12:51:46 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БУЗУРГМАРДЕ, КИ БА ОЯНДА МУТААЛИҚ БУД

ҷодиёти Латифӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни тоҷикон мемонад.

 

-Оё пайкараи Латифӣ дар Қӯрғонтеппа гузошта мешавад?

 

-Дар аввалин нишасту гуфтушуниди нерӯҳои даргири тоҷикон, ки мақсадаш ба ҳам омадан буд ва дар Маскав баргузор гардида буд, устод Латифӣ сарварӣ намуд.

 

Иншо кардан барои ман ягон маротиб ин ҳад душворӣ надошт. Барои он, ки ҳеҷ гаҳ зарурат пеш наомада буд иншо карда бошам доири чунин шахсияти беҳамто ва нотакрор. Латифӣ аз ҷумлаи чунин фардон буд.

 

Душворӣ боз дар он бошад, ки бинвисам бояд доири замони гузашта ва фарди рафта: Латифӣ зиндагӣ карда буд, эҷод намуда, мубориза бурда... Ва ҳамааш барои ватани худ ва меҳани азиз… Тоҷикистонро дӯст медошт беҳад. Акнун хотираи нек аз вай монда, ки хизматҳои бебадалаш бошад назди меҳан ва ҳамчунин мероси эҷодиаш бошад, ки бар мо расида.

 

Аслан пештар ҳам кӯшиш ба харҷ дода будам доири вай чизе иншо бикунам. Бори аввал дар марти соли 1996, вақте ки вай шастсола мешуд. Вале он вақт ҷое ёфт нашуд, навиштаро ба нашр расонам. Нигоштаи худро аз ин ҷо—аз Алмаато ба Тоҷикистон-ба ягон рӯзнома фиристодан ҳам маънӣ надошт. Ва ягон рӯзнома он замон ҷуръат намекард доири ҷашни мухолиф (опозитсионер) ёдрас шавад. Шастсолагии Отахон Латифӣ ҳамин тур ноайён бигзашт.

 

Амсоли панҷоҳсолагиаш:-агар ба эътибор нагирем нашр шудани хабари кӯчаки ТоҷикТА-ро (агентии итиллоотиро), дар он айём, дар рӯзномаҳои ҷумҳӯр: «Барои солҳои тӯлонӣ дар матбуот пурсамар кор карданаш мухбири махсуси рӯзномаи «Правда» Отахон Латифӣ, бахшида ба панҷоҳсолагӣ, бо ифтихорнома мушарраф гардонда бишавад». Ғайри ин дигар чизе ҳам набуд. Ҳукумат дандонашро ба ҳам фишӯрда, бо ибораҳои қолабӣ, риёкорона, хизматҳои варо чунин «қадр» карда буд. Ва ягон тантана ҳам набуд нисбати панҷоҳсолагии журналисти номии кишвари азамати Шӯро ва ягон нигоштаи дигар ба нашр нарасид доири хизматҳои арзандаи Латифӣ. Бармеомад, барои ин имкон надодаанд.

 

Ҳарчанд он солҳо расм буд зодрӯзи одамонро бо тарзи мутантан қайд кунанд. Ва зиёд ба мушоҳида мерасид, дар толорҳои азим шоиру нависандаву журналисти шинохта ва ҳатто гумноме, ба шарафи мавлуди худаш одамонро гирд меовард. Ҷамъ меовард, ки доири худаш тавсифҳои мутантан бишнавад. Ба чеҳраи гул-гул шукуфои чунин соҳибҷашн назар дӯхта, хандаи кас меомад, ҳамчунин дилро ғаму ғӯсса мекашид. Бисёри онҳо медонистанд, эҷодашон хонанда ва ҳаводори кироӣ надорад ё умуман ҳаводор надорад, барои ҳамин бо василаи базми мавлудона ба худашон шӯҳрату шон ва эътибору обрӯ зам карданӣ мешуданд.

 

Латифӣ бошад, ҳаргиз Латифӣ намебуд, гар ҷамъомад, ё маърака меорост, ба шарафи худаш. Аслан журналисте, ки номаш вирди забон буд, инсоне, ки доираш қиссаву ривоят густариш меёфт, ба тантанаи расмии назарфиребона ягон зарра ҳам ниёзмандӣ ва мӯҳтоҷӣ надошт. Истеъдоди беҳамтои қаламкашӣ, сатҳи баланди фитрату тамиз варо фарди шӯҳратёри диёр карда, кайҳо ба рамзи ҳақиқату ҳақиқатпарастӣ бадал дода буд.

 

Дар ҳама айём ба ягон нафаре шабеҳ ва монанд набуд Латифӣ. Наметавонист монанд ҳам бошад. Хатмкардаи факултаи журналистии Донишгоҳи Ленинград (Санкт-Питербург), дар оғози даҳаи шаст, муддати кӯтоҳ дар яке аз рӯзномаҳои русизабони ҷумҳурии Тоҷикистон шуғли вазифа кард. Аз навиштаҳои вай ба тани муҳаррири рӯзнома, бе шаку шубҳа, ларза ва рашъа медавид. Зеро тарзе, ки Отахон менигошт ва сабт мекард он замон навиштан умуман расм набуд, ё иҷоза набуд. Ниҳоят муҳаррир дигар тоб наоварда, ҳукмашро эълон намуд: «Шумо ҳаргиз журналист намешавед! Барои худ кори дигаре ҷустуҷӯ кунед!»

 

Вале журналист будани худашро исбот намуд Отахон барқсон. Очерки «Помир без эмоции» варо мухбири махсуси мӯътабартарин рӯзномаи давр «Комсомольская правда» гардонд барои тамоми қаламрави Осиёи Миёна. Баъдан шонздаҳ сол расми вай ҳамчунин дар тахтаи ифтихории «Беҳтарин мухбирони махсуси мо» дар идораи рӯзномаи «Правда» овезон буд.

 

Латифиро ҳар дафъа, ҳамчун журналист ёд оварда, худамро сари андешае дармеёбам, ки бешак таърихи Тоҷикистони муосир буд эҷодномаи вай. Ва ин таърихест, ки бояд донист. Онҳо санадҳои таърихие бошанд, ки ҷамъоварӣ бояд кард. Бигзор чанд ҷилде нашавад, интишор бояд дод. Бигзор дар асоси чунин маводҳо журналистони нав зиндагӣ ва тарзи навиштанро биомӯзанд.

 

Эҷод рукни ҷовидонӣ ба ҳисоб меравад. Ва маҳсули муаллифони зубдаистеъдод баъди қарнҳо низ ҳамчунин ҳаводору эътиқодманд дармеёбад. Маводҳои рӯзнома-ба назар мерасад, умри дарозо надоранд, зеро журналист маҷбур аст доири масоили доғи рӯзи гузарон бинвисанд. Вале рӯзномаҳои кӯҳнашудае низ ҳастанд, ки даст ба даст мегарданд, агар дар онҳо чизи ҳаяҷоновар ва нотакрор ба чоп расида бошанд. Чунин шуда буд борҳо дар Тоҷикистон бо рӯзномаи «Правда», чун дар саҳфаи он маводе ба нашр мерасид бо имзои Отахон Латифӣ.

 

Дар ҳамин буд махсусияти эҷодиёти ин фард: ҳатто чопкардаҳои кӯчаки вай дар хотир басо тулонӣ мемонданд. Худи ман метавонам аз ҳофизаам зикр бикунам даҳҳо чопшудаи варо-аз маводҳои азими таҳлилӣ то лавҳачаи кӯчак, вале хотирмону мунавваре. Солҳои зиёде гузашта аз ун айём. Иттиҳоди давлатҳои шӯравӣ пора шудаанд. Вале бисёр мақолаҳои Латифӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накарданд, балки ба аҳамияти хос моликанд.

 

ӯ далелҳоро на танҳо, меомӯхт, балки пажӯҳиш мекард. Истеъдоди беҳади таҳлилгарӣ, зеҳну хиради беҳамтои вай имкон медод, аз далелу санади гоҳе кӯчак рӯйдод ва падидаи ҳозира ва ояндаро дарк кунад. На як бору ду бор шоҳид будам, чӣ хел тӯлонӣ мавод ҷамъ меовард, ҳатто барои мақолаҳои кӯчаке. Ва ҳайрон мешудам, чӣ зарурият дорад ин ҳама омӯзиши тӯлонӣ? Вале баъди муддатҳое, вақте дар «Правда» очерки Латифиро мехондам (масалан бо номи «Платина») мефаҳмидам, ки навиштаи Латифӣ баъди панҷ-даҳ сол ё понздаҳ сол ҳамчунин бетаъсир намемонад ва фарогирие дорад барои ояндаҳои дуре.

 

Масъалаи иншоотҳои азими барқӣ-обиро зиёда аз бист сол таҳқиқ кардааст вай; ҳанӯз аз солҳои шастум силсилаи мақолаҳояш марбути ин ба нашр мерасиданд. Охир, вай таъсисгари «Эстафетаи коргарӣ» буд, ки боис гардид Норак пеш аз вақт бунёд бишавад. (Очерки «Сарбанд» ҳам натиҷаи тадқиқоти чандинсола буд). Истеъдоди нурбора ва қавӣ, вале серғунҷоиш ба вай имконият медод, маводи таҳқиқии азимеро, ки барои он чанд соли умраш масраф шуда, дар як саҳифаи рӯзнома ҷой дода битвонад.

 

Интишор шудани мақолаҳои вай баъзан он қадар валвала ва воҳима ба миён меовард, ки роҳбарони ҷумҳурӣ ва Вазоратхонаҳои Иттиҳоди Шӯравиро ба саргумӣ меандохт. Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ҳам муқобилистии шадидро рӯи кор меовард аз рӯи «беҳтарин» рӯҳияи анъанаҳои болшевикӣ алайҳи Отахони Латифӣ; ҷамъомади коллективҳои меҳнатӣ ва мақолаҳои интишоркардаи варо «якдилона маҳкум карданҳо». Ба Маскав фиристода мешуданд думболи ҳам садҳо нома ва барқия алайҳи вай. Дар ҷавоб Латифӣ даъват мекард Қаҳҳор Маҳкамовро ба теледебат. Маҳкамов тамоман рад менамуд. Бармеомад медонист, дар чунин баҳсҳои ақлӣ ба Латифӣ пирӯзӣ ба даст намеорад на ҳар кас.

 

Отахон доири худ на танҳо китоб нанавиштааст, балки ҳатто сатре иншо накардааст. Вале зиндагинома, корнома ва эҷодномаи вай исбот мекунад, ки Тоҷикистонро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва манфиатҳои имрӯзаву ояндаи онро сахт хоҳон буд.

 

Барои ман на як бору ду бор, муяссар гардида бо вай будан дар сафарҳои хидматӣ. Дӯстони зиёд дошт дар шаҳристону деҳистони кишвар: механизатор, агроном, зоотехник, бинокор, табиб, навогар, мусаввир… аз соҳаҳои гуногун буданд дӯстони ӯ. Ба хилофи роҳбарони ҳизбӣ, ки зиёд ҳарос доштанд аз мухбири махсуси «Правда», заҳматкашон ба вай меҳру муҳаббати самимӣ зоҳир мекарданд, ба вай ҳамвора наздикӣ меҷустанд. Бисёриҳо, ҳатто номи варо зикр накарда, бо тарзи оддӣ «Латифӣ» гуфта, муроҷиат мекарданд, бо вай сӯҳбатҳои фарогир меоростанд. Барои онҳо Латифӣ «одами худӣ» ба ҳисоб мерафт.

 

Онҳо бо вай рӯшод ҳарф мезаданд, рӯё рӯи вай дилашонро мекушуданд. Худи вай ҳам истеъдод дошт, бо тарзи ҳайратбахшо инсонро аз сӯҳбатҳои хушки расмӣ ба сӯҳбати гуворои ҳамдилӣ кашида тавонад. Чанд маротиб шоҳид шудаам, ду каси то ин дам ношинос-Латифӣ ва ҳамсӯҳбаташ-дами аз ҳам ҷудо гаштан, аллакай, дӯстони ҳамдил ва қарин шуда буданд. Сӯҳбатҳои варо шоҳид шуда, кам дидаам, ки Латифӣ дар дафтарчаи худ сабту қайде карда бошад.

 

Вале ҳафтае баъд бо ҳасаде-албатта бо ҳасуди сафеде—мутолиа мекардам аз рӯзномаи «Правда» лавҳаи мӯъҷазро доири инсоне, ки Латифӣ гирди пиёлаи чой бо вай соатҳо ҳамнишиниву ҳамсӯҳбатӣ дошт. Вай мусаввараҳои азими (галерелияи) образи инсонҳоро, яқинтараш тимсоли одамони покизаи бомаърифат, бунёдгар ва эҷодгарро ба миён оварда тавониста буд. Устоде буд, ки инсонро бо тобишҳои то ин айём аз чашми дигарон ноайён тасвир карда метавонист. (Оҳ агар ин ҳамаро дар як китоб ҷамъ овардан мумкин мешуд!)

 

Баробари ин Латифӣ чӣ қадар инсонҳои баистеъдодро, ки то ин замон имкони худро зоҳир намудан наёфта буданд, аз қаъри тараву ноайён кашида мебурд ба ҷониби нуру зиё. Бо шарофати Латифӣ баъдтар бисёре аз онҳо маъруфу машҳур гардида буданд. Вале инро магар ёд доранд ҳамаи унҳо? Бо дареғу афсӯс, ки на ҳама ёд доранд дастгирӣ ва мададҳои фидокоронаи варо.

 

Миёни онҳое, ки бо шарофати мададу дастгирии Латифӣ қатори одам шуда буданд, ё ҳатто пешсафи ҷомеа гардида буданд, ё бо шарофати Латифӣ аз тӯҳмату фишору тазъиқу маҳкумӣ раҳоӣ ёфта буданд, баъдан маълум бишуд, ки кам набуда разилу бадҷинс. Онҳо баъдтар шарм надошта, рӯирост бо суханҳои қабеҳ варо бадгӯӣ мекарданд. Аз забони воломақом ва чиновникҳои кунунӣ, яъне функсионерҳои собиқаи ҳизбӣ-на як бору ду бор шунида шудааст, ки «мо ба вай ҳамин қадар эътиқоду ҳурмат доштему вай мухолиф шуда, яъне опозитсионер…»

 

Рафиқони мӯҳтарами ҳизбӣ! Мехоҳам аз Шумо бипурсам бо суханони шоири машҳур: «Магар шумо набудед, ки овора кардед беҳамтои озодаро?» Магар худи шумо нахезонда будед маъракаи бадномкуниву доғзаниро алайҳи Латифӣ, даме ки номзадиашро гузошта буд ба депутатии Иттиҳоди Шӯравӣ? Магар шумо даҳони варо бастан намехостед, вақте ки дар пленуми таъҷилии компартия соли 1990 вай мехост ҳикоя бикунад, ки кадоме аз аъзоёни Бюрои Кумитаи Марказӣ дар ҳақиқат чӣ шахс бошаду роҳбари КГБ-и Тоҷикистон рафиқ Петкел (ки Тоҷикистонро ба хуни тоҷик олуда буд) дар асл кӣ бошад?

 

(Идома дорад)

 

(Алма-Ато, Қазоқистон)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi