13:29:20 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

60 фоизи пули муҳоҷир дар ҷайби мақомоти Русия мемонад

Коршиносон мегӯянд, ҳузури муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар Русия ба ҷуз аз фоида, ҳеҷ зарар ба ин кишвар намеорад.

migrant-muhojirat 4545564

Бисёре аз коршиносон ба ин назаранд, ки ҳузури муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар Русия ба ҷуз аз фоида ҳеҷ зарар ба ин кишвар намеорад ва ин фоидаи молӣ аз роҳҳои расмӣ ба будҷаи давлатии ин кишвар меравад, вале аз роҳҳои ғайрирасмӣҷайби касонеро пур мекунад, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд. Аммо дар шароити кунунии бӯҳрони иқтисодии Русия дастмузде, ки як муҳоҷири оддӣ мегирад, танҳо барои зисти худ ва зиндагии худ дар Русия кифоят мекунад.

Мавлуда Давлатова, муҳоҷирзани тоҷик дар Маскав дар қаҳвахонае ба шустушӯи зарф ва тамизкорӣ машғул аст. Вай соли 2007 ба Маскав омад, то дар Тоҷикистон шароити таҳсили ягона фарзандашро фароҳам орад. Вай мегӯяд, ки ҳамин ҳафта ба марзи Русияву Украина сафар кард, то аз сарҳад бигзарад ва муҳри даромад бигирад. Баъд аз се рӯзи интизорӣ дар марз муҳри убури марзро гирифт ва акнун ҳуҷҷатҳояшро дубора барои дарёфти патент супурдааст.

Мавлуда ҳар моҳ 20 ҳазор рубли русӣ дастмузд мегирад. Солҳои пеш аз ин маблағ миқдоре барои зиндагиву таҳсили фарзандаш ба Душанбе мефиристод. Акнун бо поин рафтани арзиши рубл, имкони кӯмак хеле маҳдуд шудааст. Ин маблағ дар гузашта тақрибан 700 долларро ташкил медод, вале акнун камтар аз 300 доллар мешавад ва агар вай аз 100 то 150 доллар ҳар моҳ ба писараш фиристад, барои зиндагии худаш дар шаҳри гароне чун Маскав, маблағи боқимонда кифоят намекунад.

Абӯбакри Файзалӣ, коршиноси умури муҳоҷират дар Маскав низ бо такя ба назарсанҷиҳое, ки дар худи Русия анҷом гирифтааст мегӯяд, ки ҳар муҳоҷири корӣ аз ҳар 1 рубли даромади худ тақрибан 60 дарсади онро дар Русия боқӣ мегузорад ва танҳо 40 дарсадро барои худ истифода мекунад. Ба гуфтаи оқои Файзалӣ, пуле, ки муҳоҷир чун ришва ба шахсони алоҳида ё баъзе ниҳодҳо ё пулиси Русия медиҳад, ба ин 60 дарсад дохил намешавад. Ин ҳам дарҳолест, ки ришвахорӣ хеле ривоҷ ёфтааст ва дар ҳар ҷо ба муҳоҷир чун ба сарчашмаи даромади “муфт”нигоҳ мекунанд.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, ситонидани ришва аз муҳоҷир аз лаҳзаи вуруд ба хоки Русия оғоз меёбад ва бештар дар марҳилаи таҳия асноди кор ба авҷи худ мерасад. Дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар ришвахорӣ бештар дар миёни кормандони пулис мушоҳида мешавад, ки бо ҳар баҳона “ҳақи худро” аз муҳоҷир меситонанд. Ҳатто агар ҳамаи асноди муҳоҷир дуруст бошад, онҳо “камбудӣ” пайдо мекунанд.

Александр Попов, ҳуқуқдон ва корманди Иттиҳодияҳои синфии муҳоҷирони кории Шӯравии пешин дар як мусоҳибаи худ 16 январи соли 2014 ба мо гуфт, “муҳоҷирон ҳар сол аз Русия ба кишварҳои худ ба ҳисоби миёна 17-18 миллиард доллар мефиристанд. Бисёриҳо фарёд мезананд, ки муҳоҷирон ин қадр пулеро, ки ба мардуми Русия тааллуқ дорад, ба хориҷ мефиристанд. Вале касе намегӯяд, ки ин 17-18 миллиард доллар музди ночизи кори муҳоҷир аст, коре ки ба Русия бештар аз 100 миллиард доллари дигар фоида овардааст”.

Ба ин маблағ оқои Попов пули ришваро дохил намекунад, чун дар ин бора дар ҷое ба таври расмӣ намегӯянд ва дар ин бора маълумот дар ҷое ҳам чоп намешавад. Вале ҳамаи муҳоҷирон мегӯянд ва ҳама онро тасдиқ мекунанд -- аз Мавлуда Давлатова-хонуми зарфшӯи қаҳвахона то таҳлилгарони умури муҳоҷират.

Мирсаид Саидов, доктори улуми иқтисод дар Маскав мегӯяд, муҳоҷир дар Русия сарчашмаи даромад ба шумор меравад. Аввал ин, ки дастмузди вайро корфармоён пурра намедиҳанд ва бо “гуфтугузорҳо”-и хусусӣ миқдоре аз онро барои худ нигоҳ медоранд. Матбуоти худи Русия ҳам борҳо навиштааст, ки масалан, барои як кӯчарӯб 40 ҳазор рубл дастмузд муқаррар мекунанд, вале ба вай 15-20 ҳазор рубл медиҳанд. Муҳоҷир барои аз даст надодани ҷои кор ба ҷуз аз пазируфтани шарти пешниҳодшуда, чораи дигар надорад.

Вале акнун бо ҷорӣ шудани қонуни нави муҳоҷират ва зери таҳримҳои Ғарб шиддат гирифтани бӯҳрони иқтисодии Русия, муҳоҷирон аз ин дастмузд тақрибан пасандозе нахоҳанд дошт. Бисёре аз онҳо ба кишварҳои худ бармегарданд ва ин раванд ҷараён дорад. Оқои Саидов мегӯяд, дар чунин вазъ даромади Русия аз муҳоҷирон камтар мешавад ва ба Тоҷикистон низ аз муҳоҷирони корӣ пули зиёд интиқол нахоҳад ёфт.

Аммо Сулаймон Шоҳзода, раҳбари яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Маскав мегӯяд, ҳоло Русия аз ҳисоби ҷорӣ кардани патент ва имтиҳону гувоҳномаҳои дигар, ки ҳар як нархи муайяни худро дорад, зарари молии худро ҷуброн мекунад. Аз он ҳам будҷа фоида мебинад ва ҳам дастандаркорон дастҳои худро “гарм” мекунанд. Оқои Шоҳзода мегӯяд, агар чунин нест, пас чаро патентҳоеро, ки дар моҳҳои ноябр ва декабр дар саросари Русия ба муҳоҷирони корӣ бо нархи бештар аз 10 ҳазор рубл фурӯхтанд, дар моҳи январ ботил эълон карданд.

Суоле пеш меояд, ки агар муҳоҷирони Тоҷикистону Узбакистон ва кишварҳои дигар дар маҷмуъ 2,5-3 миллион нафар 10 ҳазорӣ патент гирифта бошанд, ин қадр пули онҳо куҷо рафт? Фақат дар шаҳри Маскав 800 ҳазор патентро ботил эълон кардаанд. Ва ҳоло онҳо боз ҳамон миқдор пул сарф мекунанд ва он ҳам танҳо барои патент.

Оқои Шоҳзода мегӯяд, дар соли гузашта танҳо аз ҳисоби патент 986 миллион рубл (тақрибан 1 миллиард рубл) ба будҷаи Русия ворид шудааст ва ҳукумати Русия умед дорад, ки дар соли ҷорӣ низ ин маблағ кам нашавад. Масалан, шаҳрдории Маскав ба нақша гирифтааст, ки аз ҳисоби патент соли ҷорӣ 16,5 миллиард рубл даромад ба даст орад. Вале иҷрои ин нақша зери суол рафтааст. Барои иҷрои ин нақша “нимкосаҳои зери коса” то ҳол ошкор нашудааст.

Бо назардошти ин вазъ, оқои Шоҳзода пешбинӣ мекунад, ки баъд аз ду моҳи дигар миқдоре аз ин патентҳо ғайриқонунӣ хоҳанд шуд ва муҳоҷирро хатари истирдод ё депорт таҳдид мекунад. Вай барои ин гуфтаҳояш далел ҳам дорад. Пеш аз ҳама шумораи муҳоҷирон камтар мешавад. Дуввум, корфармо бояд ба Хадамоти муҳоҷирати Русия нома (уведомление) фиристад, ки муҳоҷир дар корхонаи вай кор мекунад ва корхона андози муҳоҷирро месупорад. Вале ҳамаи корхонаву ширкатҳо ин корро намекунанд. То ҳол нусхаи ҳамин номаҳо ба дасти корфармоён нарасидааст ва онҳо ин корро дар мӯҳлати пешбинишуда иҷро карда наметавонанд. Дар он сурат марҳилаи севвуми саргардониҳо барои дарёфти патент оғоз хоҳад шуд ва он бепул нахоҳад буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар Русия муҳоҷирро кор мефармоянд вале дастмуздашро пурра намедиҳанд. Қонун “месозанд” ва аз роҳи қонунӣ ба баҳонаи танзими равандҳои муҳоҷират пули гирифтаашро ҳам аз роҳҳое дубора бармегардонанд. Шояд ба ҳамин сабаб муҳоҷир наметавонад дар Русия зиндагии арзишманду сазовор ташкил кунад. Бо чунин зиндагӣ, вай ангуштнамои ҷомеа шудааст. Аксари муҳоҷирон беморанд, вале наметавонанд аз муоинаи тиббӣ бигзаранд ё табобат бигиранд. Мехоҳанд аз ҳисоби саломатӣҳам маблағе пасандоз кунанд ва ба хонаводаҳои худ бифиристанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi