12:00:12 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Дар ин ҳафта дар рӯзи ҷашни истиқлолияти давлатӣ нахустин шумораи ҳафтаномаи тозатаъсиси «Истиқлол» ба дасти хонандаи худ расид. Сармуҳаррири ҳафтанома Шаҳбози Аброр дар паёми хеш ҳадафи таъсиси ин нашрияро чунин иброз доштааст: 

«Мо ба оянда назари некӯ дорем ва ин минбарро барои хомакашон таъсис дода, умед ба ин мебандем, ки ҳар як фарди ҷомеъаи мо дар баёни андеша мухтор бошад ва як зиндагии осудаю аз ҳар ҷиҳат таъмин ва арзанда насибашон гардад. Барои аввало мебояд мушкилоту нуқсонҳои дар ҷомеъа мавҷудбударо, ки кам нестанд, ошкоро бо ҳам баррасӣ намуда пайи рафъи он бошем».

Дар ин шумораи «Истиқлол» инчунин мақолаҳое таҳти унвони «Истиқлолият ба мо чӣ дод?», «Сафина» замимаи РТР аст?!...», «Ҷанг бе реша набуд», «Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иҷорапулӣ месупорад», «Чингизхонро кӣ сафед мекунад?», «Ғалабаи Аҳмадинажод ғалабаи Эрон аст», «Рамазон ва мушкили нархи маводи ғизоӣ» ба табъ расидаанд, ки аз матолиби хонданибоб ба шумор мераванд.

Дигар ҳафтаномаҳои чопи Душанбе низ мавзӯи ҷашни истиқлолиятро мавзӯи асосии хеш интихоб намуда оиди ин мавзӯъ маводҳои мухталифро ба нашр расондаанд. Аксаран назарсанҷиҳое, аз қабили «18 соли истиқлол чӣ бурд дошт, чӣ бохт?» («Пайкон»), «Дар ҳифзи истиқлолият чӣ бояд кард?» («Нигоҳ»), «Эмомалӣ Раҳмон ва балоғати истиқлолияти давлатӣ» («СССР»), «Оё худро шаҳрванди давлати мустақил эҳсос мекунед?» («Озодагон»), «Истиқлолияти болиғ. 18 соли мустақилияти Тоҷикистон аз нигоҳи хизбҳо» («Тоҷикистон») ва ғайра ба нашр расидаанд.

Инак ҳафтаи дуюм аст, ки нашрияи «Фараж» ҳафтае ду бор чоп мешавад. Дар шумораи махсуси хеш «Фараж» ба унвони сармақола маводи чанд сол пеш навиштаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ раҳбари ҲНИТ, Раиси Комиссияи Оштии Миллиро таҳти унвони «Аҳмадшоҳи Масъуд душмани ҷанг буд» ба табъ расондааст. Ин мақола ба муносибати ҳаштумин солгарди ба шаҳодат расидани ин сипаҳсолори машҳури асри 20 ба табъ расидааст. Устод Нурӣ дар ин мақолаи худ аз ин абармарди таърих аз ҷумла чунин ёдовар мешавад: 

«Аҳмадшоҳ пеш аз ҳама як мусалмони воқеӣ ва мутадаййин буд, борҳо ӯро дар ҳолати тиловати Қуръон ва адои намози нофила медидам. Ишқу алоқаи хоса ба Парвардигор дошт. Дар тамоми мушкилот ва сахтиҳо чун кӯҳ устувору пойбарҷо буда, ба қазову қадари Илоҳӣ дар ҳама ҳол сари таслиму ризо дошт. Мубориз ва муҷоҳид буд, на ҷангҷӯ ва на ҳангоматалаб. Афғонистонро озод ва мардумашро сарбаланд дидан мехост. Вақте, ки ман аз бюоби сулҳ ва мусолиҳа бо ҳукумати Тоҷикистон ҳарф мезадам, шод мегашт ва моро ба ин кор самимона ташвиқ мекард. Хусусан нақши ӯ дар вохӯрии мо бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар Хусдеҳ хеле барҷаста ва муҳим буд».

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» низ дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд мақолаи Бобоҷони Шафеъ «Шери Панҷшер: Ошиқ, Пешво, Шаҳид»-ро ба чоп расондааст, ки дар он дар бораи сабабҳои ба шаҳодат расидани ин абармарди таърих низ нуқтаи назари муаллиф ироа шудааст. Бобоҷони Шафеъ азҷумла менависад: «Муқовимати Масъуд бар зидди Толибон ва дар атрофи ӯ гирд омадани дигар нирӯҳборизе, ки қаблан дар эътилофи Шимол буданд, Толибонро беш аз ҳар чиз дигар нороҳат мекард. Ва на танҳо Толибонро, балки нирӯҳоеро ҳам, ки пуштибони онҳо буданд. Аз сӯи дигар, дар Вашингтон ҷиддан нақшаи ҳамла ба Афғонистон тарҳрезӣ мешуд. Ва ин нақша рабте ба воқеаи 11-уми сентябр надошт. Фоҷиаи биноҳои осмонхарош танҳо баҳонаи сохтае буд ба ин ҳамла. Аммо мебоист дар ин кишвар, қабл аз ҳама, муттаҳидкунандае меёфтанд, ки аз онҳо пуштибонӣ кунад. Нирӯи аслии муқовимат Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Танҳо агар бо ӯ канор оянд, метавонистанд дар як муддати кӯтоҳ Толибонро суқут диҳанд ва дар Афғонистон як низоми дастнишондаро рӯи кор оваранд. Шахсияте чун Аҳмадшоҳи Масъуд наметавонист он нирӯйи дастнишонда бошад. Ҳатто ба хотири фаҳмидани афкораш ӯро ба Амрикову Аврупо низ даъват карданд ва шуниданд. Вале ба хулосае омаданд, ки аз Масъуд ҳатто наметавонанд ба хотири шикаст додани давлати Толибон истифода кунанд».

Ин ҳафта ба чопи нахустин шумораи нашрияи «СССР» расо як сол пур шуд. Ба ин муносибат дар шумораи навбатии он аксаран табрикоти хонандагон ва алоқамандони ин ҳафтанома ба нашр расидаанд. Аммо саҳифаҳои ин шумораи ҳафтанома низ аз мақолаҳои проблемавӣ холӣ нестанд. Журналист Раҷаби Мирзо дар ҳамон сутуни анъанавии хеш «7 рӯз бо Раҷаби Мирзо» масъалаи интихоботи қарибулвуқуъи парлумонӣ ва ширкати аҳзоби сиёсӣ дар онро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ӯ азҷумла менависад: 

«Бубинед, намояндагони аҳзоб чӣ мехоҳанд. Мехоҳанд дар қитъаҳои интихоботӣ намояндагон ва нозирони онҳо бошанд, охир интихобот аслан дар қитъаҳо сурат мегирад на дар ҳавзаҳову Комиссияи марказии интихобот. Мехоҳанд гаравпулии интихобот бардошта шавад, зеро Тоҷикистон давлати иҷтимоист ва тибқи Қонуни асосиаш ҳар шаҳрванд метавонад аз 18-солагӣ интихобкунанда ва интихобшаванда бошад (аммо қонуни интихобот синни дигарро пешниҳод кардааст). 5000 сомоние, ки ҳамчун гарави интихоботӣ қабул мешавад аксарияти мардумро аз ҳаққи интихобшавӣ маҳрум мекунад. Яъне талаботи аҳзоб дар доираи қонун ва шароити феълии кишвар аст, аммо ҳукуматро чунин низом қабул нест. Аз ин лиҳоз ман пешниҳод мекардам, ки ҳизбҳо дар интихоботи навбатӣ ширкат наварзанд». Ҳамин фикрашро Раҷаби Мирзо боз дар як назарсанҷие, ки ҳафтаномаи «Ҷомеа» таҳти унвони «Оё ҳукумат аз интихоботи и шаффоф меҳаросад?» изҳор намудааст.

Дар ҳафтаномаи «Озодагон» мақолаи Муҳиддин Кабирӣ Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Дин ва сиёсат» ба чоп расидааст, ки дар он муаллиф андешаашро атрофи масоили дин, сиёсат, давлат ва вазъи имрӯзаи кишвар баён доштааст. Дар аҳамияти ин мавзӯъ муаллиф дар мақолаи хеш чунин нигоштааст: «Кишвари мо дар даврони истиқлол равандҳои муҳим ва ҳамзамон печидаеро дар муносибат ба дин, сиёсати динӣ ва эътиқодоти мардум аз сар гузаронд. Мо дар як муддати кӯтоҳ шоҳиди баъзе иқдомоти динситезонаи ошкори мақомот (ба хусус, солҳои ҷанги дохилӣ) аз як тараф ва баъдан наздикшавии боз ҳам ба суръат бо арзишҳои динии мардум (ба хусус, ду соли охир) аз тарафи дигар шуда истодаем. Табиист, ки ин ҳама тағйиротҳо дар сиёсат ва бархӯрдҳо саволҳоро ба вуҷуд меоварад, вале ҷавоби онҳоро дарҳол набояд ҷуст, чун вақт ба аксари ин саволҳо ҷавоб хоҳад дод. Вале як нукта мусаллам аст, дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ ба дин, хусусан ба дини ислом фавқулодда болост ва дигар касе шак надорад, ки дин дар оянда ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми равандҳо ва сиёсатҳои минтақавӣ хоҳад буд».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi