ОМОН-е, ки мусулмонро амон намедиҳ ад
Ринат Валиев, раиси созмони мазҳ абии мусулмонони Петербург "Макка" ва президенти ҷамъияти "Тотористон" изҳ ор кард, ки 22 май, тақрибан соати 15:00 дар наздикии масҷиди бозори Апраксин двор лату кӯби оммавии мусулмонон ба вуқӯъ пайваст."Масҷид"-е, ки тазаккур ёфтааст, иборат аз се ҳ уҷра барои ибодат дар бинои рақами 15-и бозори Апраксин двор аст. Аксари ибодатгузорони ин ҷо тоҷиконе мебошанд, ки дар Петербург кор мекунанд. "Дар вақти намози ҷумъа ба масҷид бо фарёду дашном, дар даст калтакҳ о кормандони ОМОН-и Петербург зада даромаданд. Корманди милитсия бо либоси прапоршики калон бонг зад: - Тамом, барои шумо, фалонӣ-бисмадониҳ о, намоз ба охир расид. Ҳ ама рӯ ба девор истед ва наҷунбед. Дар акси ҳ ол ҳ амаатонро дар ҳ амин ҷо мекушем", - нақл кард дар сомонаи худ Валиев. Бино ба арзи Валиев, баъди ин тақрибан 100 нафар мусулмонон мавриди лату кӯб қарор гирифтаанд. Аз онҳ о пул, телефонҳ о ва ҳ атто гӯшти ҳ алолро кашида гирифтаанд. Лекин РКД-и Петербург ин маълумотро қатъиян рад кард. "Дирӯз дар бозори Апраксин двор амалиёти Хадамоти федеролии муҳ оҷират оид ба дарёфти муҳ оҷирони ғайриқонунӣ баргузор шуд, - гуфт сардори шӯъбаи иттилооти РКД В. Степченко. - Кормандони ХФМ бо дастгирии милитсия шиноснома ва варақаи қайди муҳ оҷиронро тафтиш кардаанд. Касе ба ҳ уҷраҳ ои ибодатгузорӣ надаромадаасту ягон нафарро назадааст ва чизеро нагирифтааст". Тавре Газета.ру бо истинод ба манбаъ дар мақомоти ҳ ифзи ҳ уқуқ хабар медиҳ ад, аз масҷид китоби илоҳ иётшиноси араб Ал-Ҳ ошимӣ "Шахсияти мусулмон" бозёфт гардид. Дар Русия он экстремистӣ эълон гардида, манъ шудааст. Тарҷума аз ҳафтаномаи «Дунё», 28.05.09
|