ПЕШНИҲОДИ ТАЪСИСИ ВАЗОРАТИ МУҲОҶИРАТ
Шукурҷон Зуҳуров, вазири кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон, хостори таъсиси ниҳоде ҷудогона барои расидагӣ ба масоили муҳоҷирати корӣ дар ин кишвар шудааст. Оқои Зуҳуров ин матлабро ахиран дар нишасти матбуъотие, ки рӯзи сешанбе Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон дар маркази "Иттилоъот ва муъошират" баргузор кард, иброз доштааст.
Вай бо ишора ба нақши муҳоҷирони корӣ дар пешрафти иқтисоди Тоҷикистон таъсиси як ниҳоди ҷудогонаи давлатӣ, дар шакли вазорат ё идорае вижаро барои ҳаллу фасли масоили муҳоҷират ва дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ аз ин кишвар зарурӣ хондааст. Дар ҳоли ҳозир, идораи умури муҳоҷирати Тоҷикистон ҷузъе аз Вазорати умури дохилаи ин кишвар аст. Ин идора пештар ҷузъе аз сохтори Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъӣ маҳсуб мешуд.
Ҳамакнун оқои Зуҳуров мегӯяд, ки дар бораи таъсиси ниҳоде ҷудогона пешниҳоде ба давлат ироа кардааст. Ба гуфтаи вазири кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд ва 90 дар сади онҳо дар Русия ба сар мебаранд. Ва муҳоҷирон ноноварони аслии ҳазорон хонавода дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар соли 2009, бо вуҷуди асароти буҳрони ҷаҳонии иқтисод муҳоҷирони тоҷик танҳо аз тариқи бонкҳо тақрибан ду милёрд дулор ба Тоҷикистон ворид кардаанд. Ин дар ҳолест, ки буҷети давлати Тоҷикистон дар соли 2009 ҳудуди якуним милёрд дулор будааст. Зимнан, бар асоси мутолеъоте, ки Бонки Ҷаҳонӣ анҷом додааст, маболиғе, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон ирсол мекунанд, ба 46-48 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии ин кишвар баробар аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон, масъалаи муҳоҷиратро барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти истротежик медонад. Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон тавлиди олуминиюм ва нахи пахта дар Тоҷикистонро аз бахшҳои истротежики саноеъи худ медонад. Вале даромаде, ки давлат аз фурӯши олуминиюм ва нахи панба ба даст меорад, дар муқоиса бо оидоти арзи хориҷӣ аз сӯйи муҳоҷирон андак аст.
Зимнан, мунтақидони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки мақомот дар мавриди танзими муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар хориҷ аз ин кишвар иқдомоти ҷидие то ба ҳол анҷом надодаанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон дар бисёре аз шаҳрҳо ва вилоёти Русия анҷуманҳои худро доранд ва масъалаҳои худро ҳаллу фасл мекунанд. Бо ишора ба ин, Назар Мирзода, раиси анҷумани тоҷикони Сан-Питерзбург, ташкили ниҳоди ҷудогонаи давлатӣ дар Тоҷикистонро чандон судманд намедонад.
Вай аз ҷумла гуфт: "Ташкили чунин ниҳоди вижа боъиси тавсеъаи фасод ва ришвахорӣ мешавад. Беҳтар аст, ки давлат фаъолияти идораи муҳоҷирати Вазорати дохилаи Тоҷикистонро, ки то андозае ба мушкилоти муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар расидагӣ мекунад, тақвият кунад. Яъне ин ниҳод бояд намояндагиҳои худро дар ҳамаи шаҳрҳои Русия таъсис кунад."
Аммо Музаффар Олимов, ҷомеъашинос ва раиси маркази пажӯҳишии “Шарқ”, бо ин назар мухолиф аст. Ба гуфтаи оқои Олимов, Тоҷикистон "вазорати умури муҳоҷират"-ро бояд даҳ сол пеш таъсис медод.
Вай гуфт: "Масъалаи муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, танзими кори онҳо дар хориҷи кишвар бояд ба уҳдаи як ниҳоди вижаи давлатӣ бошад. Зеро идораи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон наметавонад ба ҳамаи масъалаи муҳоҷирон, аз таъмини кор гирифта то ҳифзи ҳуқуқи онҳо, дарёфти бимаи тиббӣ, ҷойи иқомат ва ҳуқуқи моҳонаи онҳо расидагӣ кунад."
Шукурҷон Зуҳуров, вазири кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон, низ ба ҳамин нукта таъкид кард ва гуфт, ки дар аксари маворид ба далели набудани як ниҳод муҳоҷирони корӣ ба доми ширкатҳо ё миёнҷиҳои дурӯғин меафтанд ва баъдтар наметавонанд ҳаққи заҳмати худро дарёфт кунанд ва кори онҳо дар ниҳоят ба пулис мекашад.
Вай гуфт: "Дар ҳоли ҳозир беш аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба далели нагирифтани ҳуқуқи моҳонаашон наметавонанд ба ватани худ баргарданд ва аксарияти онҳо ба доми фиреби ширкатҳои қалбакӣ ва миёнҷиҳои дурӯғин ва фиребгарон афтодаанд."
Оқои Зуҳуров афзуд, ки идораи муҳоҷирати Вазорати дохила наметавонад ба ҳалли ин мушкил расидагӣ кунад. Алишер Ёрбобоев, мудири бахши шуғл ва ҳифзи иҷтимоъии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ин нишасти матбуъотӣ ширкат дошт, низ ба ҳамин назар аст.
Ба гуфтаи вай, қарордодҳое, ки миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати корӣ имзо шудаанд, наметавонанд масоили муҳими муҳоҷиратро ҳал кунад, ба ин далел, ки муҳтавои ин қарордодҳо "декларативӣ" ҳастанд ва мушкилоти мушаххаси муҳоҷиратро наметавон бар асоси ин қарордодҳо ҳаллу фасл кард.
Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон тарҳи қарордодҳои ҷадид барои ҳалли ин мушкилро ироа кардааст, вале давлати Русия барои ҳалли ин мушкил аҷала намекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, агар муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ду милёрд дулор ворид карда бошанд, 10 милёрд дулори дигар ба Русия фоида ворид кардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, агар як шаҳрванди Русия дар сохтмон кор кунад, ӯ ҳатман барои кори моҳонааш ду ҳазор дулор талаб мекунад, вале муҳоҷири тоҷик ҳамин корро дар ивази 500 дулор иҷро мекунад. Ба ҳамин далел, ширкатҳои сохтмонӣ ва корфармоён намехоҳанд фаъолияти муҳоҷирони тоҷикро қонунӣ кунанд.
Дар сурати қонунӣ кардан ширкатҳо маҷбур мешаванд ба муҳоҷирон маблағи бештаре пардозанд, зеро муҳоҷирон аз ин ҳисоб молиёт мепардозанд. Афзун бар ин, корфармоён бояд тамоми шароит ва имтиёзҳои иҷтимоъиро барои муҳоҷирон таъмин кунанд.
Расули Шодон,
рӯзноманигори тоҷик, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/muhojirat/1586-2010-01-21-18-45-44.html