ИНТИҚОД АЛАЙҲИ ФИШОР БАР ОЗОДИИ БАЁН
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз давлати ин кишвар хостаанд, ки аз фишор алайҳи озодии баён худдорӣ кунанд. Дар баёнияи муштараки созмони Идораи ҳуқуқи башар ва Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон таъкид ушдааст, ки фишор ва маҳдудият дар озодии баён ба эътибори байналмилалии давлати ин кишвар латмаи ҷиддӣ ворид хоҳад кард.

Дар ин баёния, ки рӯзи 18 сентябр пахш шуд, тақозо шудааст, ки давлат бояд фишорҳо алайҳи ҳафтаномаи мустақили “Фараж”-ро қатъ кунад. Куллия интишороти хусусӣ ва давлатии Тоҷикистон ҳафтаи дуввум ба далоили мухталиф аз чопи шумораҳои ҷадиди ин нашрия худдорӣ мекунанд. Муаллифони баёнияи имрӯз ҳамчунин дархост кардаанд, ки маҳдудият дар дастарсӣ ба бархе аз сойтҳои интернетӣ бояд қатъ шавад. Зимнан, ҳафтаи дуввум аст, ки ширкатҳои ироакунандаи хадамоти интернети дастрасӣ ба сойтҳои хабарии “Авеста”, “Тоҷнюз”, “Фергана.ру”, “Сентрязия.ру” ва “Tjknews.com”-ро масдуд карданд.
Масъулони ин ширкаитҳо мегӯянд, ки аз сӯйи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон дар бораи масдуд кардани ин сойтҳо дастур гирфитаанд. Вале Бек Зуҳуров, муъовини ин вазоратхона гуфтааст, ки маҳдудияти дастрасӣ ба ин сойтҳо ба мушкили фаннӣ марбут аст. Дар баёнияи имрӯзи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Қонуни асосии ин кишвар озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоъ ва адами сонсур дар ин кишварро кафолат додааст. Ҳамчунин ба тааҳҳудоти байналмилалии давлати Тоҷикистон дар инн замина ишора шудааст.
Муаллифони ин баёния ҳушдор додаанд, ки соли 2011 давлати Тоҷикистон бояд ба Созмони Миллали Муттаҳид гузориш дар бораи риояи ҳуқуқи башар дар ин кишварро ироа кунад. Ба эътиқоди нависандагони ин баёния, идомаи раванди фишор ва маҳдудсозӣ дар заминаи озодии баён метавонад ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон таъсиргузор бошад. Зимнан, мавзӯъи бозтоби ҳаводиси фирори зиндониён аз боздоштгоҳи амниятӣ дар шаҳри Душанбе ва амалиёти нерӯҳи давлатӣ дар шарқи ин кишвар алайҳи пайкорҷӯён боиси ихтилофоте миёни расонаҳо ва мақомоти давлатӣ шуд.
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон хабарнигоронро дар “пуштибонӣ аз теруристҳо” муттаҳам кард. Хабарнигорон зимни интиқод аз ин изҳори назари женрол Хайруллоев аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон хостори расидагӣ ба ин қазия шуданд. Президент Раҳмон низ зимни суханронии ахири худ дар ҳузури фарҳангиён гуфт, ки бархе аз расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон “ба гунаи солҳои 90-ум ҷангҷӯ шудаанд ва ба онҳо рехтани хуни тоҷик аҳамият надорад”. Оқои Раҳмон ҳамчунин ҳушдор дод, ки “набояд ба умеди хоҷагони хориҷӣ шуд”.
Дар ҳамин ҳол масъулони созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва масъулони бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ эълом карданд, ки дар зудтарин фурсат дар робита ба фишор алйҳи озодии баён дар Тоҷикистон баёнияе пахш хоҳанд кард. Вале дар ҳамин ҳол гузориш шудааст, ки Дунйа Мийатович, масъули озодии баён дар Созмони Амният ва ҳамкории Урупо бо ирсоли номае унвонии Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон аз фишорҳо алайҳи расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Хонум Мийатович изҳори умедворӣ кардааст, ки давлати Тоҷикистон ба тааҳҳудоти худ дар заминаи озодии баён содиқ мемонад ва аз фишор ва маҳдудиятҳо алайҳи расонаҳои гурӯҳӣ худдорӣ хоҳад кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/3376-2010-10-18-12-27-13.html