19:41:10 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР КАДОМ ҶАНГИ ИНТЕРНЕТӢ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД?

 /images/stories/2011/07/30_khoma_30.07.2011.jpg

29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди Tajnet- яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудавваре баргузор кард, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи технологияи иттиоолтӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ширкат карданд.

/images/stories/2011/07/30_shahlo-akobirova_30.07.2011.jpgМизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳусни мақтаъ бахшид. Ӯ дар бораи ҳадафу мақсадҳои ин нишаст ҳарф зада иброз дошт, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкаткунандагони он сиёсати рушди технологияҳои муосир, инкишофи иқтидори Tajnet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди Tajnet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъминӣ амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP ва масоили дигарро, ки хеле муҳиманд,  мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар сӯҳбати мизи гирд Муҳаббатшо Рӯзадоров, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, дар бораи сиёсати давлат дар ин самт ва ҷараёни воридшавии технологияҳои навин ба ҳаёти ҷомеъа суханронӣ карда қайд намуд, ки истифодаи Интернет дар ҳаёти рӯзмараи мардуми Тоҷикистон торафт бештару васеътар ҷорӣ мегардад. Дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯро оид ба сиёсати  технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ амал мекунад, ки  дар он мутахассисони шинохтаи ин соҳа кору фаъолият менамоянд.

/images/stories/2011/07/30_ruzadorov_30.07.2011.jpgЯке аз вазифаҳои ин Шӯро агар мусоидат кардан ба густариши ТИК дар ҷомеъа бошад, вазифаи муҳими дигари он аз таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар ин самт  иборат мебошад. Ба гуфтаи М.уҳаббатшо Рӯзадоров истифодаи бо мақсад ва самараноки Интернет дар давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеъа дар ҳалли як проблемаи хеле бузурги давлатдорӣ ва  мардуми Тоҷикистон, яъне аз бунбасти  коммуникатсонӣ раҳо ёфтан нақши хеле муҳиме бозӣ кардааст. «Имрӯз мо метавонем, к и бо дурдасттарин ноҳияҳои худ пайваста дар алоқа бошем, сӯҳбат кунем, муколима намоем ва масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳукумати ҶТ ва давлати Тоҷикистонро матраҳ кунем, роҳҳои ҳарчи зудтари ҳаллу фасл кардани онҳоро пайдо намоем».

Суханронии Рустам Қосимов, директори Созмони ҷамъиятии «Интернет» ба мавзӯи «Таъмини амнияти манбаъҳои иттилоотӣ дар «Tajnet» бахшида шуда буд. Дар аввал  ӯ дар бораи манбаъҳои иттилоотӣ, шаклу намуди онҳо тарз ва роҳҳои таъмини бехатарии фаъолияти онҳо ҳарф зада азҷумла қайд кард, ки таъмини амнияти иттилоотӣ замоне даст медиҳад, ки тамомӣ чораҳои зарурии техникиву ташкилӣ  андешида шаванд.

/images/stories/2011/07/30_rustam-kosimov_30.07.2011.jpgМониторинги фаъолияти провайдерҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар ин авохир таъминкунандагони шабакаи ҷаҳонии интернет ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ аҳамияти даркориро медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин мушкилот дар ин самт вуҷуд доранд. Барои мисол ҳатто дар ҳамлаи на чандон қавие аз берун фаъолияти шабакаҳои  провайдерҳои мо метавонад дучори беназмиҳо шавад. Марказҳои коркарди маълумот низ маъмулан бо проблемаи таъмини амнияти  иттилоотӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Мутаассифона, дар масъалаи таъмини барномаҳое, ки битавонанд амнияти иттилоотиро  пайваста таъмин намоянд  низ мушкилот дорем. Дар мо ширкатҳое, к и муштариёни интернетро бо барномаҳои литсензионӣ таъмин мекунанд, ангуштшумор мебошанд. Мо мутахассисони барномарезро низ  дар ин самт гуфтан мумкин аст, ки қариб  налорем. Яъне мутахассисонеро, ки тарҳи барномаҳоеро бисозанд, ки тавассути онҳо амнияти иттилоотӣ таъмин гардад ва  агар дошта бошем ҳам онҳо бештар барои бозори берун фаъолият мекунанд.

Асомиддин Атоев, директори Академияи ТИК барои рушд, магистри илми компютерӣ, магистри илм оид ба ТИК барои рушд суханронии худро ба мавзӯи «Нақши контенти ватании Интернет дар таъмини амнияти иттилоотӣ дар асри технологияи рақамӣ» бахшид.

/images/stories/2011/07/30_atoev_asomiddin_30.07.2011.jpgБа гуфтаи Асомиддин Атоев зери мафҳуми амнияти иттилоотӣ пеш аз ҳама ин ҳифзи иттилоот ва системаи иттилоотро дарк мебояд кард. Бо истинод ба Консепсияи амнияти иттилоотии кишвар қайд намуд, ки  ҳангоми фаъолият дар ин соҳа пеш аз ҳама манофеи миллӣ бояд дар назар гирифта шавад, ки зери ин мафҳум манфиатҳои ҳар фард, ҷомеъа ва давлат дар назар дошта шудааст. Имрӯз як омори аҷибе дар даст дорем.

Муштариён ҳангоми аз Интернет истифода бурдан ҳамагӣ ба миқдори 10 дар сад бо манбаъҳои ватанӣ кор мекунад. 90 дар сад вақти муштариёни Интернет дар Тоҷикистон бо дидани манбаъҳои хориҷӣ масраф мешавад. Барои чӣ сомонаи Tojnews аз минтақаи TJ ба минтақаи ORG, яъне минтақаи хориҷӣ рафт? Чӣ ӯро маҷбур ба ин кор кард?

Дар яке аз мактубҳои расмии амалдорони соҳаи алоқаи кишвар ба унвони ширкатҳои провайдерӣ аз 8-уми октябри соли гузашта бо ин мазмун «Ба мақсади таъмини амнияти иттилоотии кишвар аз Шумо хоҳиш менамоям, ки дар қатъ намудани дастрасӣ ба сомонаҳои зерин, азҷумла  Tojnews.tj мусоидат намоед» дархост омада буд. Акнун худатон аз нуқтаи назари имрӯз бубинед, ки оё мо ба ҳадаф расидем? Tojnews.tj яке аз манбаъҳое мебошад, ки муштариёни зиёд дорад. Дар  баробари хабару гузоришҳо дар ин сарчашма сӯҳбатҳои онлайн гузаронида мешаванд, ки мақбули хонандагони сершуморанд.

Аз он ки ба ин манбаъ нафарҳои зиёд ворид мешуданд, провайрдерҳои дохилӣ бурд мекарданд. Акнун пулҳо ба дигар минтақа мераванд. Ҳаминро бояд мо дарк кунем, ки дар кору мӯҳтавои чунин сомонаҳо ҷиҳатҳои мусбат низ кам нестанд. Масалан ба гуфтаи мутахассисони соҳа  соли 2010 «дар ҷанги интернетии Роғун» сомонаҳои тоҷикистонӣ тавонистанд муштариёни худро бовар кунонанд, ки сохтмони Роғун бар зарари кадом як кишвари алоҳидае нест, баръакс он ба манфиати ҳамаи ҷонибҳост. Дар ин ҷанги Интернетӣ Тоҷикистон ғолиб омад.

/images/stories/2011/07/30_umrillo-melikov_30.07.2011.jpgНомзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Умрилло Меликов дар ин нишаст  китоби нави хешро таҳти унвони  «Иттилоот дар Интернет: танзимӣ ҳуқуқӣ» муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи муаллиф дар ин китоб асосан дар бораи ду масъала сухан меравад. Дар муносибат бо Интернет чӣ иҷозат аст ва чӣ манъ аст. Ҳар чи к и дар ҳаёти воқеӣ барои мо иҷозат аст, ҳангоми истифодаи Интернет низ ҳамон чиз иҷозат дода шудааст.

Ва ҳарчи ки ба мо дар ҳаёти воқеӣ манъ аст. ҳангоми истифодаи Интернет ҳамон чиз  барои мо манъ шудааст,-мегӯяд муаллиф. Дар китоб нахуст дар бораи мафҳумҳои Интернетӣ сухан меравад. Сипас муаллиф дар бораи таърихи пайдоиши Интернет, ҳуқуқи дастрасӣ ба  иттилоот тавассути Интернет, ҳуқуқи ҷойгир ва паҳн намудани иттилоот дар Интернет дар ин китоби барои муштариёни  муфид сӯҳбат мекунад.

Бахши муҳими ин китоб ба масъалаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф  ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани ҳуқуқи муаллиф ҳангоми истифодаи Интернет бахшида шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба Интернет, шартномабандӣ ҳангоми истифодаи Интернет дар ин китоб низ муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

/images/stories/2011/07/30_irina-simonova_30.07.2011.jpgИрина Симонова, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Хома» натиҷаҳои таҳлили ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Интернетро муаррифӣ намуд. Таҳлили мазкур аз сӯйи ҳуқуқшинос Умрилло Меликов, Асомиддин Атов таҳти мушовирии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Манахов Виктор Николаевич амалӣ шуда буд. Дар натиҷаи омӯзиши мавзӯъ ва таҳлили маводҳо мо ба хулосае омадем, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар Интернет наметавон бо санаде танзим кард, мегӯяд ҳуқуқшиноси ТҶ «Хома».

Зеро дар бисёр кишварҳо муносибат ба фаъолияти Интернет мухталиф мебошанд. Масалан дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба Интернет ҳамчун ба васоити ахбори омма муносибат  мекунанд. Сомонаҳоро мисли васоити ахбори омма дар вазоратҳои марбута ба қайд мегиранд. Дар Русия низ  ба Интернет тақрибан ҳамин гуна  муносибат мекунанд. Аммо ба ақидаи мо мавқеи хайрхоҳона ва мусбат дар масъалаи истифода аз Интернет дар қонунгузории мо ба мушоҳида мерасад.

Интернет дар мо воситаест, ки тавассути он маҳсулоти ВАО паҳн мешавад. Ин нукта дар Қонун «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва ғайра омадааст. Сипас Симонова  гуфт, ки нақши Интернет дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеъа хеле муассир аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муштариён аксаран дар ҷустуҷӯи асноди ҳуқуқӣ ба сомонаҳои гуногун иворид мешаванд. Бартарии Интернет дар ин робита аз ВАО хеле ошкоро ба чашм мехӯрад.

Дар хотима миёни ширкаткунандагони мизи гирд баҳсу мунозираҳои муфиде атрофи масоили матраҳшуда баргузор гардид.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi