03:36:32 01-уми Июли 2025 сол

НИГАРОНИИ АМРИКО АЗ ВАЗЪИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар САҲА вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистонро “мояи нигаронии амиқ” номид. Ян Келлӣ, намояндаи ИМА дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), гуфт, дар чанд кишвари узви ин созмон журналистон бо хатар рӯбарӯянд ва дар даҳ рӯзи охир онҳо мавриди латукӯби шадид, боздошт ва иттиҳоми додгоҳӣ қарор гирифтаанд.

 

journalistАммо вазъ дар Тоҷикистонро, дар ин байн, ҷаноби Келлӣ мавриди “нигаронии амиқ” хонда, гуфтааст, 7-уми феврал дар Душанбе, Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири 60-солаи нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ ва сухангӯи ин ҳизб дар назди хонааш латукӯб шудааст. Сафир дар ҳамомиши кишварҳои узви САҲА дар Вена гуфт: “Мо аз таҳти дил шифои зуди ҷаноби Сайфуллозодаро орзу мекунем, то ба сари кораш бозгардад. Мо ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ин ҳамларо амиқан таҳқиқ кунад ва онҳоеро, ки масъули ҳамлаанд бино ба тамоми нерӯи қонун ба ҷавобгарӣ кашад.”

 

Сафири Амрико фишор ба нашрияҳои мустақили Тоҷикистон аз тариқи додгоҳҳоро як мушкили дигар номид. “Вазорати адлия аз додгоҳ хостааст, бо сабаби тағйир накардани суроғааш дар асноди сабтном ном, ки метавонам изофа кунам, кӯчидани одие аз як ошёна ба ошёнаи дигари биност, маркази таҳқиқи журналистии ҳафтаномаи “Пайкон” баста шавад. Нозирон ҳадс мезананд, вазорат дар пайи муҷозоти нашрия барои мақолаи танқидиест, ки “Пайкон” дар бораи баста шудани фурӯшгоҳи шаҳр бо қарори додгоҳ мунташир кард.”

 

Дар ин фурсат, сафир Келлӣ аз ҳукми дигари додгоҳ, ки бо шикоятиниҳоди давлатӣ “Пайкон”-ро ба пардохти ҷаримаи бузурги пулӣ маҳкум кард, низ ёдовар шудааст. Намояндаи доимии ИМА дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Ян Келлӣ, меафзояд, рӯзи 9-уми феврал додгоҳи шаҳри Душанбе ҳафтаномаи “Миллат”-ро ба пардохти 1500 сомонӣ ё 337 доллар ҷарима барои нашри тӯҳмат дар ҳаққи Вазорати кишоварзӣ маҳкум намуд. Вазорат аз он норозӣ буд, ки нашрия онро “фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ” номидааст. Сардабири “Миллат” ин ҳукмро ноодилона хонд ва гуфт, гузориши нашрия бар асоси пажӯҳиши давлатӣ нашр шудааст.

 

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назриев гуфт, дарвоқеъ рӯзи 17-уми феврал дар ситоди САҲА дар Вена, вазъи озодии матбуот баррасӣ шуд ва сафири доимии Тоҷикистон дар САҲА, Нуриддин Шамсов, посух додааст. Вай афзуд: "Бояд бигӯям, ки дар ин масъалаҳое, ки пеш омадаанд, мо ягон оҳанги сиёсӣ намебинем. Мо худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар тақозо дорем, ки қазияи Сайфуллозодаро ҳамаҷониба баррасӣ кунанд ва масъалаи "Пайкон" як масъалаи ҳуқуқист ва қазияи "Миллат" баррасӣ шуд, боз хоҳем дид, чӣ мешавад. Додгоҳҳои мо мустақиланд ва масъалаҳо дар доираи қонун ҳаллу фасл хоҳанд шуд."

 

Ҷаноби Назриев афзуд, Тоҷикистон ба ҳамаи ӯҳдадориҳояш дар созмонҳоит байнулмилалӣ содиқ аст ва ба озодии матбуот арҷ мегузорад. Вай ишора кард, ки вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон назар ба вазъ дар баъзе кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба маротиб беҳтар аст. Аммо дар ҳамоиши САҲА, сафири доимии Амрико, Ян Келлӣ рӯйдодҳои зикркардаи худро “таҳаввулоти нигаронкунандае барои озодии матбуот дар Тоҷикистон” номид ва изофа кард, ки онҳо рӯйдодҳои ҷудогона набуда, баёнгари як раванди ошкороянд.

 

Вай хостори вокуниши ҷиддии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба ин рӯйдодҳо шуд ва таъкид кард, бояд иттиҳомоти тӯҳмат ва пахши иттилои носаҳеҳ аз қонунҳои ҷиноии кишварҳои шӯравии пешин ихроҷ ва баррасии чунин парвандаҳо ба додгоҳҳои шаҳрвандӣ вогузор шавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4476-nigaronii-amrico-az-vazi-journalistoni-tojik.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ