02:54:29 01-уми Июни 2025 сол

ҲИМОЯТИ ГУЗОРИШГАРОНИ БИДУНИ МАРЗ АЗ "ASIA-PLUS"

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи нашрияи "ASIA-Plus" аз сӯйи як мақоми пулиси Тоҷикистонро маҳкум кардааст. Ин созмон ҳамчунин аз ниҳодҳои қазоии Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар заминаи озодии баён ва дастёбӣ ба иттилоъот хотима диҳанд ва ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эҳтиром гузоранд.

 

reportersҚаблан Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон зимни интишори баёнияе муштарак аз пайгарди қазоии ин ҳафтанома аз сӯйи Анвар Тағоймуродов, раиси Идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буданд. Ҳамакнун, Гузоришгарони Бидуни Марз низ ба ин ду созмон пайваста ва ин амалро навъе нақзи муқаррароти байналмилалӣ ва қавонини Тоҷикистон дар бораи озодии баён талаққӣ кардааст.

 

Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон зимни интиқод аз ин иқдоми оқои Тағоймуродов аз Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари интизомӣ даъват карда буданд, ки ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз мавориди нақзи қавонин дар заминаи дастрасии мардум ба иттилоъот ва озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.

 

Зимнан, дар пайи чопи матлабе аз Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus” таҳти унвони "Бозрасӣ ё инкивизитсия (истинтоқ)?" дар 21 декабри соли гузашта дар мавриди истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ оқои Тағоймуродов ин нашрияро ба "таҳвину бӯҳтон" муттаҳам кардааст. Ӯ нашрияи “ASIA-Plus”-ро ба яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе кашида ва тақозои пардохти ғаромат ба миқдори 1 милюн сомонӣ ё муъодили 165.625 юруро кардааст.

 

Ҳамчунин, Анвар Тағоймуродов хонуми Мирзобекова ва хабарнигорони дигарро ба пӯшиши муғризонаи инфиҷори авоили моҳи сентябр дар шаҳри Хуҷанд муттаҳам карда ва гуфтааст, ки "онҳо аз қасди бади ин афрод иттилоъ доштанд ва мумкин аст бо онҳо робита дошта бошанд." Ба гуфтаи Марат Мамадшоев, сардабири “ASIA-Plus”, ба дунболи шикояти Анвар Тағоймуродов Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ин нашрия, ба додситонии кулли Тоҷикистон даъват шуда ва мавриди бозпурсии як маъмури додситонӣ қарор гирифтааст.

 

Ба гуфтаи хонуми Мирзобекова, ин маъмур аз ӯ умдатан дар бораи манобеъи хабариаш суол кардааст. Бар асоси моддаи 19-и Қарордоди байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон онро дар соли 1999 имзо кардааст, "ба ҳар нафар озодии баён, ҳаққи озодии ҷустуҷӯ, дарёфт ва инъикоси иттилоъот дар шакли лафзӣ, катбӣ ё чопӣ" замонат дода шудааст.

 

Афзун бар ин, дар моддаи 30-и Қонуни асосии Тоҷикистон низ чунин замонат ба ҳар шаҳрванд дар заминаи озодии баён ва истифода аз куллияи манобеъи иттилоъотӣ дода шуда ва сонсури давлатӣ ва таъқиб барои интиқод мамнӯъ эълом шудааст. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, ки афзоиши мавориди таъқиби хабарнигорон ва пайгардҳои қонунӣ алайҳи онҳо намоишгари он аст, ки ҳадаф аз ин иқдом бештар на ислоҳи иштибоҳот ё тантанаи адолат, балки хотима додан ба нашри матолиби интиқодӣ ва хомӯш сохтани нашрияҳои мухолиф аст.

 

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Гузоришгарони Бидуни Марз, фишори афзоянда бар нашрияҳои мустақил боъиси маҳдуд шудани озодии баён ва афзоиши худсонсурӣ дар Тоҷикистон шуда ва ба эътбори байналмилалии ин кишвар низ латмаи ҷиддӣ хоҳад зад. Ҳарчанд дар гузашта низ мавориди ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил аз сӯйи мақомот ва афроди гуногун дар Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида расида, вале ба навиштаи Гузоришгарони Бидуни Марз, корзори густардаи саркӯби хабарнигорон ва сонсури матбуъот дар пайи ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба мошинҳои вазорати дифоъ дар авохири моҳи сентябри гузашта оғоз шудааст.

 

Ин созмон ёдовар мешавад, ки ба дунболи ин ҳодиса Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, аз шеваи пӯшиши ин ҳодиса дар нашрияҳои мустақил башиддат интиқод карда ва 17 созмони расонаиро ба "ҳамдастӣ бо терруристҳо" муттаҳам кардааст. Дар пайи ин, ниҳодҳои молиётӣ чанде аз нашрияҳои мустақил ва чопхонаҳоро бозрасӣ карданд ва фаъолияти чанд нашрия барои муддате мутаваққиф шуд. Дар моҳи октябри гузашта мақомот чанд сойти хабариро низ дар Тоҷикистон масдуд карданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4349-himoyati-guzorishgari-biduni-marz.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854