23:40:12 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БУЗУРГМАРДЕ, КИ БА ОЯНДА МУТААЛИҚ БУД-2

Интишор шудани мақолаҳои вай баъзан он қадар валвала ва воҳима ба миён меовард, ки роҳбарони ҷумҳурӣ ва Вазоратхонаҳои Иттиҳоди Шӯравиро ба саргумӣ меандохт. Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ҳам муқобилистии шадидро рӯи кор меовард аз рӯи «беҳтарин» рӯҳияи анъанаҳои болшевикӣ алайҳи Отахони Латифӣ; ҷамъомади коллективҳои меҳнатӣ ва мақолаҳои интишоркардаи варо «якдилона маҳкум карданҳо».

Ба Маскав фиристода мешуданд думболи ҳам садҳо нома ва барқия алайҳи вай. Дар ҷавоб Латифӣ даъват мекард Қаҳҳор Маҳкамовро ба теледебат. Маҳкамов тамоман рад менамуд. Бармеомад медонист, дар чунин баҳсҳои ақлӣ ба Латифӣ пирӯзӣ ба даст намеорад на ҳар кас.

Отахон доири худ на танҳо китоб нанавиштааст, балки ҳатто сатре иншо накардааст. Вале зиндагинома, корнома ва эҷодномаи вай исбот мекунад, ки Тоҷикистонро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва манфиатҳои имрӯзаву ояндаи онро сахт хоҳон буд.

Барои ман на як бору ду бор, муяссар гардида бо вай будан дар сафарҳои хидматӣ. Дӯстони зиёд дошт дар шаҳристону деҳистони кишвар: механизатор, агроном, зоотехник, бинокор, табиб, навогар, мусаввир… аз соҳаҳои гуногун буданд дӯстони ӯ. Ба хилофи роҳбарони ҳизбӣ, ки зиёд ҳарос доштанд аз мухбири махсуси «Правда», заҳматкашон ба вай меҳру муҳаббати самимӣ зоҳир мекарданд, ба вай ҳамвора наздикӣ меҷустанд. Бисёриҳо, ҳатто номи варо зикр накарда, бо тарзи оддӣ «Латифӣ» гуфта, муроҷиат мекарданд, бо вай сӯҳбатҳои фарогир меоростанд. Барои онҳо Латифӣ «одами худӣ» ба ҳисоб мерафт.

Онҳо бо вай рӯшод ҳарф мезаданд, рӯё рӯи вай дилашонро мекушуданд. Худи вай ҳам истеъдод дошт, бо тарзи ҳайратбахшо инсонро аз сӯҳбатҳои хушки расмӣ ба сӯҳбати гуворои ҳамдилӣ кашида тавонад. Чанд маротиб шоҳид шудаам, ду каси то ин дам ношинос-Латифӣ ва ҳамсӯҳбаташ-дами аз ҳам ҷудо гаштан, аллакай, дӯстони ҳамдил ва қарин шуда буданд. Сӯҳбатҳои варо шоҳид шуда, кам дидаам, ки Латифӣ дар дафтарчаи худ сабту қайде карда бошад.

Вале ҳафтае баъд бо ҳасаде-албатта бо ҳасуди сафеде—мутолиа мекардам аз рӯзномаи «Правда» лавҳаи мӯъҷазро доири инсоне, ки Латифӣ гирди пиёлаи чой бо вай соатҳо ҳамнишиниву ҳамсӯҳбатӣ дошт. Вай мусаввараҳои азими (галерелияи) образи инсонҳоро, яқинтараш тимсоли одамони покизаи бомаърифат, бунёдгар ва эҷодгарро ба миён оварда тавониста буд. Устоде буд, ки инсонро бо тобишҳои то ин айём аз чашми дигарон ноайён тасвир карда метавонист. (Оҳ агар ин ҳамаро дар як китоб ҷамъ овардан мумкин мешуд!)

Баробари ин Латифӣ чӣ қадар инсонҳои баистеъдодро, ки то ин замон имкони худро зоҳир намудан наёфта буданд, аз қаъри тараву ноайён кашида мебурд ба ҷониби нуру зиё. Бо шарофати Латифӣ баъдтар бисёре аз онҳо маъруфу машҳур гардида буданд. Вале инро магар ёд доранд ҳамаи унҳо? Бо дареғу афсӯс, ки на ҳама ёд доранд дастгирӣ ва мададҳои фидокоронаи варо.

Миёни онҳое, ки бо шарофати мададу дастгирии Латифӣ қатори одам шуда буданд, ё ҳатто пешсафи ҷомеа гардида буданд, ё бо шарофати Латифӣ аз тӯҳмату фишору тазъиқу маҳкумӣ раҳоӣ ёфта буданд, баъдан маълум бишуд, ки кам набуда разилу бадҷинс. Онҳо баъдтар шарм надошта, рӯирост бо суханҳои қабеҳ варо бадгӯӣ мекарданд. Аз забони воломақом ва чиновникҳои кунунӣ, яъне функсионерҳои собиқаи ҳизбӣ-на як бору ду бор шунида шудааст, ки «мо ба вай ҳамин қадар эътиқоду ҳурмат доштему вай мухолиф шуда, яъне опозитсионер…»

Рафиқони мӯҳтарами ҳизбӣ! Мехоҳам аз Шумо бипурсам бо суханони шоири машҳур: «Магар шумо набудед, ки овора кардед беҳамтои озодаро?» Магар худи шумо нахезонда будед маъракаи бадномкуниву доғзаниро алайҳи Латифӣ, даме ки номзадиашро гузошта буд ба депутатии Иттиҳоди Шӯравӣ? Магар шумо даҳони варо бастан намехостед, вақте ки дар пленуми таъҷилии компартия соли 1990 вай мехост ҳикоя бикунад, ки кадоме аз аъзоёни Бюрои Кумитаи Марказӣ дар ҳақиқат чӣ шахс бошаду роҳбари КГБ-и Тоҷикистон рафиқ Петкел (ки Тоҷикистонро ба хуни тоҷик олуда буд) дар асл кӣ бошад?

Бале вай, яъне Латифӣ барои шумо ҳамеша фарде буд, ки «қабулаш карда наметавонистед»! Варо ҳамеша таҳи дил бад медидед шумо! Барои ҳамин на шумо бояд баҳо бидиҳед нисбати вай. (Балки баҳои таърих кифоя бошад, на баҳои шумо!)

Дар солҳои ахири умраш чунин шуда буд, ки сиёсатмадорӣ ба дӯши Латифӣ афтода буд. Барои ин ҳам таъна задаед шумо варо! Вале фаромӯш кардаед, ки пештар ҳам бо эҷоди худаш вай таъсири басо амиқ дошт дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ. Таъсири назаррасе. Албатта, на бо ҳама ҷиҳати Латифии сиёсатмадор худи ман ҳам мувофиқат мекунам. Вале ин ягон зарра муҳаббату эътиқоди касро халалдор намесозад нисбати ин фарди нотакрор…

Тобистони соли 1995 вай ба муддати ду ҳафта ба Алма-Ато омада буд. Ин рӯзҳои фаромӯшношудании умри ман ба ҳисоб мерафт. Ҳар шабе, баъди ҳар сӯҳбат, эътимоди ман афзун мегардид, ки ҷидду ҷаҳди зиёде вай ба харҷ медиҳад барои пайвастани чизҳои пайвастношудание, яъне барои восил кардани маърифату сиёсат, ба ҳам овардани ин ду мафҳум. «Ин мумкин нест!»-таъқид мекардам хилофи раъйи вай истодагарии шадид зоҳир карда. «Медонам!-ҷавоб медод ҳар маротиб вай.-Вале дар ин самт ҳам талош лозим, ки рӯзе сиёсату маърифат биомезад ба ҳамдигар!»

Қариб дар ҳамаи санадҳое, ки аз номи Комиссияи Оштии Миллӣ паҳн мешуд, сабки Латифиро эҳсос кардан мумкин буд. Баъзе одамони камсавод ва баъзе аз «пешвоён»-и камсавод мухолифинро иҳота карда буданд, маълум мешуд, онҳо қудрати беҳамто доштанд дар хабарбариву хабароварӣ ва бадномкунии уну оне. Вале номаҳои расмӣ ва муроҷиатномаро фақат Латифӣ ва чанд нафари дигар иншо карда метавонистанд. Вале барои чӣ бошад одамони бонуфуз, дар худи иттиҳоди мухолифин низ, Латифиро чашми дид надоштанд.

Сабаби инро на танҳо аз фарқияти ақидаҳо ҷустан лозим аст доири сохти ояндаи Тоҷикистон. Балки Латифӣ на як бору ду бор изҳор карда буд: сиёсати кадрӣ, ки роҳбарияти Комиссиони Оштии Миллӣ пеш мебарад, рейтенг, нуфуз ва обрӯи мухолифинро зиёд намекунад…

Аз ин боис версияҳо гуногун ҳастанд доири кушта шудани Латифӣ: баъзеҳо гумон мекунанд ин кори дасти ҳукумат бошад, дигарон ин ҳамаро аз дасти роҳбарони худи опозитсион донистаанд.

Ман бошам версияи худамро доштаму дорам доири ин, яъне дар ҷодаи сиёсати Тоҷикистон нақши ҳалкунанда мебозиданд чеҳраҳои хира, гумоштагони қумондонҳони дастаҳои собиқаи силоҳбадастон-чӣ ҷониби ҳукумат, чӣ ҷониби мухолифин. Дар солҳои рақобати шадид доири худ пиндору мифҳое ба миён оварда буданд, ки гӯё роҳбарони баистеъдод бошанд ва меҳанпарасти аслии ватан ҳам маҳз онҳо ба шумор мераванд ва фақат онҳо шабу рӯз дар бораи беҳбудии ватан андеша доранду бас.

Ва гӯё мардум барои ҳамин маҳз онҳоро дӯст бидорад ва эҳтиром бикунад. Бо бозгашти худ ба ватан ва пайдо шудани ягона сиёсатмадоре, ки дар ин саҳна манфиатҳои шахсии худашро намеҷӯст (зеро ҳамагон аниқу рӯшан медонистанд, ки Латифӣ ягон курсиву мансаб намехост), хатаре ба миён омад, барои барҳам хӯрдани пиндошту мифҳои сохтаву хасакии басо нафарон.

Дар тобиши пурҷиллои Латифӣ-инсони интелектуалӣ, инсоне, ки маънавиёти бузургро соҳиб буда ва сиёсатмадори навҷӯ ва асосаш касе буда, ки доири эҳёи нави иқтисодӣ ва маънавии Тоҷикистон консепсияи худро дошта буда, бештар намоён мешуд «симо ва чеҳраи қаҳрамонони даврон» ва хоса ба чашми нозирони байналмилал ин айёнтар мешуд. Барои қисмати огаҳи аҳолӣ ҳам акнун имкон пайдо гардида буд, ки қиёс кунанд: кадоме дар асл чӣ бошаду ба чӣ баҳо меарзад?

(Идома дорад)

Саломиддин МИРЗОРАҲМАТОВ.

(Алма-Ато, Қазоқистон)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi