| ТВ «САФИНА» ЯКЕ АЗ ШАБАКАҲОИ МАШҲУР ДАР ХОРИҶИ КИШВАР |
| Мақолаҳо - Матбуот | |||
| 16.07.2010 13:34 | |||
|
Муассисаи давлатии ТВ «Сафина» ҳамчун дастгоҳи идеологии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар муддати шаш моҳи сипаригардидаи соли равон ба қадрӣ имкон чорабиниву рӯйдодҳои гуногунсатҳи давлатию ҷамъиятиро инъикос намуд.
Вобаста ба ин рӯйдодҳои муҳим шурӯъ аз гузоришу маводҳои иттилоотиву барномаҳои алоҳидаи таҳлиливу маърифатӣ бо ширкати коршиносони соҳа таҳия ва манзури бинандагон гардонида шуд, таъкид гардид дар нишаст.
Рӯи эфир омадани барномаҳои ҷадиду тоза ва корбасти дигаргуна дар банду басти барномаҳои доимӣ нишони ҷаҳду талоши кормандони муассиса дар самти беҳтарсозии сифати маводи пешниҳодшавандаи телевизионӣ маънидод гардид. Тарҷума ва дубляжи филмҳои гуногунжанр хуб ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба суоли хабарнигорон дар мавриди ҷалби кадрҳои ҷавон ба тарҷума ва овоздиҳии нақшҳо дар филмномаҳо Лутфулло Давлатов изҳор дошт, ки ТВ «Сафина» омода аст бо ҳамаи муассисаву идораҳои омодасозии мутахассисони соҳаи фарҳангу ҳунар, шахсони алоҳида ҳамкории амиқро ба роҳ монад. Дигар паҳлӯҳои фаъолияти телевизион низ дар мулоқоти масъулини муассиса бо хабарнигорон мвриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Лутфия Эшонқулова, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2691--lr-------.html
|











