21:56:29 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хадамоти муҳоҷират муҳоҷиронро дарси ҳушёрӣ медиҳад

Намояндагони хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳоҷирини кори шаҳри Санк-Петербург ва вилояти Ленинград даъват кардаанд, ки дар рӯзҳои баргузории ҳамоиши бистгонаи бузург - G20 хеле ҳушёр ва нозири амалҳои худ дар гаштугузор бошанд. Дар ин бора Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти ёдшуда дар сӯҳбат бо «Рӯзгор» хабар дод.

migrant-tajikistan_5445789.jpgБино ба гузориши манбаъ намояндагони хадамоти муҳоҷират якҷо бо сарварони диаспораҳои тоҷик дар минтақа як ришта сӯҳбатҳо баргузор кардаанд ва онҳоро огоҳ намудаанд, ки дар рӯзҳои ҳамоиши G20, ки бидуни шак як чорбинии байналмилалист, мақомоти маҳаллӣ низоми убур ва мурури муҳоҷиринро сахттар аз ҳар вақти дигар зери назорат мегиранд. Бинобар ин салоҳ нест, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат аз маҳали сукунат ва ё кор берун раванд.

Ҳамзамон бо ин намояндагони хадамоти муҳоҷирати кишвар гуфтаанд, ки муҳоҷирин вазифадоранд низом ва қоидаҳои маҳаллиро риоя ва эҳтиром кунанд. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи сарварони бист кишвари санъатии олам аз 4 то 6-уми сентябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.

«Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi