СОХТОРИ АЛОҲИДАИ МУҲОҶИРАТ БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?
Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зарурати таъсис додани сохтори махсусро оиди кор бо муҳиҷирони меҳнатӣ қайд намуд. Дар иртибот бо ин мавзӯъ андешаҳои Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Сомониён»-и ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Муҳаммадназар Мирзода пешкаши хонандагони арҷман мегардад. Ҷараёни муҳоҷирати меҳнат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои стратегӣ ба ҳисоб рафта, омили муҳим барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт мебошад.
Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон захираҳои меҳнатӣ зиёд буда, афзоиши аҳолӣ баланд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ доир ба масъалаи мазкур ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Тавре, ки маълум аст, яке аз масъалаҳои муҳими имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон таъмини аҳолӣ, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кор дар дохил ва хориҷи кишвар ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Бинобар ин бо мақсади ҳимояи ҳукуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнат бо Фармони Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30 ноябри соли 2006 таҳти 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷ роияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз таркиби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳоҷирати меҳнат хориҷ карда шуда, ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шуд. Мутобиқи Фармони мазкур дар сохтори Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон 20 феврали соли 2007 Ҳадамоти муҳоҷират таъсис дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Ҳадамоти муҳоҷират навтаъсис буда ба мушкилоти зиёди ташкилӣ ва коргузорӣ рӯ ба рӯ аст.
Новобаста аз он, ки талаботҳои банди 5-и Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 таҳти 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷ роияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор доир ба бо пуррагӣ гузаронидан ба Вазорати корҳои дохилӣ гузаронидани воҳидҳо ( ҳамагӣ 4 воҳид гузаронида шудаасту халос), воситаҳои техникӣ, иншоотҳо ва дигар то ҳол амалӣ нагардидаанд, дар давоми 3 соли сипаригашта Ҳадамот амалкунанда тавонист дар самти муҳоҷират фаъолиятро ҷоннок карда, раванди муҳо ҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ба танзим дарорад.
Инчунин ба ҳадамотҳои муҳоҷирати мамлакатҳои ҳамсоя ва хориҷи дур муносибатҳои судманди хизматӣ барқарор намуда барои рушди соҳа замина гузоштааст. Дар самти таҳия намудани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оиди танзими раванди муҳоҷират, то имрӯз Ҳадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 80 лоиҳаи Созишномаҳо, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки қисми зиёди онҳо қабул шуданд.
Танҳо дар давоми соли 2009 40 санади меъёрии ҳуқуқӣ, лоиҳаҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаҳо, Ёддошти таффоҳум, таҳия намудааст, ки нисбат ба соли 2008 -16 санади меъёрии ҳуқуқӣ зиёд буда, пеш аз ҳама ин санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба инкишофу ташаккул додани танзими раванди муҳоҷират равона карда шудааст.(Соли 2008 - 24). Дар чор моҳи соли 2010 бошад 23 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
Инчунин, дар соли 2009 120 вохӯриҳои судманд бо созмону ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятҳо доир гардиданд, ки нисбат ба соли 2008 75 вохӯрӣ зиёд мебошад (соли 2008 45). Дар чор моҳи соли 2010 50 маротиба вохӯрӣ доир гардидааст, ки нисбат баҳамин давраи соли 2009 17 вохӯрӣ зиёдтар аст. Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои танзим намудани раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқӣ муҳоҷирони меҳнат ва дигар проблемаҳои ба муҳоҷират мансуб баррасӣ гардиданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳадамоти муҳоҷиратиВазорати корҳои дохилӣ барқ арор ва густариш додани муносибатҳо бо Ҳадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия мебошад, зеро аксари муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Точикистон дар ин кишвар қарор доранд. Бинобар ин, бо Директори Ҳадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия Ромодановский К.О. якчанд маротиба вохӯриҳои судманд баргузор гардид.
Дар рафти ин вохӯриҳо масъалаҳои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқӣ муҳоҷирон, шароити мусоиди кор ва зист, дароз намудани мӯҳлати бақайдгирӣ, гирифтани иҷозатнома барои кор, кушодани марказҳои муҳоҷират, инчунин масъалаҳои напардохтани маош аз ҷониби корфармоён, ғайри қонунӣ боздоштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва берун намудан аз қаламрави Федерацияи Россия (депортатсия) баррасӣ гардиданд.
Бояд зикр кард, ки натиҷаи ин вохӯриҳо ба кам гардидани депортатсияи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз қаламрави ин кишвар мусоидат кард. Дар соли 2009 аз хориҷи кишвар 1395 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон депортатсия шудаанд, ки нисбат ба соли 2008 - 661 нафар ва дар муқоиса ба соли 2007 - 595 нафар кам гардидааст.
Бо дархости Ҳадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ 17 феврали соли 2009 дар ш. Москва бори аввал Директори Ҳадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия К.О. Ромодановский бо раисони диаспораҳои тоҷикони муқими Федератсияи Россия вохӯрии корӣ доир намуд. Ин вохӯрӣ барои барқарор намудани ҳамкорӣ ва робита байни диаспораҳои то ҷик ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия аҳамияти калон дошт.
Бо дастгирии Ҳадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ аввалин маротиба раисони диаспораҳои тоҷикони Россия ба узвияти Шӯрои ҷамъиятӣ-машваратии назди Ҳадамоти Федералии Муҳоҷирати Россия қабул гардиданд, ки дар онҳо манфиатҳои тоҷикони муқимӣ Россия ва муҳоҷирони меҳнатиро ҳимоя менамоянд.
Аз 18 то 24 майи соли 2009 вохӯриҳои ҳайати кории Ҳадамоти муҳоҷират бо раисони ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Россия дар ш.Самара барпо карда шуданд. Дар ин вохӯри ҳо бо шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик, на танҳо ҳайати кории Ҳадамоти муҳоҷират, балки масъулини ташкилотҳои гуногуни байналмиллалию -ғайридавлатӣ, намояндагони расонаҳои хабарии мамлакат низ ширкат варзиданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯриҳои мазкур мулоқотҳои корӣ бо Раиси Думаи Губернияи вилояти Самара, бо Прокурори вилояти Самара, сардори Раёсати Ҳадамоти Федералии Муҳоҷирати вилояти Самара, сардори Раёсати Ҳадамоти Федералии Муҳоҷирати ш. Толятти барпо гардид. Рӯзҳои 16-17 июни соли 2009 Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳ тарам Эмомал Раҳмон ба ш. Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия, сафар намуда, бо муҳоҷирони меҳнат ва раисони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикистониён-диаспора ҳои округи Федералии Урал ва манотиқи наздиктарини он мулоқот доир намуд.
Дар доираи ин сафар сардори Ҳадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ Девонаев С.А. низ бо роҳбарони мақомоти қудратии вилояти Свердловск як қатор вохӯриҳои корӣ ан ҷом дод. Аз он ҷумла, бо Прокурори вилояти Свердловск мулоқот намуда, масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ , сари вақт кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнине, ки нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудаанд, пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнати муҳоҷирон аз ҷониби корфармоёнро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар вохӯрӣ бо сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят Никитин Александр Михайлович мавзӯъҳои ғайри қонун дастгир шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби баъзе намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, депортатсияи ғайри қонунии муҳоҷирони тоҷик, инчунин вазъи ҷиноӣ , ки бо истиқомат ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон алоқаманданд, муҳокима гардиданд.
Дар мулоқоти дигар бошад бо сардори Раёсати Ҳадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Свердловск низ масоили ба қайдгузории саривақтии муҳоҷирон, додани иҷозатномаҳо барои кор, пардохти музди меҳнат, депортатсия, ба таври объектив тафтиш намудани парвандаҳо ва манъ кардани дастгиркуниҳои ғайри қонунӣ , табодули афкор сурат гирифт.
Ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки 21 августи соли гузашта дар ш. Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия бо иштироки Вазирони корҳои дохилии ҳарду давлат Қаҳҳоров А.А., Нургалиев Р.Г., Президенти Ҷумҳурии Тотористон Шаймиев М. ва дигар аъзои ҳайати мушовара, баргузор гардид, қадами ҷиддие дар роҳи ҳал намудани проблемаҳои муҳоҷирони тоҷик дар Федератсия Россия ба шумор меравад.
Махсусан, ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, пурзӯр гардида, аллакай чор маротиба аз ҷониби Ҳадамоти муҳоҷират ҷаласаҳои муштараки гурӯҳи кории Тоҷикистону Россия ҷиҳати амалисозии ин Созишнома гузаронида шудаанд.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то соли 2007 масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, алалхсус амалисозии Созишномаи мазкур ба ӯҳдаи онҳо буд, ҳамагӣ як маротиба ҷаласаи якҷоя гузаронида шудаасту халос. Ҳадамоти муҳоҷират, ҳамзамон барои ёфтани бозорҳои нави меҳнат низ тадбирҳои заруриро андешида, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ , Қатар, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Чехия, Полша, Австрия, Украина, кишварҳои назди Балтика ва Белорус шартномаҳо бандад.
Аллакай лоиҳаи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия, Кореяи Ҷануб, Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Белорус дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия гардида, барои баррасӣ фиристода шудааст.
Инчунин, таҷрибаи бою ғании давлати Филиппинро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ омӯ хта, мувофиқ бо менталилети Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2010-2015-ро таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуд, ки айни ҳол дар арафаи тасдиқшавӣ қарор дорад.
Ҳадамоти муҳоҷират бо Шӯрои роҳбарони мақомотҳои муҳоҷиратии ИДМ, Созмони шартномаҳои дастаҷамъии бехатарӣ (ОДКБ), Кумитаи ҳамоҳангсозии Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё (Интеграционный Комитет ЕврАзЭС), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (БКБОП) оиди вазъи муҳоҷирати меҳнат ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайри қонунӣ, ташаккули муназзами бозори умумии меҳнат ва танзими қувваҳои корӣ дар давлатҳои аъзоёни ИДМ ҳамкориҳоро дар соҳаи сиёсати муҳоҷират пурзӯр намуд.
Инчунин, як қатор чорабиниҳои мушаххас аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ , алалхусус Агентӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ ва рушдӣ (АКТЕД), Бонки умумиҷаҳонӣ , Раёсати Олии Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (УВКБ ООН), Созмони Байналмилалии Меҳнат (МОТ), Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (МОМ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) ҷиҳати гузаронидани тренингҳо барои кормандони Ҳадамоти муҳоҷират ва воҳидҳои он дар ҷойҳо, ташкил кардани конференсияҳо ва семинарҳо дар кишварҳои хориҷи наздик ва дур оид ба масъалаҳои танзими раванди муҳоҷиратӣ, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда ва пешқадам дар соҳаи муҳоҷирати меҳнат амал гардида истодааст.
Ҳадамоти муҳоҷират дар доираи амалисозии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ ва рушдӣ (АКТЕД), ки 6-уми апрели соли 2009 ба имзо расидааст, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз он ҷумла, ҷиҳати созмон додани Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Ҳадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия намудани буклетҳо ва ёддоштҳо барои муҳоҷироне, ки аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷ мераванд, омода намудани роликҳои таблиғӣ оид ба фаҳмондан ва пешгирии хатарҳои эҳтимолии муҳоҷирати меҳнатӣ, Дастурамал оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнат барои кормандони Ҳадамоти муҳоҷират, ворид намудани махзани ҳуқуқии марказонидашуда (правовая база) "Адлия" дар Ҳадамоти муҳоҷират, ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонва ғайра.
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, пештар шумораи рафтуомади муҳоҷирони меҳнат ба хориҷи кишвар мавҷуд набуд. Аз ин лиҳоз бо ташаббуси Ҳадамоти муҳоҷират бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ , аз он ҷумла пешгирии муҳоҷирати-ғайри қонунӣ, ба ҳисобгирии рафтуомади теъдоди муҳоҷирони меҳнат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 378 аз 1 августи соли 2008 "Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби ба қайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар" тасдиқ карда шуд, ки ба он бо Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таҳти 622 тағйирот дароварда шуд.
Дар асоси ин қарор аз ҳисоби худ маблағгузории Ҳадамоти муҳоҷират шӯъбаи назорат ва ба ҳисобгирии муҳоҷират таъсис дода шуд. Аз 01 январи соли 2010 шурӯъ карда, Ҳадамоти муҳоҷират пурра рафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хориҷа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро ба ҳисоб мегирад. Инчунин кормандони шӯъбаи мазкур бағайр аз ба ҳисоб гирифтани рафту омади муҳоҷиронӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва риояи қоидаҳои будубоши онҳоро таъмин менамоянд.
Ҳадамоти муҳоҷират таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ додани иҷозат барои корро пешниҳод намуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 529 аз 31 октябри соли 2008 тасдиқ карда шудааст. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур 5771 маводҳо барои гирифтани иҷозат барои кор ба расмият дароварда шудааст.
Аз додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ 4 миллиону 421 азору 300 сомон ба буҷаи давлат ворид гардидааст. Дар маҷмӯъ васеъ гардидани доираи фаъолият ва пайдо гардидани самтҳои гуногуни муҳоҷират, инчунин таъмини ҳарчи беҳтари ҳифзи иҷтимоии аҳолии ниёзманд, таҳкиму танзими муносибатҳои меҳнатӣ, зарурати таҳдиди сохтори Ҳадамоти муҳоҷират ва мустаҳкам намудани нақши онро тақозо мекунад.
Нимнизом (низомию шаҳрвандӣ) будани ниҳоди муҳоҷират дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон беҳтарин ва ягона роҳи дуруст мебошад, зеро ин раванд дар аксарияти давлатҳои аъзои ИДМ, аз он ҷумла, Федератсияи Россия, Белоруссия, Қазоқистон ва давлатҳои хориҷи дур ва наздик ба монанди: Полша, Чехия, Олмон, Британияи Кабир, Шветсия, Ӯзбекистон, Озорбойҷон, Украина, Туркманистон ва дигар давлатҳо идома ёфта истодааст ва онҳо байни якдигар муносибатҳои манфиатбахши созандагӣ бунёд карда истодаанд. Айни замон,ҳ амкории байни мақомотҳои корҳои дохилӣ бо бисёре аз кишварҳои зикргардида дар асоси созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа вуҷуд дорад ва онҳо самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати ғайри қонунӣ, масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ , қабул ва ба расмият даровардани ҳуҷатҳо оид ба паноҳяндагон, гурезагон ва дигар ҳаракатҳои ҳуқуқиву огоҳонии онҳоро танзим мекунанд.
Ҷомеаи имрӯза низ тақозои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ягонаи давлат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, сиёсати ягонаи давлатро дар ин соҳа амал намояд, ташкил карда шавад. Дар ин боб таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯхта, аз он ҷумла, Федератсия Россияро, ки аксарияти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар қаламрави он фаъолияти меҳнат менамоянд, дастури амал намуда, сохтори ягонаи давлат оид ба масъалаҳои муҳоҷират бояд аз ҳисоби кормандони низомию шаҳрванд пурра карда шавад.
Таъсис додани сохтори алоҳида оид ба муҳоҷират дар заминаи Ҳадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии давлатии ҳифзи вохӯрӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони низомию шаҳрвандӣ , дар марҳилаҳои кунун барои боз ҳам хубтару беҳтар истифода шудани имкониятҳои мавҷуда заминаи мусоид муҳайё менамояд. Ин сохтор бояд дар алоҳидагӣ имконият ва ваколат дошта бошад, ки созишномаҳо, шартномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба имзо расонад. Бинобар ин васеъ намудани ваколатҳои он бо назардошти талаботи вазъи тағйирёбандаи муҳоҷирати меҳнат дар хориҷи кишвар саривақт ва талаби замон мебошад.
АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2344-2010-05-22-17-33-57.html