17:15:26 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУРНАМОИ ЭҲЁИ ИРТИБОТИ ҲАВОӢ БО РУСИЯ

Имрӯз, шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон мунтазири ифтитоҳи марзҳо ва барқароршавии парвозҳои мустақим бо Русия мебошанд: аксарият шитоб доранд ба кори пешини худ баргарданд, донишҷӯён, ки аз интизориҳо хаста шудаанд, низ мехоҳанд ҳарчи зудтар ба ҳамон синфхонаҳои пурмағали худ баргарданд, омӯзишҳои худро аз сар гиранд, соҳибкорон дар қасди онанд, ки монеъаҳои тиҷоратӣ зудтар лағв шаванд.

russia-dushanbe 5564451245

Мақомоти Тоҷикистон вазъи мавҷударо дарк мекунанд ва онҳо омодагии худро барои кушодани марзҳо изҳор медоранд. Тавре Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни нишасти хабарии охир гуфт, азсаргирии парвозҳои мунтазам бо Русия вазифаи афзалиятноки идораи ӯст. "Барқарор кардани парвозҳо барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд", - таъкид кард Субҳонзода ва афзуд, ки муроҷиатҳои зиёдеро аз ҷониби муҳоҷирон ва донишҷӯён дар ин росто қабул кардааст”. манбаъ: https://tj.sputniknews.ru/transport/20210215/1032825813/tajikistan-russia-aviasoobshchenie-otvet-ministr.html)

Дар мавриди мавқеи мақомоти расмии Русия бошад метавон гуфт, ки дар нимаи моҳи декабри соли 2020, президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни нишасти матбуотии худ дар бораи аз сар гиифтани парвози ҳавопаймоҳо ба кишварҳои ҳамсоя изҳори назар кард ва онро вобаста ба замоне донист, ки “табибон иҷозат” диҳанд.

- Ҳамин ки иҷозат доданд, фавран парвозҳо аз сар гирифта мешаванд,-посух дод ба суоли журналисте Владимир Путин.

Аммо Путин иқрор шуд, ки вазъ бо коронавирус дар Русия мураккаб боқӣ мемонад ва таъкид ҳам кард, ки ҳамагирӣ ба соҳаи авиатсия низ зарари басо зиёд расонд. (https://www.9111.ru/questions/7777777771216148/).

Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА (https://coronavirus.jhu.edu/map.html) Русия аз нигоҳи шумори гирифторон ба коронавирус дар олам дар ҷойи чорум қарор дорад, аммо аз охири моҳи декабри соли гузашта теъдоди сироятшудагони ҳамарӯза рӯ ба коҳиш меоварад. Ба назар мерасад “мавҷи дуюм” пушти сар шуд ва эмкунии сартосарии аҳолӣ оғоз шудааст. Ҳукумати Русия батадриҷ марзҳои худро бо кишварҳое, ки вазъи эпидемологиашон нисбатан хуб аст, боз мекунад. Бо назардошти вазъ бо КОВИД-19 дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба бозкушоии марзҳо метавон интизор шуд, ки моҳҳои март, апрел парвозҳо аз сар гирифта мешаванд.

Ҳангоми парвоз ба Русия чиро бояд ба назар гирифт?

Чуноне Роспотребнадзор дар сомонаи худ иттилоъ медиҳад, касоне, ки озими Русия мешаванд, қабл аз парвоз бояд бо худ маълумотномае дошта бошанд, ки олуда набудани онҳо ба COVID-19-ро тайид кунад. Яъне доштани маълумотномаи тибии ташхиси озмоишгоҳӣ шарт аст. Ва боз ин ки соҳиби ин маълумотнома муддати 3 рӯзи охир ба коронавирус тест супурда бошад. Баъди расидан ба Русия ҳатман бояд дар муддати 3 рӯз дар озмоишгоҳи маҳалли сукунаташ дубора озмоиш шавад. Барои ин ҳатто дар худи фурудгоҳҳо озмоишгоҳҳои ташхисӣ амал мекунанд. Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки дар оғози фаъолияти корӣ, аз ҷумла муҳоҷирон бояд низоми карантини 14-рӯзаро риоя намоянд. (https://www.rospotrebnadzor.ru/about/info/news/news_details.php?ELEMENT_ID=15064).

Масалан, дар фурудгоҳи байналмилалии Колсово (Екатеринбург) 3 нуқтаи тестгирӣ барои коронавирус амал мекунад. Нуқтаи «КволитиМед» (терминали В дар ошёнаи якум) шабонарӯзӣ ва бе рӯзи истироҳат кор мекунад ва ҳар кас ҳар вақт мехоҳад, метавонад аз озмоиш гузарад. Зарфи 24 соати оянда натиҷаи тест маълум мешавад. Натиҷаи таҳқиқот дар баргаи расмӣ дар ҳамон формате ба почтаи электронӣ фиристода мешавад, ки аз хориҷ воридшавандагон вазифадоранд дар муддати 3 рӯз аз замони аз марз гузаштан ба сомонаи gosuslugi.ru ворид месозанд. (http://svx.aero/about/news/v-aeroportu-koltsovo-nachal-rabotat-punkt-testirovaniya-na-c/)

Аллакай ҳоло дар Русия метавон бо доштани Иқомати доимӣ (ВНЖ) ва ё Шаҳодатномаи ширкаткунандаи Барномаи давлатӣ, ҳамчунин барои муолиҷа ва ё ба зарурати нигоҳубину парастории бемор аз ҷумлаи хешони наздик ва ё марги онҳо ворид шуд. (https://base.garant.ru/73751180/).

Барои тавзеҳот, ҳамчунин барои рушан кардани тағйирот ва дигар мавридҳои марбут ба гузаштан аз назорати эпидемиологӣ, шумо метавонед ба хати телефони доимоамалкунандаи Роспотребнадзор 8-800-555-49-43 муроҷиат кунед. Маълумот тавассути портали Хадамоти давлатӣ https://www.gosuslugi.ru/394604/1?from=main пешниҳод карда мешавад.

"Рӯзгор"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi