ШӮРОИ ВАО ҲАФТАНОМАИ «ПАЙКОН»-РО ОГОҲӢ МЕДИҲАД
Шӯрои ВАО ҶТ аризаи профессор А.Нуралиевро перомуни мақолаи Бекназари Абӯбакр «Чаро декан хоҳиш кард?», ки дар ҳафтаномаи «Пайкон» 5 майи соли 2010 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Шӯро ба хулоса омад, ки дар мақолаи мазкур бандҳои 1,2,3,4,7, ва 16-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолитяти журналистӣ дар Тоҷикистон риоя нашудаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби нашрияи «Пайкон» гуногунандешӣ, тавозуни назарҳо, баёни беғаразонаи андеша, эҳтиром ба шаъну шараф ва эътибори шахс ба эътибор гирифта нашудаанд.
Дар ин нашрияи «Пайкон» (2 июни соли 2010) дар ҳошияи посухи А. Нуралиев бо номи «Чаро Бекназари Абӯбакр «панҷ» нагириф?» шарҳи БМСТЖ, ки марбут ба «Пайкон» мебошад, чоп шудааст. Дар он низ меъёрҳои ахлоқи журналистӣ вайрон карда шудаанд.
Шӯро нисбати ҳафтаномаи «Пайкон» барои роҳ додан ба камбудиҳо ва хилофи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ амал намудан огоҳии касбӣ эълон мекунад ва ҳафтаномаи мазкурро водор месозад, ки минбаъд ба чунин амал роҳ надиҳад.
Шӯро ҳамчунин аз профессор А.Нуралиев ва дигар омӯзгорон даъват ба амал меорад, ки минбаъд дар асоси санаду рақам ва мақолаҳои ҷудогона хулосаҳои умумӣ набароранд. Қарори мазкур дар ҳамин нашрияҳо чоп карда шавад.
Раиси Шӯрои ВАО И.Усмонов.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2735----lr---.html