| IFJ: "ХУШУНАТ АЛАЙҲИ ХАБАРНИГОРОН АФЗОИШ ЁФТААСТ" |
| Мақолаҳо - Матбуот | |||
| 01.01.2012 10:52 | |||
Ба гуфтаи ҳамин ниҳод, бист тан аз хабарнигорон имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ва боқимондаҳо бар асари рухдодҳои хушунатомез кушта шудаанд. Федератсияи Байнулмилалии Журналистон, ки маркази он дар Бруссел аст, ҳукуматҳоро мавриди интиқод қарор додааст, ки шароити лозимро барои ҳифзи хабарнигорон фароҳам накардаанд ва афродеро, ки бо хабарнигорон бархӯрди сахт мекунанд, ба панҷаи қонун насупориданд. Ҷим Боумелҳа, раиси ҳамин ниҳод аз Бан Ки Мун, дабири кулли СММ хостааст, то дар ин маврид иқдом кунад. Ӯ ҳамчунин аз оқои Бан Ки Мун хостааст, то ҳукуматҳои кишварҳоеро, ки дар он хабарнигорон кушта мешаванд, мутаваҷҷеҳи масъулияҳояшон бисозад. Пеш аз ин Созмони хабарнигорони бидуни марз дар як гузориш марги 66 тан аз хабарнигоронро таъйид карда буд. Дар гузориш ҳамчунон гуфта шуда буд, ки Покистон монанди солҳои гузашта барои хабарнигорон, яке аз ду кишвари хатарнок дар тамоми ҷаҳон маҳсуб мешавад. «Озодӣ»
|






