12:59:35 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ИНТЕРНЕТ НАШРИЯҲОИ ТОҶИКИСТОНРО МУФЛИС МЕКУНАД

Интернет, ки чанд сол пеш дӯсти ҷонии ҳафтаномаҳои Тоҷикистон буд, ҳоло ба як норафиқи онҳо табдил шудааст. Нашрияҳои Тоҷикистон, ки то кунун аз кам будани хонандаҳо менолиданд, ҳоло ба воқеъияти талхи дигаре рӯ ба рӯ шудаанд. Дастрасии рӯзафзун ба Интернет ва бештар шудани хабаргузориву нашрияҳои интернетӣ бозори ҳафтаномаҳои Тоҷикистонро танг ва тиражи нашри онҳоро камтар кардааст.

/images/stories/2012/04/28_sharqi-ozod-28412.jpgДар баҳсе, ки дар ин замина дар ду гурӯҳи Фейсбуки тоҷикӣ, Хабарнигорони Тоҷикистон ва Медиа TJ дар миён гузоштам, назарҳо гуногун буд. Аз ҷумла як нафар бо номи Тоҷдор Тоҷикон навиштааст, ки “Коҳиши тиражи рӯзномаҳо дар Тоҷикистон ба сабаби рушди интернет нест, баръакс нашрияҳо хабару мақолаҳо аз Фейсбук ва дигар торнамоҳоро чоп мекунанд, то шумораи хонандагонашон зиёд шавад.

​​Хуршеди Атовулло, сардабири рӯзномаи “Фараж” ба ин андеша мувофиқ аст ва мегӯяд, дар кам шудани тиражи рӯзномаҳо Интернету расонаҳои интернетӣ гунаҳкор нестанд, сабаб дигар чиз аст: “Мо дар мисоли худамон метавонем, гӯем, ки боз шудани сайт, умуман ба теъдоди нашри “Фараж” таъсир нарасонидааст. Теъдоди нашр аз ҳисоби дигар чиз паст шуд. Пеш аз ҳама аз сабаби онки шаҳрдори Душанбе Убайдуллоев, фурӯхтани нашрияҳоро дар хиёбонҳои протоколии шаҳр манъ кард ва “Фараж” дар ҳамин хиёбони марказӣ аз 600 то 700 нафар хонандаи худро аз даст дод. Сабаби дигар боло рафтани нархи чоп ва коғаз аст, ки ба қимати нашрияҳо таъсир расонд ва онҳоро барои хонандагон гаронтар кард. Ду сабаби асосии коҳиши тираж ҳамин аст ва ин ки Интернет дар ин замони бебарқӣ метавонад, теъдоди нашри рӯзномаҳоро кам кунад, ин фақат як тарси ботинӣ аст ва халос. “

Аммо Алишери Толиб дар Фейсбук навишт, қаблан ҳафтаномаҳои "Озодагон", "Фараж" дар Интернет набуданд ва донишҷӯён, ки пеш аз ин аз дӯкон рӯзнома харида, мутолиа мекарданд, аз Интернет PDF-и "Фараж"-ро мунтазир мешаванд.”

​​Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, ки баҳс дар Фейсбук ҳамроҳ шуд, мисли Алишери Толиб, Интернету расонаҳои интернетиро то ҳадде гунаҳкори кам шудани муштариёни матбуоти чопӣ дар Тоҷикистон медонад. Хилватшоҳ омор овардааст, ки то 10 соли пеш ҳафтаномаи "Дайджест-пресс"- 75.000 нусха чоп мешуд, ҳоло 5000, "Чархи Гардун" соли 2004 ҳудуди 25 ҳазор нусха ба нашр мерасид, анкун 6000, "Фараж" се сол пеш 10000 тираж дошт, имрӯз ҳамагӣ 5500, “Азия Плюс” бо теъдоди 30 ҳазор дар соли 2006 чоп мешуд, ин рақам алъон муодили 12.000 аст. Тиражи ҳафтаномаи “Оила”, ки 33 ҳазор буд, ба гуфтаи Хилватшоҳи Маҳмуд соли 2011 ду маротиба коҳиш ёфтааст.

Хилватшоҳ ба мо гуфт: “Онҳое, ки ҳар ҳафта бо нархи 2 то 3 сомонӣ нашрияи тоҷикӣ мехариданд, ҳоло баъд як рӯз ё ду рӯз метавонанд, бо харҷи 50 дирам ё 1 сомонӣ дар интернеткафе ё дар комютер маводи дар матбуоти Тоҷикистон нашршударо бихонанд. “

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия Плюс” ҳам мегӯяд, боз кардани саҳифаи интернетии ҳафтанома дар Интернет, то ҳадде тиражи ҳафтаномаро камтар кард, вале ин кор ногузир буд: “Боз кардани саҳифаи интернетии ҳафтанома бешак ба тиражи он таъсир расонд. Метавон тахмин кард, ки аз 15 то 20 дар сад ё ​​бештар аз ин муштариёни мо нашри интернетении онро  мехонанд. Вале мо ин тамоюлро дарк мекунем, зеро ин тамоюли ҷаҳонист ва агар шумо ҳоло дар Интернет нестед, аз назари стратегӣ шикаст мехӯред.”

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Хилватшоҳи Маҳмуд, ҳафтаномаҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон ҳафтае як маротиба нашр мешавад, аммо ҳоло замон дигар аст ва бахше аз мардум мехоҳанд, ҳамарӯза аз таҳҳавулоти Тоҷикистон огаҳ шаванд, ки чунин иттилоъи саривақтиро аз Интернет метавон гирифт. Агарчӣ баъзе аз рӯзномаҳо бо тарғиби худ дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ саъй доранд, теъдоди хонандагонашон зиёд шавад, аммо ба андешаи Марат Мамадшоев, айни замон ин шева, шояд натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.

Ҳамингуна Интернет, ки дар солҳои аввали нашр дӯсти наздики ҳафтаномаҳои Тоҷикистон буд ва ба онҳо кӯмак кард танҳо бо чопи матолиби интернетӣ пул ба даст оранд ва қомат рост кунанд, ҳоло ба як норафиқи ҳафтаномаҳо табдил шудааст. Аммо ба гуфтаи Хилватшоҳи Маҳмуд, баъзе аз ҳафтаномаҳои кишвар аз чанги Интернет эмин мемонанд: «Дар маҷмӯъ матбуоти ҷиддии сиёсӣ, ҳафтаномаҳое, ки мавзӯъҳои иҷтимоиву сиёсиро дунбола мекунад, ҳамоно харидор хоҳанд дошт, аммо на ба ҳадде ки 5 сол қабл дар Тоҷикистон доштанд».

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi