ДАВРАИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ФОТОЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН
Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар доираи барномаи ВАО барои иштирок дар давраи омӯзишии фишурда барои фотожурналистони ҷавон «Simple Photography» (аксбардории иттилоотӣ ё ҳуҷҷатӣ), ки даҳаи сеюми моҳи октябри соли 2011 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, озмуни кушода эълон менамояд.
Мақсади асосии озмун мусоидат ба интихоби иштирокчиёни арзанда аз ҳисоби аксбардорони ҷавон ва ғайриҳирфаӣ мебошад, ки хоҳиши сайқал додани малакаи касбиашонро доранд. Ҳангоми омӯзиш иштирокдорон аз тренерони хориҷӣ ва маҳаллӣ дар бораи фотожурналистика, аксбардории рақамӣ, таҳрири аксҳо, сохтани маҷмӯаи аксҳо (портфолио)- и шахсӣ, ҷойгир кардани аксҳо дар сомонаҳои ройгон маълумот гирифта, донишу малакаашонро афзун мекунанд. Давраи омӯзишӣ ба забони тоҷикӣ мегузарад.
Барои иштирок дар озмун хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:
Эссеи кӯтоҳ дар бораи «Пас аз хатми давраи омӯзишии мазкур ман кадом мавзӯъро мехоҳам инъикос кунам?» (на бештар аз 1 саҳифа);
Ҳолномаи мухтасар (CV);
Намунаи аксҳои гирифтаи довталабон (на камтар 6 ва на бештар аз 12 акс) дар формати JPEG. Ҳар як сурат бояд зерматни худро дошта бошад (агар ҳуҷҷатҳо ба намуди чопӣ фиристода шаванд, аксҳо бояд дар формати 10х15 см. бошанд);
Нусхаи шиноснома.
Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 16:00, 10 октябри с. 2011.
Маълумоти иловагиро метавонед аз офиси ИҶК - БМ бо суроғаи зерин пайдо кунед:
ш. Душанбе, к. Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии "Vefa", ошёнаи 4-ум, тел: 227-55-58; 441-07-28, 441-07-29; 441-07-45, 441-07-46.
Ҳуҷҷатҳо дар намуди электронӣ бо почтаи: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё чопӣ дар офиси ИҶК - БМ қабул карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои чопӣ бояд бо унвони «Курси фотожурналистика» ишора шаванд.
Шахси масъул: ҳамоҳангсози барномаи ВАО-и ИҶК-БМ Рухшона Олимова
Дархостҳое, ки номукаммаланд, баъд аз мӯҳлати зикргардида пешниҳод шудаанд ва ё ба талаботи ИҶК- БМ ҷавобгӯ нестанд, баррасӣ намешаванд. Маводи пешниҳодшуда баргардонида намешавад.
Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад