03:32:09 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХАБАРНИГОРИ "ТОҶНЮС" ДАР ДОДГОҲ ПОСУХ ХОҲАД ДОД

Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикояти Кумитаи дин алайҳи Амруллоҳи Низом шунида мешавад. Амруллоҳи Низом, хабарнигори Оҷонсии иттилоотии "Тоҷнюс" рӯзи 23-юми январ ба мо гуфт, ки бар асоси шикояти Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур мурофиа оғоз мешавад.

/images/stories/2013/01/23_amrullohi-nizom-23012013.jpgА.Низом иддао дорад, ки раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ӯро барои дағалӣ, дашном додан ва беиҷозат ба бинои Кумитаи дин ворид шудан айбдор кардааст. Раҳбарияти оҷонсии иттилоотӣ мегӯяд, ки парвандаи мазкурро Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи шанбеи гузашта боз намуда, ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол доштааст.

Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба пурсиши "Озодӣ" дар робита ба заминаи тафсилоти мухолифатҳои раҳбари ин кумита бо журналист посух намедиҳанд. Танҳо як масъули ин кумита дар тамоси телефонии радиои Озодӣ рӯзи чоршанбе гуфт, "субҳи панҷшанбе ба додгоҳи Шоҳмансур ташриф оваред ва аз асли масъала огаҳ мешавад".

Феълан мушаххас нест, ки оё ин парванда воқеан ҳам бар асоси шикояти А.Холиқов ба унвони раиси Кумитаи дин ва ё чун як шаҳрванди Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки оё мушаххасан шикояти сохтори давлатӣ аз чӣ иборат аст.

Саймиддин Дӯстов, раҳбари Оҷонсии иттилоии "Тоҷнюс" дар шарҳи мавзӯъ гуфт, ки рӯзи 16-уми январ чаҳор нафар аз кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нафаре, ки худро сардори ин ниҳод ном бурд, ба дафтари кории онҳо омада, кӯшиш карданд рӯзноманигор Амруллоҳи Низомро боздошт кунанд. Вале азбаски онҳо барои боздошти хабарнигор иҷозатнома ё санад надоштанд, боздошт муаяссар нашуд.

Оқои Дӯстов мутмаин аст, ин шикоят ба интиқодҳои хабарнигор ба корҳои илмии раиси Кумитаи дин рабт мегирад, ки Амруллоҳи Низом борҳо аз тариқи расонаҳо дар бораи он ибрози назар карда буд. Ӯ мегӯяд, ки раиси Кумитаи дин бо ин шева мекӯшад, ба фаъолиятҳои касбии қонунан ҳифзшавандаи журналист монеа эҷод намуда, садди роҳи матлабҳои навбатии ӯ дар бораи фаъолиятҳои Кумитаи дин гардад.

Раҳбарияти оҷонсӣ мутмаин аст, ки  ташрифи кормандони ВУД "фармоишӣ буда, аз ҷониби Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон бар асоси  хусумати шахсии ӯ ба журналист Амруллоҳи Низом" сурат гирифтааст.

Феълан раҳбарияти кумита ва худи А.Холиқов барои изҳори назар дар ин мавзӯъ дастрас нест.

Радиои Озодӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi