22:57:42 25-уми Июни 2025 сол

ЭЪТИРОЗИ СОЗМОНИ МУҲОҶИРИН НИСБАТИ "ТАҲҚИРИ" МУҲОҶИРОН

Созмони Ҷунбиши сартосарии муҳоҷирини тоҷик дар Русия бо нашри номае саркушуда аз мақомоти ин кишвар хостааст аз он чи тавҳини муҳоҷирини тоҷик дар расонаҳои ин кишвар хонда шуда расидагӣ кунанд.

 

Каромат Шарипов, раиси ин созмон ба Би-би-сӣ гуфт аз Додситонии кулли Русия ва сарвиси федероли ин кишвар дар умури назорат ба васоили иттилоъотӣ ва мухобиротӣ даъват карда то барномае зари унвони "НАША РАША" дар шабакаи телевизиюни мавсум ба "ТНТ" ва филме зери унвони "Байзаҳои тақдир" мамнуъ шаванд. Дар номаи ин созмон омадааст дар ин барнома ва филми "Байзаҳои тақдир" тасвири таҳқиромезе аз муҳоҷирони тоҷик ироа шуда, ки рӯи чеҳраи ҳуввияти миллии тоҷикон соя меафганад.

 

Ин созмон тасовири ба гуфтаи он тавҳиномези мавориди зиндагии муҳоҷирини тоҷик дар барномаи "НАША РАША" ро хилофи Қонуни Асосии Русия хондааст. Қаҳрамонони асосии ин барнома ва филми "Байзаҳои тақдир" муҳоҷирини рамзии тоҷик бо номҳои Ҷамшуд ва Равшан ҳастанд, ки бо рафторҳои соддалавҳона тасвир шудаанд.

 

Дар номаи созмони ҷунбиши сартосарии муҳоҷирони тоҷик дар Русия навишта шуда, ки "муаллифони филм на танҳо бо ироаи тасвири "Ҷамшуд" ва "Равшан" миллати тоҷикро ба унвони миллати дорои маҷмуъае аз навоқис намоиш медиҳанд, балки нисбат ба шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки рамзи давлат аст, беэҳтиромӣ мекунанд."

 

Муаллифони нома гуфтаанд сарфи назар аз эътирози Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Русия телевизиюни "ТНТ" ба пахши барномаи "НАША РАША" идома додааст ва дар заминаи маводи ин барнома дар бораи "Ҷамшуд" ва "Равшан" ширкати "Комеди клаб продакшн" филми "Байзаҳои тақдир" ро сохтааст.

 

Ин созмон таъкид кардааст, ки афроди масъул дар интишори "ишора ва таъбирҳои тамасхуромез" ва "иҳонати сареҳ" нисбати миллати тоҷик таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода шаванд ва тааҳудоти байналмиллалии Русия дар заминаи ҳуқуқи башар риоят шаванд. Ин созмони муҳоҷирин хостааст фурӯши сиди ва дивидиҳое ҳовии муҳтавои барномаи "НАША РАША" ва филми "Байзаҳои тақдир" мамнуъ шавад.

 

Вазъи зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки шумори ононро манобеъи мустақил беш аз 1 миллиюн нафар хондаанд, аз мавзуъоти ҳассос дар равобити ду кишвар будааст. Бо афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳҳои миллигарои рус, ки афроди ғайрирус ба хусус мардумони Қафқоз ва Осиёи Миёнаро мавриди ҳамалоти худ, қарор медиҳанд, мавзуъи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба яке аз мавзуъҳои доғи равобити Русия ва Тоҷикистон табдил шудааст.

 

Кушта шудани Салоҳиддин Азизов, муҳоҷири ҷавони тоҷик дар моҳи декабри соли 2008 дар Маскав муҷиби интиқодоти шадиди мақомоти Тоҷикистон ва ахзоби сиёсии ин кишвар аз давлати Русия, аз шуракои асосии истротежики Душанбе шуд.

 

Созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар давлати Русияро ба адами тамоюл барои бархурди ҷиддӣ бо фаъолиятҳои гурӯҳҳои миллигаро муттаҳам кардаанд ва дар бархе маворид гуфтаанд расонаҳои ин кишвар ҳам эҳсосоти миллатгароёнаро доман мезананд ва ниҳодҳои интизомӣ ва пулиси Русия нисбат ба фаъолиятҳои ин гурӯҳҳо дастикам чашмпӯшӣ кардаанд.

 

Аммо ин иддаъоҳоро давлати Русия кароран бепоя хондааст ва гуфтааст бисёре аз ҳамалоте, ки анҷом шуда на дар заминаи тафовутҳои қавмӣ балки дар заминаҳои мухталифи иҷтимоъӣ сурат гирифтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/muhojirat/1751--qq-.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ