ТАЪСИРИ ҚАЗИЯИ ДОДГОҲӢ БАР ФАЪОЛИЯТИ СЕ НАШРИЯ
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҷаласаи навбатии расидагӣ ба қазияи нашрияҳои “Asia-Plus”, “Фараж” ва “Озодагон” тасмим ба арзёбии забоншиносии матни мақолае гирифт, ки боъиси ин қазия шудааст. Амридин Сафоев, қозии додгоҳ, баррасии ин қазияро то анҷоми натиҷаи арзёбӣ мавқуф гузошт. Оқои Сафоев гуфт, ки ин арзёбӣ тавассути кормандони пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон анҷом хоҳад гирифт ва забоншиносон бояд матни мақолаҳоро таҳқиқ ва “нукоти тавҳиномези он"-ро мушаххас кунанд.
Қазияи додгоҳӣ дар қиболи се нашрия ҳудуди чаҳор моҳ пеш оғоз шуд. Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев, додрасҳои Додгоҳи олӣ ва Фахриддин Додоматов, қозии додгоҳи шаҳри Душанбе, ин се нашрия ва Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъро ба ворид кардани латма ба шаъну ва эътиборашон муттаҳам кардаанд ва се нашрияро ба додгоҳ кашидаанд.
Чопи гузориш аз нишасти матбуъотии Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъ дар нашрияҳои “Asia-Plus”, “Фараж” ва “Озодагон” боъиси бурузи ин моҷаро ва қазияи додгоҳӣ шуд. Оқои Ҷӯраев дар ин нишаст дар авоили моҳи январ ҳукме дар қиболи 33 сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғдро, ки дар ҷаласаи додгоҳ таҳти раёсати Нур Нуров, қозии Додгоҳи олӣ, содир шуда буд, ғайримунсифона талаққӣ кард.
Таъсири манфӢ ба кори ҳирфаӢ
Дар ҳамин ҳол, сардабирони нашрияҳои “Asia-Plus”, “Фараж” ва “Озодагон” мегӯянд, ки кашмакашҳои тӯлонии додгоҳӣ ба фаъолияти ҳирфаии кормандони онҳо таъсироти ногуворе бар ҷой гузоштааст. Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “Asia-Plus”, мегӯяд, ки нашрияи онҳо кормандони зиёде надорад ва дар ҳоле ки вай гирифтори ҳалли масоили зиёде дар робита бо ин додгоҳ аст, ба кори аслиаш дасташ намерасад.
Оқои Мамадшоев афзуд: “Ба ин далел теъдоди нашри “Asia-Plus” коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин хабарнигорон ҳоло дар навиштани гузоришҳо аз бим дар бархе авқот даст ба худсонсурӣ мезананд.” Ҳамчунин, ин масъули нашрияи “Asia-Plus” мегӯяд, ки қазияи додгоҳӣ ба саломати вай низ таъсироти манфӣ гузоштааст.
Ҳарчанд ба назар мерасид, ки оқои Мамадшоев воқеъан аз ин қазия хаста шуда ва каме ассабонӣ буд, вале Зафари Сӯфӣ, сардабири “Озодагон”, нисбатан оромтар ба назар мерасид. Оқои Суфӣ гуфт, ки қазияи додгоҳӣ ба кори ҳирфаии хабарнигорони нашрияи вай, бавижа ба худсонсурии онҳо таъсир нарасондааст.
Аммо вай афзуд: “Аз назари тирожи нашрияи “Озодагон” ин қазия таъсири баде расондааст, аммо ба муҳтавои гузоришҳои мо ҳеҷ таъсире нагузоштааст. Вале ба ҳангоми интихобот мо метавонистем матолиби бештаре нависем, вале гирифторӣ бо ин қазия, вақти бештарамонро гирифт.”
Оқои Суфӣ мегӯяд, ки дар ин муддат нашрияи онҳо ҳудуди як ҳазор хонандаро аз даст додааст. Ба эътиқоди Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж”, “таъсироти манфие, ки қазияи додогоҳӣ ба фаъолияти онҳо расондааст, ҳатман дар баёнияи онҳо бозтоб хоҳад ёфт.”
Оқои Атовулло мегӯяд: “Алббата, мо баъд аз оғози додгоҳ маҷбур будем то анҷоми он дар мавриди қазияи додгоҳи Исфара ва афроди дахил дар он дигар матлабе нанависем. Ҳамчунин, ман шахсан тасмим гирифтам, ки то муддате аз пахши матолиби танқидӣ дар мавориди мухталиф даст кашем.”
Сардабирони нашрияҳо мегӯянд, ки онҳо дар ин чанд моҳ дарк кардаанд, ки танҳо нестанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамарӯза афроди алоҳида ва масъулони созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ бо онҳо дар тамос ҳастанд ва ҳамдилии худро бо онҳо иброз медоранд.
Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи бархе аз соҳибназарон, фишори давлат бар матбуъоти озод ва монеътарошӣ дар роҳи озодии баён дар Точикистон боъиси ташдиди худсонсурии хабарнигорон ва дар натиҷа адами тарҳи масоили доғи ҷомеъа дар нашрияҳо шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2305-2010-05-16-16-50-53.html