ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?
Аксари нашрияҳои ин ҳафтаинаи чопи Душанбе инъикоси ду мавзӯи мубрами рӯзро мавзӯи асосии худ қарор додаанд. Мавзӯи аввал ёдоварӣ аз моҳи шарифи Рамазон ба хотири дар ҳафтаи равон анҷом пазируфтани он буда, мавзӯи дигар ин аз нав ба баррасӣ гирифтани масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мебошад. Ҳафтаномаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Наҷот» зери сарлавҳаи «Иди саиди фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!» табрикоти раҳбари маънавии ҳизб Муҳаммадшарифи Ҳимматзодаро ба мардуми мутадайини Тоҷикистон нашр намудааст, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
«Ҷои шукр аст, ки ҳамватанони мо ин як моҳи меҳмониро дар фазои оромӣ, дӯстӣ ва бо дилҳои пур аз меҳру муҳаббат нисбати якдигар гузарониданд. Бояд гуфт, ки аҷру савоби ҳифзи ин гуна фазои рӯҳбахш ва боз ҳам беҳтар сохтани он аз савоби ибодатҳои дигар кам нест, чун оромиву сулҳу суботи ҷомеъа ва равобити дӯстонаи афроди он неъматест аз неъматҳои илоҳӣ ва ҳифзу ба ҷо овардани шукри он ибодат аст. Умед аст ҳамватанони мусалмони мо дар ин моҳи ибодати Худо, кинаву адоват, бӯғзу бадбиниро нисбати якдигар аз дил берун ронда бошанд. Зеро дили мӯъминро пок нигоҳ доштан ҳам беҳтарин ибодат аст. Дар ин сурат мо ҳамагӣ сазовори раҳмату мағфират ва раҳоӣ аз оташ хоҳем гашт».
Дар ҳамин шумораи «Наҷот» дар робита бо моҳи мубораки Рамазон ду маводи дигар «Таҷлили ид дар Ислом» ва «Ҳукми закоти фитр» аз нигоҳи Юсуф Қарзовӣ ба табъ расидаанд.
Сармақолаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» «Табармусулмон Убайдуллоев қассобонро нӯхта зад…» низ дар робита бо ин моҳи шариф таълиф шудааст. Муаллифи он Шикебо дар оғози матлаб чунин навиштааст: «Моҳи шарифи Рамазон имсол ба мардум баъзе сабукиҳо овард. Бо дастури раиси шаҳр мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев нархи баъзе маводи озуқаворӣ аз қабили гӯшт, қанд ва биринҷ каме ҳам бошад, арзон гардид. Имрӯзҳо ҳама мегӯянд: О, бо дастур ҳам нархҳоро поён фаровардан мешудаст-ку!»
«Ба Маҳмадсаид Убайдуллоев бояд «офарин!!!» гуфт,- менависад Фаридуни Раҳнавард дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва худ боз савол медиҳад «Чаро?». Дар посухи суоли хеш ӯ низ мегӯяд: «Зеро як моҳ пеш ҳам, нархи як кило гӯшт 18 сомонӣ буд (албатта барои ҳама…) Яъне нархи гӯшт дар як моҳи Рамазон боло нарафт. Имсол фақат ӯ тавонист «қонун»- дунявии савдогарону сарпаноҳашонро андаке ҳам бошад «вайрон» кунад».
Дар ҳамин ҳол хабарнигори «Нури Зиндагӣ» Б. Исматуллоҳ дар матлаби хеш «Сад шукр… Сад ҳайф…» дар ҳамин мавзӯъ чунин менигорад: «Дар ин моҳи муборак рӯзе барои зарурати рӯзғор ба бозори «Корвон» рафтам. Ба ростӣ, ҳайрон гаштам аз ин мусалмониамон. Қариб ки ягон одобу суннати исломӣ дар бозор риоя намешавад… Мардону ҷавононни зиёдеро низ мушоҳида кардем, ки рафторашон рӯзадорона набуд Буданд баъзе нафароне, ки ду лунҷи даҳонро пур карда, дар миёни анбӯҳи рӯзадорон ғизо иехӯрданд, хайр шояд миёни онҳо беморон низ буданд, аммо чаро онҳо эҳтироми ҳамдинони хешро баҷо намеоранд?».
Муассиси ҳафтаномаи «Озодагон» Зафар Суфӣ дар матлаби публисистӣ-фалсафии хеш, ки «Ид» унвон гирифтааст, масъалаи шеваи таҷлили идҳову ҷашнҳоро дар кишвар ба баррасӣ гирифтааст. Ба навиштаи ӯ «солҳои ахир дар кишвари мо даҳҳо ҷашну маросиме шакл гирифтаву дар ҳоли шакл гирифтан аст, ки ину он ба сифати Ид аз он ном мебаранд. Ҳатман ёдатон ҳаст, киҷашнҳои асал, каду зардолу, себ ва ғайраву ва ҳоказоро хостем ба сифати Ид дароварем. Аммо воқеъият ин аст, ки ҳеҷ кадом аз онҳо симои Ид нагирифт. Ҳарчӣ бигӯянд ҳам дар воқеъ мардуми мо ду Ид бештар надорад ва барои он омодагии зиёд мегирад».
Дар ҳамин матлаби хеш Зафар Сӯфӣ менависад, ки «дар ин ҳафта боз як маросиме ҳаст, ки ба олами Ислом рабт мегирад. Ҳар рӯзи ҷумъаи моҳи мубораки Рамазонро бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон имом Хумайнӣ ба хотири ҳамраъйӣ ба мардуми мазлуми Фаластин «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» эълом намуда буд ва ҳамакнун дар ин рӯз садҳо ҳазор мусалмон ва ҷонибдорони адолат ба хотири пуштибонӣ аз фаластиниҳо ҳамоишҳо баргузор мекунанд. Имсол низ ҳатман чунин хоҳад шуд ва дар остонаи ин рӯз сарвазири Исроил талошҳое барои таҳти фишор гирифтани фаластиниҳо ба роҳ андохт ва аз ин тариқ мехост таъсири «Рӯзи Қудс»-ро камранг намояд».
Нашрияи «СССР» дар матлаби худ «Тоҷикистон «Окно»-ро аз Русия бармегардонад?» масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Таҳлилгари ин ҳафтанома Акрами Санг дар робита менависад:
«Имрӯз замоне фаро расидааст, ки коршиносони низомии Тоҷикистон ба шартномаи буду боши базаи ҳарбии Русия назари нав кунанд. Шартнома, ба гумони мо, бекор гардаду ҷои он як шартномаи вежа миёни низомиёни Тоҷикистону Русия дар мавриди арзишҳои базаҳои низомии Русия ба имзо расад, аз як сӯ нофаҳмиҳо дар мавриди қарзу грантҳои русӣ аз миён бармехезанд ва аз ҷониби дигар Маскав тибқи қарордоди нав ҷои пои дар Осиё мустаҳкамтар мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар ин самт метавонад бо такя ба Қирғизистони дӯсту ҳамсоя ҳамон нархеро барои базаҳои русӣ талаб кунад, ки Бишкек дорад!»
«Оё Тоҷикистон барои пойгоҳи низомии Русия бояд иҷора талаб кунад ё не?» бо ин савол ҳафтаномаи «Миллат» ба чанд нафар таҳлилгару коршинос муроҷиат кардааст. Абдулло Ҳабибов, генерал- майори мустаъфӣ, раиси Ҳаракати дӯстони Русия гуфтааст, ки «ин ки Русия бояд пули иҷора бидиҳад ё не, тасмим аз давлатмардон ё худ сарварони ҳарду давлат аст, яъне вобаста ба он аст, ки онҳо сари чӣ тавофуқ хоҳанд кард, ба ивази иҷора сари пул ё имтиёз тавофуқ мекунанд».
Сайфулло Сафаров- муовини раиси Маркази тадқиқотии стратегии назди Президент: « Масъала танҳо бо гирифтани иҷорапулӣ ҳал пайдо намекунад. Агар Русия чанд нирӯгоҳи барқӣ дар кишвари мо бисозад ва боз бо назардошти дигар ҳамкориҳо, мумкин аст дар ин маврид тавофуқоте ҳосил бишавад».
Аммо хабарнигор Қосими Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки «Ҳар гуна пойгоҳи низомии хориҷӣ дар ҳар кишваре, бахше аз истиқлоли миллии онро кам мекунад. Ва агар имрӯз Тоҷикистон ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар кишварамонро лозим медонад пас бояд ҳадди аққал ба хотири эҳтиром ба истиқлоли миллии Тоҷикистон барои ҳузури ин пойгоҳ, Маскав ҳазинаҳои муносиберо пардохт бикунад».
Ҳафтаномаи «Озодагон» ду саҳифаи ин шумораи худро ба мақолае ихтисос додааст, ки «Дивизияи 201: Ваъдахилофии Русия ё тарси мақомоти тоҷик?» унвон дорад. Муаллиф Назири Нусрат кӯшиш ба харҷ додааст, ки фоидаву зиёни ҳузури ин пойгоҳи низомиро дар хоки кишвар ба риштаи таҳлил бикашад.
Дар ҳамин ҳол дар матлабе, ки ҳафтаномаи «Нигоҳ» таҳти унвони «300 миллион доллар барои базаи 201-и Русия» ба нашр расондааст, бо такя ба коршиноси маҳалӣ ибрози шубҳа кардааст, ки дар айни замон Русия омода бошад, ки чунин маблағро пардохт кунад: «Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бар он назар аст, ки манфиатҳои Тоҷикистон низ аз ҳузури низомии Русия дар қаламраваш аз манфиати ин кишвар кам нест. Русия ба ҳеҷ ваҷҳ барои ҳузури минбаъдаи пойгохи низомиаш ба Тоҷикистон пул намедиҳад».
Дар ҳамин ҳол ҳафтанома инчунин мухолифи ин нуқтаи назар фикри коршиноси дигари мустақил Абдуллои Раҳнаморо меорад, ки гуфтааст: «Манфиати Русия аз ҳузури сиёсиву низомӣ дар Тоҷикистон фавқулодда бузург ва муҳим аст ва Русия ҳеҷ гоҳ аз баҳри он нахоҳад гузашт. Айни ҳол дар паллаи тарозу обрӯву нуфузи ин кишвар истодааст ва дар Душанбе инро кайҳо боз медонанд».
Нашрияҳои Душанбе дар мавзӯъҳои дигари мубрами рӯз низ ин ҳафта ҳам матолиби ҷолиберо ба чоп расондаанд. «Ҷомаи хунолуди Аҳмадинажод. Эрон ва пайкорҳои даруниаш» матлаби Дориюши Раҷабиён аст, ки дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» рӯйи чопро дидааст. Ба муносибати солгарди ба шаҳодат расидани маъруфтарин журналист ва сиёсатмадори тоҷик Отахон Латифӣ, ки ба 22-и сентябр рост меояд, ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ» мақолаи Саломиддин Мирзораҳматовро таҳти унвони «Марги Латифӣ ба кӣ лозим буд?» ба табъ расондааст.
Ҳафтаномаи «Фараж» бошад зери сарлавҳаи «22 рӯз дар Гуантанамо-2» мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзодро бо Шӯҳрат Шодиев-рӯзноманигори тоҷик, ки як моҳ зиёдтар дар боздоштгоҳҳои Нуқуси Қароқалпоқистони ӯзбекистон будааст, манзури хонандагони хеш кардааст.
«Ман аҳд кардам нафаронеро, ки ин моҷароро ба сари ман овардаанд, ба ҷавобгарӣ хоҳам кашид ва то ин корро накунам ором намеистам. Албатта ба вазорати умури хориҷа ва сафорати ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон муроҷиат мекунам. Онҳо бояд барои аъмоли худ, барои помол кардани шараф ва хҳуқуқҳои инсонии ҳазорон нафар посух диҳанд. Онҳоро маҷбур бояд кард, ки меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ва муҳимтар аз ҳама, инсониро риоя кунанд. Нуқус Тошкандро гӯш намекунад. Ва агар зӯри Тошканд нарасад, бигзор ба созмонҳову кишварҳои ҷаҳон муроҷиат кунад. Зеро дар Қароқалпоқистон ҳуқуқи инсон риоят намешавад. Ин ҷо як Гуантанамои 2 шудааст», гуфтааст Шӯҳрат Шодиев.
«Рӯзгор»