23:13:16 30-уми Июни 2025 сол

ЛАТИФӢ РӮЗНОМАНИГОР ВА СИЁСАТМАДОР

Дар Душанбе дар остонаи солмарги Отахон Латифӣ, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии фақид, китоби ҷадиде бо номи “Мактаби чирадастӣ”, ки маҷмуӯъе аз мақолоти ӯро дар бар дорад, муаррифӣ шуд. Ин китоб ба ибтикори Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва бо кумаки молии Сандуқи Сорос ба забони русӣ чоп шуд. Отахон Латифӣ, рӯзноманигори фақид, ки дар замони бозсозии Михаил Горбчаев, раҳбари вақти Шӯравӣ ва пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ба як чеҳраи муҳимми сиёсӣ табдил шуда буд, мақолоти худро маъмулан дар рӯзномаҳои ҷопи Маскав ба забони русӣ чоп мекард.

 

Хуршеди Атоуллоҳ, раиси Маркази таҳқиқоти журнолистии Тоҷикистон, ҳадаф аз чопи китоби “Мактаби чирадастӣ”-ро муъаррифии дубораи ҳунари нависандагии Отахон Латифӣ, ки коршиносон онро мунҳасир ба фард арзёбӣ кардаанд, ба насли ҷавони тоҷик унвон кард.

 

Ба гуфтаи вай, аввал қарор буд ин китоб ба забони тоҷикӣ нашр шавад, аммо набуди тарҷумаи осори Отахон Латифӣ ба забони тоҷикӣ, ки битавонад зарофати сабки нагориши ӯро бахубӣ нишон бидиҳад, ин корро "дар ҳоли ҳозир" ғайримумкин сохтааст.

 

Ҳарчанд устодони арсаи рӯзномангорӣ дар Тоҷикистон мегӯянд Отахон Латифӣ дар ҳунари мақоланависӣ ё публисистика мактаби вижаеро ба вуҷуд овардааст, аммо ба бовари онҳо, пас аз Латифӣ касе дар Тоҷикистон натавонистааст дар сатҳи вай мақола нависад. “Мактаби чирадастӣ” дар ҳоле чоп шуда, ки авохири ин ҳафта аз рӯзи қатли Отахон Латифӣ 11 сол сипарӣ мешавад ва маросими муъаррифии ин китоб ба маҳфили ёдбуди вай мубаддал шуд.

 

Латифии рӮзноманигор

 

Отахон Латифӣ бо хонандагони худ аз тариқи сафаҳоти нашрияҳои чопи Маскав, аз ҷумла “Правда”, “Известия” ва “Комсомолская правда” сӯҳбат мекард. Гуфта мешавад қалами вай ба забони русӣ ба андозае фасеҳ будааст, ки миёни худи русҳо камназир тавсиф мешавад.

 

Отахон Латифӣ муддате раёсати Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дошт. Вай дар замони Шӯравӣ тавассути мақолаҳояш на танҳо масоил ва мушкилоти Тоҷикистон, балки ҷамоҳири дигари ҳамсояро низ барои Маскав муъаррифӣ ва маънидод мекард ва аз ин роҳ хостори ҳалли онҳо мешуд.

 

Ба бовари Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз аъзои Ҳайъати музокиракунанда барои сулҳи тоҷикон, пас аз Отахон Латифӣ ҳеҷ рӯзноманигоре дар Тоҷикистон ба сатҳи вай нарасидааст.

 

Оқои Усмонов мегӯяд: “Матраҳ кардани масоили тоҷикӣ ба забони тоҷикӣ ва барои тоҷикон кори ҷудогона аст, аммо матраҳ кардани масоили Тоҷикистон барои хонанда дар берун аз Тоҷикистон, ки ба фоидаи кишвар бошад, кори тамоман дигар аст. Мақолаҳои Отахон Латифӣ Тоҷикистон ва масоили Тоҷикистонро тавре дар Маскав бозтоб медод, ки дар тасмимгириҳои мақомот ва зеҳни мардумони дигар дар бораи тоҷикон таъсири мусбат дошт.”

 

ЛатифӢ, фаъоли сиёсӢ

 

Дар маҳфили муъаррифии китоби “Мактаби чирадастӣ” ва ёдбуди Отахон Латифӣ сӯҳбатҳо умдатан перомуни навиштаҳои вай сурат гирифт ва ба фаъолияти сиёсии вай зиёд таъкид нашуд.

 

Отахон Латифӣ дар соли 1989 зимни мансуб шудан ба мақоми муъовини раиси Шӯрои Вазирон ба сиёсат қадам гузошт. Дар соли 1992 вай ба симати муъовини сарвазири Тоҷикистон мансуб шуд ва ба унвони мухолифи давлат дар саҳнаи сиёсии кишвар шӯҳрат пайдо кард ва дертар аз чеҳраҳои шинохтаи Иттиҳоди мухолифини давлат шуд. Аз соли 1992 то 1997 Отахон Латифӣ дар Теҳрон ва Маскав паноҳандаи сиёсӣ буд ва пас аз имзои тавофуқоти сулҳи тоҷикон дар соли 1997 ба ватан баргашт.

 

Вай субҳи 22 сентябри соли 1998, замоне ки масъулияти умури ҳуқуқӣ дар Кумисиюни оштии миллиро бар ӯҳда дошт, дар наздикии манзилаш аз гулӯлаи афроди номаълум кушта шуд. Намояндагони давлат ва мухолифон, Созмони Милали Муттаҳид ва Дидбони Ҳуқуқи Башар ин ҳодисаро башиддат маҳкум карданд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ