13:08:34 02-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ ФАВТИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Вазорати кишвари Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 784 шаҳрванди ин кившар интиқол дода шудааст. Гуфта мешавад, ки 93 нафар аз ин афрод кушта шудаанд ва ба гуфтаи вазири кишвари Тоҷикистон, 45 тан аз онҳо аз сӯйи ҳамватанони худ ба қатл расидаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта ҳудуди 700 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар кардаанд.

 

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 20 январ дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки мизони интиқоли аҷсоди муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан дар муқоиса бо соле қабл 103 маврид бештар будааст.Вай афзуд, ки таҳқиқи мавориди маргу мири шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳамвора дар меҳвари дидору гуфтугӯҳои мақомоти ин вазоратхона бо ҳамтоёни рус қарор доштааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи женерол Қаҳҳоров, то ҳол на ҳама аз мавориди қатли атбоъи тоҷик дар Русия таҳқиқ ва афроди мазнун дар ин ҳодисаҳо боздошт шудаанд.

 

Бар асоси омори ин вазоратхона, дар соли 2009 дар Русия 206 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи беморӣ ва 180 нафар дар тасодуфҳои роҳ ҷони худро аз даст додаанд. Тибқи дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз се сол қабл ба ин сӯ интиқоли аҷсоди муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан ба ӯҳдаи ширкати давлатии ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” вогузор шудааст. Вале ин ширкат аз миқдори маҳдуди шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳад ва ба ин далел наметавонад куллияи аҷсодро ба таври ройгон ба ватан интиқол диҳад.

 

Ба гуфтаи Абдураҳим Қаҳҳоров, дар соли ҷорӣ барои нахустин бор то 12 дарсади аҷсоди муҳоҷирон бо истифода аз маболиғи корфармоёни рус ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Тибқи тавофуқоти ду кишвар, агар муҳоҷирон дар Русия фаъолияти қонунӣ дошта бошанд, пас корфармоён дар сурати марги муҳоҷир ба интиқоли ҷасади вай муваззаф ҳастанд.

 

Сафеъулло Девонаев, раиси Идораи муҳоҷирати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар соли 2009 ин ниҳод сафари беш аз 692 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русияро сабт кардааст. Вале манобеъи мустақил теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро болиғ бар як милюн нафар арзёбӣ мекунанд. Оқои Девонаев хабар дод, ки қарор аст дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наҳваи муассиртари шумориши теъдоди муҳоҷирони корӣ роҳандозӣ шавад.

 

Дар ҳамин ҳол, созмони Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон (ICG) дар гузориши ахири худ изҳор доштааст, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ вазъи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Русияро душвортар сохтааст. Ба эътиқоди муаллифони ин гузориш, ҳарчанд иддаъо мешавад, ки беш аз 90 дарсади муҳоҷирони корӣ ба ватан бозгаштаанд, вале ба далели напардохтани маъош аз сӯйи корфармоён, теъдоди зиёде аз ин афрод натавонистаанд Русияро тарк кунанд.

 

Тибқи гузориши Гурӯҳи Буҳрон, дар пайи таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар Русия мизони нажодпарастӣ боло рафта, зиндагии муҳоҷирони корӣ, бавижа аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хатароти густурдае рӯбарӯст. Таҳлилҳои тозаи ин созмон ҳокист, ки 47 дарсади шаҳрвандони Русия муҳоҷирони кориро манбаъи ҷароим арзёбӣ карда ва 60 дарсади дигар муҳоҷиронро терурист медонанд.

 

Ҳамчунин Гурӯҳи Бӯҳрон бар пояи манобеъи худ иддаъо мекунад, ки гурӯҳҳои тундрави исломӣ аз миёни муҳоҷирони корӣ дар Русия афроди зиёдеро ба суфуфи худ ҷалб месозанд ва ин амр дар оянда барои ҳукуматҳои кишварҳои минтақа мушкилоте дар пай хоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон навиштааст, ки маболиғе, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан интиқол медиҳанд, тақрибан муъодили панҷоҳ дарсади тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон аст.

 

Зимнан, Шукурҷон Зуҳуров, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19 январ дар нишасте матбӯъотӣ изҳор дошт, ки дар соли 2009 муҳоҷирон барои бароварда сохтани ниёзи хонаводаҳои худ аз тариқи бонкҳо ду милёрд дулор интиқол додаанд, ки дар муқоиса бо соле қабл 500 милюн дулор камтар будааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/muhojirat/1574-2010-01-20-14-51-00.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854