶТ» - 1

-Экспансия ва агрессияи иттилоотӣ чӣ мафҳумҳое ҳастанд?

 

Экспансияи (тасарруфи) иттилоотӣ амалиёти махсусест, ки барои таъмини манфиатҳои давлатӣ бо роҳи воридшавии бемонеа ба соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва рӯҳии ҷамъият, тағйирдиҳии ноаёни системаи муносибатҳои иҷтимоӣ ба намунаи сохта, сунъӣ, тангкунии идеологияи миллӣ ва ивази он бо идеологияи сохта, сунъӣ ва ё таъмини назорат аз болои сохтори иттилоотӣ‑коммуникатсионӣ ва ВАО-и давлатӣ ба даст меояд.

 

Агрессияи иттилоотӣ амалиётест, ки барои расонидани осеби мушаххас дар соҳаи алоҳида равона шудааст. Дар айни замон, соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ‑иҷтимоии Тоҷикистон: сохтмони НБО-ҳо, мубориза алайҳи маводи мухаддир, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғ. дар ВАО-и хаттию электронии баъзе мамолики наздику дур мавриди агрессияи иттилоотӣ қарор гирифтаанд.

 

Мехостам махсус чанд сухане дар бораи аслиҳаи иттилоотӣ бигуям. Аслиҳаи иттилоотӣ маҷмӯи махсуси васоитест, ки барои таъсири иҷборӣ ба фазои иттилоотӣ ворид мешавад ва барои расонидани осеб ба манфиатҳои сиёсӣ, миллӣ, иҷтисодӣ ва ғ. равона шудааст. Нисбати Тоҷикистон аслиҳаи иттилоотии паҳншуда - овозаҳо, варақаҳо ва ғ. истифода мешаванд. Намудҳои аслиҳаҳои иттилоотӣ хело гуногунанд.

 

Мисоли хотирмон ин заминларзаи «иттилоотӣ», аниқаш, (Смартмоб – аз калимаи англисии smart mob -издиҳоми боақл — шакли худсохторшудаи ташкилоти иҷтимоии одамон, ки бо истифода аз технологияҳои қавӣї таҳия шудааст) дар саросарии Тоҷикистон (9 январи соли 2009), ки садҳо ҳазор сокинонро ба ташвиш андохт ва сарсону саргардон кард, мебошад.

 

Аз ин гуна истифодаи шӯхиомези (Ин «шухӣ», эҳтимол, як машқи омўзишӣ бошад. Ин гуна амалиёт, яъне истифодаи аслиҳаи иттилоотӣ, одатан аз ҳодисаҳои мароқангез ё аҷоиб сар мезананд. Масалан, дар Хитой 22 ноябри соли 2005 соати 15:55 анқариб 200 нафар дар майдони Женмини Шанхай яку якбора шах шуданд ва ҳамин тавр беҳаракат 5 дақиқа монданд. Мисоли дигар, тазоҳурот ва бетартибии оммавии донишҷўён дар Чили (2006). Дар Филиппин смартмоб ҳатто сабаби истеъфои президенти ин кишвар гардида буд (2001) ва ғ. Муаллифи ин истилоҳ Г.Рейнголд, эҳтимол, аз чунин истифодаи смартмоб чашмдор набуд, гарчанде, ки чунин тарзи таҳия ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳанўз соли 1992 (то оғози воқеии Интернет) истифода шуда буд: дар Кореяи Ҷанубӣ издиҳоми донишҷўёни тазоҳуротгар тавассути телефон идора карда мешуд (Dalpino, 2000).) аслиҳаҳои иттилоотӣ то ҳодисаҳои харобиовари Молдова (апрели соли 2009) тафовути зиёде нест, зеро онҳо аз нигоҳи технологияи амал якхелаанд.

 

Намудҳои аслиҳаҳои иттилоотӣ гуногунанд. Усулҳои таъсири ноаён ба психологияи инсон (бозиҳои компютерии ғараздор, маҳсулоти махсуси аудио-, видеоӣ, таъсири манипулятивӣ ба аҳолӣ ва ғ.) низ яке аз ин намудҳоянд.

 

Дар адабиёти бахшида ба амнияти иттилоотӣ чунин қабул шудааст, ки истифодаи аслиҳаи иттилоотӣ худ нишонаи бархурди иттилоотист (информационная война). Ва бояд иқрор шуд, ки бархурди иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон кайҳо оғоз гардидааст, дар айни замон давом дорад ва аз он ки онро мо зудтар эътироф менамоем, қабул мекунем, муваффақият дар ин истодагарӣ, самаранокии мубориза бар муқобили он вобаста аст.

 

-Вазъи ташвишовари амнияти иттилоотии Тоҷикистон дар чӣ зуҳур меёбад?

 

1. Имиҷи иттилоотии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ дар сатҳи муносиб нест;

 

2. Таносуби нобаробари ҳаҷми иттилооти манфӣ нисбати Тоҷикистон дар муқоиса бо иттилооти мусбат ва воқеъбинона.

 

3. Дар дохили Тоҷикистон ривоҷ ёфтани манбаъҳои таҳия, паҳнкунӣ ва нигоҳдории иттилооти ба амнияти иттилоотӣ таҳдидкунанда.

 

Таҳлили вазъи амнияти иттилоотӣ ба чунин хулоса меорад, ки сиёсати давлатии иттилоотӣ, амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити кунунӣ, ба муҳити торафт шиддатёбандаи иттилоотӣ, амалиёти ғаразноки иттилоотӣ нисбати Тоҷикистон мувофиқати комил надорад ва ҷиддияти назар ва аҳамияти махсусеро металабад.

 

Ба назар мерасад, ки на танҳо ВАО-и давлатӣ, балки ВАО-и хусусӣ дар дарки сиёсати иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ таҷрибаи кофӣ надоранд. Дар аксар мавридҳо дар ВАО саросар иттилои аз сарчашмаҳои хориҷӣ кур-курона кӯчонида шуда тутивор такрор ва интишор мешавад, садо медиҳад, пешкаш мегардад. Инро мо «эффекти Комбат» номидем.

 

Нонхураке, ки «Комбат» (як намуди заҳри зиддиҳашарот)-ро мехўрад (онро ғизо пиндошта) заҳролуд мешавад. Вақте, ки он ба маконаш, ба назди «аҳли ҷамъият» бармегардад, онҳоро низ заҳролуд мекунад. Миқёси заҳролудшавии ҷамъияти нонхуракҳо аз миқдори заҳролудшудагон вобаста буда, дар баъзе ҳолат метавонад бо прогрессияи геометрї хело зуд ва босуръат афзояд. Истифодаи овоза низ умед аз ин эффект бастан аст .

 

Қазоват кунед: чи тавр метавон иттилое, ки дар давлати дигар, дар муҳити сиёсии (иттилоотии) он, бо назардошти, албатта, манфиатҳои давлатии он таҳия шудааст, дар фазои иттилоотии худ паҳн намуд ва, зиёда аз он, такрор ба такрор!? Дар ҳолате, ки дар он бечуну чаро матлаби сиёсии давлати бегона мавҷуд аст. Дар ин ҷо ба ҳеҷ ваҳҷ баҳонаи набудани манбаъҳои ватанӣ, технология, имкониятҳои дарёфти иттилоои тоза сабаб шуда наметавонад.

 

- Яъне Шумо гуфтаниед, ки аз ВАО-и хориҷӣ истифода накунем?

 

Не, ҳаргиз не! Маро дуруст фаҳмед. Радиои Озодӣ низ баромади маро дар Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон нодуруст шарҳ дода нигоштааст, ки ««озодӣ» ба амнияти иттилоотӣ зарар дорад». Аз иттилооти ВАО-и дигарон бояд  истифода кард, вале аз диди сиёсати иттилоотии Тоҷикистон!

 

Мисоле меорам: дар ВАО-и Россия ахборе интишор мешавад, ки «пойман еще один таджик с 2 кг героина в желудке». Дар мо онро айнан тарҷума ва интишор менамоянд: «боз як тоҷик бо 2 кг героин дар меъда дастгир шуд». Ин мисоли бесаводии иттилооти мост. Аён аст, ки Тоҷикистон дар шоҳроҳи (трафики) маводи мухаддир ҷой гирифта. Бо истифода аз қаламрави мо ин мавод интиқол мешавад. Яъне, он тоҷики дастгиршуда тӯъма аст!

 

Хабари дар боло оварда дар мо бояд чунин интишор гардад: «Боз як ҳамватани мо тӯъмаи раванди интиқоли героин шуд». Агар аз ҳавлии Шумо дузде убур карда хонаи маро ғорат кунад, айби Шумо чист? Чаро моро дар трафики маводи мухаддир айбдори асосӣ мешуморанд, дар ҳолате, ки мо худ ҷабрдида асосием! Ба мо бояд ёрӣ расонанд то алайҳи он мубориза барем, на ин ки баръакс – гуё мо онро истеҳсол ва интиқомекарда бошем. Ин мисолҳо хело зиёданд...

 

-Нақши ВАО-и Тоҷикстон дар пур кардани фазои иттилоотии кишвар чӣ гуна аст?

 

ВАО дар Тоҷикистон  ба озодии ҳуқуқӣ комёб шудаанд, озод аз сензура ҳастанд. Торафт афзудани ВАО-и ғайридавлатӣ тасдиқи амалии ин озодиҳост.  Дар айни замон дар Тоҷикистон ҳаҷми шабонарӯзии пахши телевизиони давлатӣ зиёда аз 70 соат, ҳаҷми пахши радиоӣ – қариб 100 соатро ташкил медиҳад. Ҳаҷми интишори ВАО-и чопии давлатӣ ва хусусӣ сол то сол меафзояд. Дар маҷмӯъ воситаҳои чопӣ ва электронӣ қисми муайяни фазои иттилоотии кишварро ишғол менамоянд.

 

Вале пӯшида нест, ки сифат ва мазмуни онҳо беҳбудиро металабад (Одатан ба маданияти пасти аҳолӣ ишора мекунанд. Вале мушоҳидаҳои холисона баръакси ҳолро нишон медиҳанд. Мисол, ҳангоми намоиши филми «Ҳазрати Юсуф» кўчаю бозорҳои мо холӣ буданд. Инро бо он маънидод карданӣ мешаванд, ки кулли мардуми Тоҷикистон мусулмонанд ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Вале филми дигар, ки баъди чанде пахш шуд – «Имоми Аъзам» ин тавр пазируфта нашуд, зеро дар муқоиса ба завќи тамошобини мо ҷавобгўй набуд. Пас, алоқамандии байни мусулмон будани аҳолӣ ва мавзўи динӣ доштани филм беасосанд. Дар бораи маърифати иттилоотии ҷолиб доштани аҳолии кишвар чунин далел шаҳодат медиҳад. Филми «Дар орзўи падар» хело хуб пазируфта шуд. Ҳатто филми «Беҳуда хорам мекунӣ», ки аз нигоҳи режиссура, таҳия ва ғоя дар муқоиса заиф аст, дар байни аҳолӣ мухлисони зиёде пайдо кардааст. Дар ин ҷо рост меояд, ки дар бораи заифии бозори иттилоотӣ сухан кунем.).

 

Истифодабарии иттилоъ (шунаванда, тамошобин, хонанда) бо он қаноатманд намегардад ва тавассути антеннаҳои моҳворавӣ талаботи иттилоотии хешро дар фазои иттилоотии бегона қонеъ мегардонад, рӯзномаю маҷалла, маводи ғайриватаниро харидорӣ мекунад, сайтҳои хориҷиро мутолиа менамояд ва ғ.

 

ВАО-и мо на он қадар ҷолиб аст. Бубинед, мониторинги форумҳои баъзе сайтҳо (2009) чунин нишон дод:

 

Сайт

Интишорот

Эрод (отклик), ба ҳисоби миёна

centrasia.ru

254

9,2

ozodi.tj

531

12,7

?

-

?

 

Савол дар ҷадвал ин ҷои сайтҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ аст. Онҳо дар баробари сайтҳои номбаршуда рақобат карда наметавонанд.  Таҳлили баъзе сайтҳо аз лиҳози мундариҷаи пахш аҷоиб аст:

Мундариҷаи баъзе сайтҳо (2008-2009)

 

Сайт

Интишори таҳлилӣ

Интишори иттилоотӣ

Интишори холӣ ва ғ.

centrasia.ru

64,2

30,2

5,6

ozodi.ru

82,1

10,9

7,0

asiaplus.tj

51,6

46,3

2,1

khovar.tj

20,0

74,1

5,9

ruzgor.tj

45,7

37,9

16,4

 

Ё ин ки таҳлили дигаре, ки сифати сайтҳои мақомоти ҳокимияти давлатиро нишон медиҳад:

Мониторинги 45 сайти мақомоти ҳокимияти давлатӣ (май, 2009)

 

Талабот

%

Ҷавобгӯйи талабот

0,0

Форум

0,0

Фоизи сайт ба тоҷикӣ

72,4

Сайтҳои холӣ (танҳо ном)

32,1

 

Пас, хонандаи мо бештар дар зери таъсири кадом сайт аст?

 

- Ба фикри Шумо, дар шароити имрӯза дар назди давлат кадом вазифаҳои муҳиме дар соҳаи амнияти иттилоотӣ меистад ва онҳоро чӣ гуна ҳаллу фасл бояд кард?

 

Вазифаҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ бояд инҳо бошанд:

 

1. Таъмини ҳимояи сазовори манфиатҳои иттилоотии кишвар.

 

2. Истодагарӣ алайҳи агрессияи иттилоотӣ ва экспансияи иттилоотӣ.

 

3. Таъмини иттилоотии равандҳои муҳими сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ.

 

Амалисозии амнияти иттилоотӣ аз эътирофи сиёсати иттилоотӣ чун ҷузъи томи сиёсати давлатӣ, дарки усули иттилоотии идоракунии давлатӣ ҳамчун усули муҳимтарини идоракунии давлатӣ бармеояд. Барои ин, ба назари мо, андешидани чунин чораҳо зарур аст:

 

1.  Ҳокимияти сиёсӣ бояд эътироф намояд, ки пояҳои иттилоотӣ (амнияти иттилоотӣ) аз нигоҳи аҳамият аз пояҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ камтар нестанд, ва танҳо эътирофи ҳарчи таъҷилии он метавонад ба таҳия ва амалисозии фаъолияти самараноки таъмини амнияти иттилоотӣ асос гузорад. Фардо дер хоҳад шуд (Тавре, ки дар табиати ҳаётӣ вакуум нест ва намешавад, агар пайдо шавад ҳам зуд пур хоҳад шуд, шабеҳ ба ин фазои иттилоотӣ низ холӣ нахоҳад монд ва вакууми иттилоотӣ зуд бо иттилои дигар (бегона, сохта, сунъӣ, махсус ва ғаразнок таҳияшуда ва монанди ин) пур хоҳад шуд).

 

2. Вогузории вазифаҳои таҳия, таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати давлатии иттилоотӣ ба сохтори мушаххаси давлатӣ дар асоси риояи ваколатҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ.

 

3. Нашри рӯзномаи (газетаи) ҳаррӯзаи арзон ва таъмини дастрасии саросарии саривақтии он.

 

4. Таъсис додан ва дар хориҷи Тоҷикистон  паҳн кардани рӯзнома, ҳафтанома ва маҷаллаи ҳармоҳа ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ).

 

5. Тақвияти заминаи моддӣ‑техникӣ ва кадрӣ, алалхусус самти таҳлилии АМИТ‑Ховар.

 

6. Рушди сиёсати Интернет ва истифодаи пурраю васеъ ва мунтазами он.

 

7. Ташкили сохтори муташаккили махсус барои вокуниши муназзам ба амалиёти ғаразноки иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон.

 

8. Тағйири методологияи тайёркунии кадрҳои журналистӣ, тарбияи мутахассисоне, ки ба дарки сиёсати давлатии иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ қодиранд.

 

9. Такмили ихтисоси кормандони масъули бахши сиёсати иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Вақти он расидааст, ки консепсия ё доктринаи боздории иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия  намоем (Боздории иттилоотӣ – шабеҳ ба боздории ядроӣ (ядерное сдерживание), ки тавозуни сиёсию ҳарбии давлатҳои абарқудратро дар қарни ХХ таъмин мекард. Дар шароити махсуси сиёсати иттилоотӣ, яъне, шароити маҳдудияти имкониятҳо дар муборизаи иттилоотӣ танҳо боздории иттилоотӣ метавонад механизми самараноки амалияи сиёсати иттилоотӣ бошад).

 

Амният гаронарзиш аст. Амният набояд арзон бошад. Амнияти иттилоотӣ дар системаи идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷои сазовор ва мавқеи муҳимтареро ҷоиз бошад.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/1909-l-r.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ