21:31:27 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дилам дар ёди Ватан гум мезанад

Талабшоҳи Салом, «Рӯзгор»

Николай Теплитский Алексеевич, директори ГЖУЭ-4, ноҳияи Митишии Русия аз зумраи он русҳоест, ки замоне маскуни Тоҷикистон буданд. Ӯ феълан шаҳрванди Русия буда, дар корхонае, ки зикраш рафт, ба ҳайси сарвар фаъолият менамояд. Дар ин ниҳоди давлатӣ, ки тоҷикон низ фаъолият менамоянд, боиси суҳбати ману Николай шуданд. Зимнан аввалин ҳарфе, ки Теплитский ба забон овард, муаррифии худи ӯ ҳамчун як руси зодаи Тоҷикистон буд. Мавсуф на танҳо худро зодаи Тоҷикистон гуфт, балки худро аз зумраи тоҷикистониёни таҳҷоӣ медонад.

toplinskiy-457878.jpgДар иртибот ба ин масъала афзуд, ки падаркалону падараш зодаи Тоҷикистонанд, бинобар ин нагуфтани он ки тоҷикистонӣ нест, барояш баробар ба гузаштан аз асли худ мебошад. Вале таассуф аз он менамояд, ки ҷанги хуношоми шаҳрвандии Тоҷикистон онҳоро аз канори Модар- Ватан дур кард. «На танҳо мо аз Ватан рафтем, балки дигарон ҳам аз Тоҷикистон берун баромаданд ва иллати ин ҳам ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Вале ин маънои онро надорад, ки мо Тоҷикистонро билкул тарк гуфта бошему ин Ватани хурди мо аз лавҳи хотир зудуда шуда бошад. На, ҳаргиз чунин нест, балки то ҳол айёми зиндагӣ, мактабхонӣ, ки дар мактаби ҳамагонии №1 сипарӣ шуд, ҳамсинфон, таҳсил дар Омӯзишгоҳи сохтмонӣ, Донишгоҳи техникӣ ва ахиран, ҳамкурсонам ҳамеша дар лавҳи хотир ҷилвагар мешаванд. Бояд бигӯям, ки Ватан Ватан аст, ишқи он дар дил лона гузидааст ва онро берун наметавон кард»- меафзояд ӯ.

Оре, ҷанги ҳамватанӣ агар якеро аз Ватан берун кард, дигареро ятим намуд ва саввумӣ шавҳар аз даст доду  бинобар фирорӣ будан натавонист ҷасади бародарашро ба хок бисупорад. Ба ибораи умум, захми ин ҷанги хонумонсӯз ҳоло ҳам дар ҷигар аст ва ҳар гоҳе аз он ёдоварӣ мешавад, ҷароҳатҳои куҳна боз ҳам хуншор мешаванд…

Хушбахтона, бо лутфи Худованду фарзандони миллат ба сулҳу оромӣ расидем. Аммо боз ҳастанд афроде, ки ба хотири эҷоди низоъҳо байни миллатҳо мехоҳанд он воқеотро ба дигар тарз ҷилва диҳанд, аз ҷумла воқеоти февралии соли 1990-ро. Бинобар ин дар мавриди воқеоти февралӣ, ки баъзе расонаҳои хориҷӣ онро генотсид алайҳи русҳо ҷилва доданӣ мешаванд, Николай Теплитскийро пурсидам.

Ӯгуфт: воқеотимоҳифевралрохубдарёддорам, онзамонҳамагӣ 20 солдоштам. Дар ин росто бояд бигӯям, ки он солҳо аз генотсид ва умуман, дар бораи чунин як падидае сухан набуд. Он шабу рӯз оғози ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб мешуд, агарчи соли 1992 оғоз гашт. Ба ҳар ҳол, баъзеҳо мехостанд ба қудрат бирасанд ва барои онҳо миллат, рус, ӯзбак ва тоҷик будани кас аҳамият надошт. Мардумро бар зидди якдигар шӯрониданд ва умуман, аз он бархӯрдҳо ҳама ранҷу машаққат диданд. Магар аз он воқеот ӯзбакҳо ва ё худи тоҷикон зарар надиданд?

Николай Теплитский бо ёдоварӣ аз солҳои мактабиву итмоми донишгоҳ дар Душанбе мегӯяд, дар сохтмони бинои Маркази ташхис дар Душанбе, маъруф ба «Диагностика» ҳамчун сохтмончӣ ширкат доштаву аз он рӯзҳо хотираҳои хубе дорад. Вале ҳамвора лаънат ба ҷанг менамояд, ки боиси ҷудо намудани ӯ аз дӯстону ҳамсинфонаш шудааст.

Ӯмегӯяд, хушбахтона, замониҷангкасеӯрочизенагуфтааст, аммотаъсирибархӯрдҳобаиқтисодикишвармаълумбуд, кибоисбакӯчиданиНиколайТеплитскийбаРусиядарсоли 1995 гашт. «Ҳоло ҳам дӯстони тоҷики зиёде дорам, ки феълан бархе аз онҳо дар Русияанд. Бо ҳамсифонам ҳоло ҳам робита дорам, аз ҷумла бо Сергей Раҳматов ва Рустам Ҳасанов, онҳо тоҷик буданд, вале ҳозир дар Тоҷикистон нестанд, эшон низ ба қасди дарёфти кор аз берун аз хоки Ватанаш», арз дошт ӯ.

Ҳини  суҳбати мо Николай оҳи сарде кашида иброз дошт, ки «ҳоло ҳам ба ёди маросими хурсандии тоҷикӣ месӯзам. Чӣ хуш буд, замоне ки тӯй ё Наврӯз мешуду якҷоя бо дӯстон дар чунин ҷашнҳо иштирок мекардем. Чунин сарҷамъӣ дар дилу замирам ба ҳадде ҳифз шудаанд, ки ҳаргиз берун нахоҳанд шуд. Алалхусус саҳнаҳое, ки дар мусобиқаи гӯштингирӣ ширкат мекардам, ҳеҷ гоҳ аз ёдам намераванд. Ин ҳама меҳри Ватанро дар дилам ба ҷӯш меоранд, аммо зиндагӣ боз қонунҳои дигаре дорад, ки риоя накардани онҳо имконнопазир аст».

Николай Михайлович мегӯяд, феълан холааш дар Душанбе, дар маҳаллаи Қарияи Боло ба сар мебарад ва зиндагии хуб низ дорад. «Ӯ низ мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон озод зиндагӣ дорад. Тоҷикистон маконест, ки решаҳои ман он ҷо ба замин фурӯ рафтаанд ва Ватан нашумурдани Тоҷикистон барои ман маънои аз худ буридани решаҳои хешро дорад. Ватани худро дӯст медорам. Ман хоин нестам, Тоҷикистон Ватани хурди ман аст ва он ҳамчун Ватан бароям боқӣ хоҳад монд», меафзояд Теплитский.

Тавре дар боло гуфтем, дар суфуфи кормандони ГЖЭУ-4-и ноҳияи Митиши, ки ҳудуди 1000 корманд дорад, тоҷикон ҳам фаъолият намуда истодаанд. Ҷиҳати шароити будубоши онҳо қаблан «Рӯзгор» матлабе дарҷ намуда буд. Аммо тавре дар садади навиштани ин мақола иттилоъ гирифтем, Теплитский, ки мегуфт, «дар шароити кунунӣ набояд касе дар чунин амокини ғайрисанитарӣ ба сар баранд», ба қавли худ вафо карда, тоҷикон, кормандони зердасти худро бо манзил барои иқомати муваққат таъмин намудааст.

Оре, дар суҳбати ахир, ки танҳо дар бораи муносибати ӯ ва зодгоҳаш – Тоҷикистон буд, дар мавзеъгириҳои Николай Теплитский ғамхорие нисбат ба зердастонаш, хоса муҳоҷирини кории тоҷик, эҳсос мешуд. Бештар мехост дар ин масъала суҳбате дошта бошад. Аз ҷумла, мегуфт, маҳз ба он хотир, ки нисбати муҳоҷирини тоҷик беэътиноӣ зоҳир менамудааст, шартномаи ҳамкорӣ бо «Биклин», ширкати кордиҳанда ба муҳоҷиринро лағв  намудааст. «Ман метавонистам корманди дигар бигирам, барои ман гирифтани корманд мушкилӣ надорад, аммо ман намехоҳам, ки тоҷиконро, миёни роҳ гузорам, зеро эшон низ бо умеде ин ҷо омадаанд».

Ба қавли Николай, кормандони корхонаҳои онҳо бо вуҷуди давлатӣ буданаш гуногунмиллатанд. Бинобар ин меафзояд, «Худо накунад, ки ин ҷо корманде, намояндаи миллати дигар арзишҳои миллии ҳамкорашро, ки ҳаммилати ӯ нест, эҳтиром нанамояд. Касе чунин як қоида риоя наменамояд, яъне арзишҳои миллии ҳамкорашро эҳтиром намекунад, ҳатман аризаашро хоҳад навишт. Ин ҷо чунин як қонун вуҷуд дорад ва он дигар намешавад».

Дар иртибот ба тоҷикон бошад, мегӯяд, «медонам, ки тоҷикон мусалмон ҳастанд. Ислом чӣ муқаррароте, ки барои мусалмонон ҷорӣ кардааст, тоҷикон дар иҷрои онҳо озоданд, метавонанд намоз хонанд, рӯза доранд, касе онҳоро чизе намегӯяд».

Дар поёни суҳбат ӯ ҳамвора таъкид мекард, ки то метавонад зердастонашро кӯмак мерасонад. Он ки онҳоро фармудааст, то кулли аснодашонро дуруст намоянд, муртабит ба риояи қавонин Русия ва зиндагии озоду бархӯрдорӣ аз ҳуқуқи худи муҳоҷирин будааст, на оне ки бо роҳандозии ин амал қасди дигаре дошта бошад.

�-\moD�p�t-family:"Lucida Sans Unicode"'>ҷики Панҷшер, ҳоло қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд хукумати коммунистии Наҷибуллоҳро ба шикаст мувоҷеҳ сохт ва профессор Бурҳониддини Раббонӣ чор сол президенти ин кишвар буд. Ҳаракати шовинистии Толибон соли 1996 ҳукумати тоҷикиро дар Кобул аз байн бурд ва солҳои баъдӣ пешвоёни тоҷикон Аҳмадшоҳи Масъуд ва профессор Бурҳониддини Раббонӣ аз дасти душманон хоинона кушта гардиданд. Чуноне дида мешавад, тоҷиконро дар мақоми сарварии Афғонистон тақдири талх дунбол доштааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi