19:21:50 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

CPJ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОНРО ТАНҚИД КАРД

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, дастрасӣ ба чанд торнамои хабарӣ ба шумули вебсайти русии Радиои Озодиро дигарбора барқарор кунад.

/images/stories/2013/01/18_cpj-18012013.jpgРӯзи панҷшанбе корбарони интернет дар Тоҷикистон мегуфтанд, ки боз кардани торнамои русии Радиои Озодӣ ва ҳам Фейсбук имконнопазир аст ва ширкатҳои мухобиротӣ дастур гирифтаанд, ки ин торнамоҳоро бубанданд. Мақомоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ амре барои бастани ин торнамоҳо надодаанд.

Музаффар Сулаймонов, намояндаи Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони онҳо аз чунин амалкарди ҳукуматдорони Тоҷикистон, ки борҳост, такрор мешавад, бисёр нигарон аст ва талаб доранд, ки дастрасӣ ба ҳамаи торнамоҳои хабарӣ озод шавад:

“Мо аз ин амалкарди ҳукуматдорони Тоҷикистон амиқан нигарон ҳастем, ки ҳам нақзи қонунҳои дохилӣ дар бораи озодии матбуот ва озодии сухан аст ва ҳам нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, фишор бар расонаҳои мустақилро ва сензура дар Интернетро бас кунад. Мо мехоҳем, ҳукумати Тоҷикистон бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дастрасӣ ба сомонаҳоро мумкин гардонад ва аз ин роҳ фишор ба расонаҳои мустақилро хотима диҳад ва ҳамингуна фишор ба озодии баён аз ҷумла нашри иттилоъот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбукро низ.“

Роберт Маҳони, муовини раиси Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, гуфтааст, сензураи пайимҳами Интернет дар Тоҷикистон, ба таври барҷаста таҳдид ба хабарнигорону блогнависон дар саросари ҷаҳонро нишон медиҳад ва инро чӣ гуна як ҳукумат қодир аст бо таҳдид ба ширкатҳои мухобиротӣ онҳоро ба иҷрои кори ифлоси худ маҷбур мекунанд.

Роберт Маҳони гуфтааст, аз ҳамаи онҳое, ки хоҳони озодии Интернет ҳастанд, даъват кардааст, алайҳи чунин амалкардҳои ҳукумати Тоҷикистон садо баланд кунанд ва бихоҳанд, ки дастрасӣ ба торнамоҳоро фавран озод кунад. Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон торнамоҳои хабарӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук баста мешавад. Танҳо соли 2012 баъди нашри маводҳои зиёди интиқолӣ дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон, баъзе аз торнамоҳо ва ҳамчунин шабакаи Фейсбукро се маротиба бастанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi