ДОДГОҲҲО НАШРИЯҲОИ МУСТАҚИЛРО ХУШ НАДОРАНД?
Дар як соли ахир 6 даъвои додгоҳӣ алайҳи 8 расонаи мустақил бо талаби ҳудудан 1 865 000 доллар ҷубронпулӣ сабт шудааст. НАНСМИТ ва ё Анҷумани миллии расонаҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки чунин бархӯрд мавҷудияту фаъолияти минбаъдаи матбуоти мустақилро зери суол мебарад.
Танҳо дар моҳи феврали соли равон додгоҳ ду нашрия “Миллат” ва “Пайкон”-ро барои нашри матолиби интиқодӣ дар бораи ду идораи давлатӣ - “Тоҷикстандарт” ва Вазорати кишоварзӣ ба маблағи 67 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима кард. Қазияҳои дигар дар баррасӣ қарор доранд. НАНСМИТ мегӯяд, ҷаримаҳои комилан номувофиқ ба буҷаи нашрияҳо ва талабҳои батакрори қатъи фаъолият дар ҷараёни баррасиҳои додгоҳӣ, аз афзоиши фишор рӯи хабарнигорон гувоҳӣ медиҳад.
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ гуфт, таъқиби додгоҳии журналистҳо ҳам ба обрӯи додгоҳ ва ҳамин тавр ба обрӯи ҳукумати Тоҷикистон латма мезанад.Тамоюли дигар таъқиби рӯзноманигоронест, ки бар пояи матолиби интиқодӣ ба додгоҳ кашида мешаванд.
"МЕХОҲАНД НАШРИЯҲОРО АЗ БАЙН БАРАНД"
Дар як кишваре, ки маоши ҳадди ақал дар он каме бештар аз 50 доллар унвон мешавад, муҷозоти нашрияҳо ба пардохти ҷубронпулиҳои даҳҳо ҳазор долларӣ коршиносони соҳаи матбуотро ба мунсифона будани қарори додгоҳҳо машкук кардааст. Рухшона Олимова, намояндаи Бунёди Сорос дар Тоҷикистон мегӯяд ҷаримаҳои бузургҳаҷм дар ҳоле таъйин мешаванд, ки фоидаи нашрияҳо дар баъзе ҳолат хароҷоти ин расонаҳоро пӯшонда наметавонад:
«Дар сурате, ки дар додгоҳҳо расонаҳоро ба маблағи 1 миллион ва аз он зиёд ҷарима мебанданд, ин ба маънии муфлисшавии нашрия ва аз фаъолият бозмондани он мегардад. Нофаҳмие, ки бештар расонаҳоро ба шиддат нигарон кардааст, амалкарди додгоҳҳо аст, ки мехоҳанд, нашрияҳоро аз байн баранд дар сурате, ки дар додгоҳҳо расонаҳоро ба малбағи 1 миллион ва аз он зиёд ҷарима мебанданд, ин ба маънии муфлисшавии нашрия ва аз фаъолият бозмондани он мегардад. Нофаҳмие, ки бештар расонаҳоро ба шиддат нигарон кардааст, амалкарди додгоҳҳо аст, ки мехоҳанд нашрияҳоро аз байн баранд, Ба ин хотир ҳам мо тибқи як барномаи ҷадид як гурӯҳ адвокатҳоро ба Киев фиристодем то таҷриба андӯзанд ва дар корҳои судӣ аз ВАО пуштибонӣ карда тавонанд."
Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, роҳи ягонаи аз байн бурдани фишор ба матбуот, бозбинии мусаввабаи пленуми Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1992, дар бораи таҷрибаи судҳо ва қонунгузории ин кишвар дар робита ба ҳифзи шарафу эътибори шаҳрвандон ва ташкилотҳо» мебошад.
Вай афзуд: «Ман аз он хушбинам, ки дар ин нишаст намояндаи Суди олӣ бо мо ҳамфикрӣ нишон дод ва мо дар ояндаи наздик тамоми парвандаҳои марбут ба фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигоронро ҷамъ карда таҷрибаи додгоҳиро низ истифода карда як китоби руйи мизӣ мисли таҷрибаи кишварҳои дигари Осиёи Миёна таҳия мекунем, ки ҳам барои хабарнигорон ва ҳам барои судҳо ҳамчун як дастур истифода шавад.»
"ОЗОДИИ СУХАН БА НАЗАР ГИРИФТА НАМЕШАВАД"
Иноят Иноятов, ки дар бисёр мурофиаҳои додгоҳӣ аз хабарнигорон ҳимоят мекунад, мегӯяд мутаассифона қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон дар масъалаи тартиби пешниҳоди даъво оиди ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ, аз ҷумла ҳаҷми боҷӣ давлатиро мушаххас пешбинӣ накардааст.
Ба ин хотир аз васоити ахбори умум дар додгоҳ боҷҳои давлатии ҳангуфт талаб мекунанд: «Мушкилоти дигар ин аст, ки мақомоти ҳифзи қонун аз давраи тафтишот то барраси парвандаҳо дар додгоҳ муқаррароти конститутсиониро оиди озодии суханро на ҳамеша ба эътибор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки Контитутсия озодии суханро ҳамчун озодии асосии инсон кафолат додааст.»
Дар зимн мақомоти давлатӣ низ ба зарарурати бозбинӣ ва ворид намудани таъйғиру иловаҳои мушахас ба қонунгузории ҷории Тоҷикистон оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ нисбат ба расонаҳоро як амри зарурӣ медонанд.
НОРӮШАНИҲОИ ҚОНУНИ МАТБУОТ
Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар ин маврид чунин ибрози назар кард: "Воқеан ҳамин номушаххасиҳову норӯшаниҳо дар қонунҳои ҷорӣ инчунин қонуни матбуот ҳангоми баррасии парвандаҳо мушкил ба бор меорад. Мазури ман тибқи ин ё он банд ба ҷавобгарӣ кашидану ҷарима бастани Васоити ахбори умум ва рӯзноманигорон аст. Бояд ҳарчӣ зудтар ин норӯшаниҳо ва номукаммалиҳо аз миён бардошта шаванд. Ин ҳам ба фоидаи судҳо ва ҳам ба фоидаи Васоити ахбори омма ва ҳам ҷомеа хоҳад буд."
Баҳсу баррасиҳои намояндагони ВАО бо мақомоти давлатӣ, ба хусус ниҳодҳои додгоҳӣ дар ҳолест, ки пешнависи "Қонун дар бораи ВАО" дар дасти баррасии парлумони ин кишвар қарор дорад. Масъулони парлумон низ мегӯянд, ки лоиҳаи қонуни ҷадид ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ дар заминаи фаъолияти озоди расонаҳо дар ин кишвар аст. Аммо расонаҳои мустақил мегӯянд, ба хотири дар чаҳорчӯби мушаххас нигоҳ доштани матбуоти мустақил, аз эҳтимол дур нест, ки шикофҳои зиёд дошта бошад.
Сафаргули Олимӣ, «Озодӣ»