14:10:43 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Султони Ҳамад: «Умедворем нашрияи «Рӯзгор» муваффақ шавад»

Дар фазои иттилоотии кишвар нашрияи наве бо номи «Рӯзгор» ворид гардид. Муассиси он Султони Ҳамад буда, соли 2009 аз Вазорати фарҳанги кишвар барои нашри ҳафтаномаи мазкур иҷозат гирифтаанд. Лозим ба ёдоварист, ки тӯли 4-сол аст, ки дар шабакаи интернетӣ сомонаи бо номи «ruzgor.tj», ки муассисаш Султони Ҳамад мебошад, фаъолият мекунад. Хабарнигори “nahzat.tj” мусоҳибае бо ӯ анҷом додааст, ки тақдими Шумо мегардад.

- Ҳадаф аз таъсиси ин нашрия чист?

sultoni-hamad-050613- Ҳадафи мо низ мисли ҳадафи дигар нашрияҳои кишвар аст. Мо низ барои пурратар ва комилтар  шудани фазои иттилоотии мамлакат кӯшиш мекунем. Нашрияи мо фарҳангиву иҷтимоӣ аст. Бештар рӯи ин мавзуҳо кор мекунем. Дар ҳамин самт як гурӯҳу табақаи мардуми кишвар аст, ки аз таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарӣ  каме дар канор мондаанд. Мо талош мекунем, ки барои онҳо ва дар бораи онҳо бештар нависем. Таваҷҷӯҳи онҳоро ба матбуот ва таваҷҷӯҳи мардум ва масъулинро ба кору зиндагии онҳо ҷалб намоем.

Фаҳмидани он ки ин ақшор киҳоянд чандон мушкил нест. Якмоҳа матбуоти давриро ҳатто агар сарсарӣ ҳам таҳлил кунед, посухи ин саволро пайдо хоҳед кард. Илова бар ин тасмими дигари мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаи «Рӯзгор» дар бораи ҳунармандони театр ва синамои тоҷик ҳадди ақал як матлаб ба нашр бирасонем.»

- Чуноне медонем чандин нашрияҳои мустақил имрӯз фаъолият доранд, чӣ фароғ ва халое, ки нашрияҳои мустакил пур накардаанд, ки нашрия «Рӯзгор» ҷуброн мекунад?

- Воқеан дар кишвари мо теъдоди нашрияву ҳафтаномаҳо зиёданд. Ва ҳар ҳафтанома ва нашрия хонандаи худро дорад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар саҳифаҳои ҳафтаномаи мазкур мавзуҳоеро ба нашр расонем, ки хонандаи мо ба он ниёз дорад-гуфт Султон Ҳамад.

- Бозор Собир дар мусоҳибаи ахир ба «Озодӣ» гуфтааст, ки “барои  Тоҷикистон, ки баробари як  штати Америка намешавад, садҳо рӯзномаи нодаркор, ифротӣ, ҳангоматалабу ҳангомаҷӯ лозим аст?”. Назари Шумо чист?

- Он чи ки устод Бозор Собир гуфтаанд ин сухани он кас ҳаст. Устод ҳақ доранд, ки фикру андешаи худро озод бигӯянд. Вале мо бо арзи эҳтиром ба ин шоири бузурги миллат мегӯем, ки дар ин масъала фикру андешаи дигар дорем.

Мо фикр мекунем, ки ҳарчи қадар нашрияҳое, ки ҳақиқатан ҳам сухани созанда доранд, на сӯзанда, яъне беғаразона ва аз рӯи одобу ахлоқи ҳамида ба рӯйдодҳо баҳо медиҳанд, фаъолияти шахсиятҳои  арзанда ва шинохтаро дуруст арзёбӣ кунад, ба таҳкими сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд, зиёд бошанд, ба манфиати умум аст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi