07:42:58 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МАКТАББАЧАҲОИ МАРДИКОР

 

Музаффар, хонандагони синфи 9-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, айёми таътили тобистонаашро ҳамроҳи 4 ҳамсинфаш дар сохтмони як бино мегузаронад.

Музаффар мегӯяд, дар сохтмони ин бинои навбунёд кори ӯ иборат аз хишчинӣ аст ва гоҳо ӯро барои сементрезӣ низ ҷалб мекунанд. Вай меафзояд. Ба гуфти Музаффар, ӯ феълан ҳамроҳи волидонаш ба сар мебарад ва падараш посбони дар як идораи ҷамъиятӣ буда, модараш хонанишин аст. 

Вай мегӯяд, гоҳо 7 рӯзи ҳафта ба кор мебарояд, ҳарчанд корфармо барои ӯву ҳамсинфони акнун ҳамкораш 25-30 сомонӣ, муодили ҳамагӣ 6 доллари амрикоӣ, ҳақмузди рӯзона медиҳад. Ӯ мегуяд, умдатан маблағи аз ин кораш дарёфтнамударо барои таъмини зиндагии хонаводааш сарф мекунад. 

Вай меафзояд, «дар як маврид харидани ҳама маҳсулоти озуқаворӣ мушкил мебошад. Он маблағе, ки аз пушти ин кор мегирам, барои харидории чойу нон, равған ва сару либос сарф мекунам». 

Ба гуфтаи Музаффар, ҳарчанд дар айёми таътил гармӣ аксаран тоқатфарсо ва кори сохтмон зери офтоби сӯзон мушкил аст, аммо вай дигар илоҷ ҳам надорад, чунки кори дигар пайдо кардан мушкил аст. 

Ба ин ҳол Мӯъмин-амаки 52-сола, падари Музаффар, бо изҳори таассуф аз шароит ва кори сахти писараш дар сохтмон мегӯяд, ин ҳама корҳо аз ноилоҷӣ аст ва онҳо хуб медонанд, ки маъмулан дар ингуна шароит саломатӣ бад шуда, адолати иҷтимоӣ шояд аслан риоя нашавад. Мӯъмин-амак даврони хурдсолиашро ба ёд оварда, мегӯяд, ки дар даврони шӯравӣ ҳам наврасону донишҷӯён ба ингуна корҳои мавсимӣ ҷалб мешуданду барои пул кор мекарданд, вале дар баробари дастмузди хуб онҳо инчунин истироҳату фароғат ҳам мекарданд. 

Вай мегӯяд, исми ингуна корҳои сайёри мавсимиро "стройотряд" мегуфтанд ва маъмулан дар ин корҳо гурӯҳи ихтиёриҳоро барои корҳои кишоварзӣ ё сохтмон ҷалб мекарданд дар шаҳру манотиқи мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ мегуфтанд. Буданд корҳое мисли корҳои сохтмони осоишгоҳи Хоҷа-Обигарм, ки дар кори хиштерзӣ писарбачаҳои синфҳои болоӣ имкон доштанд ширкат кунанд ва барояшон дар баробари пул ҷои хоби муносиб, ғизо ва гоҳо барномаҳои тафреҳӣ пешниҳод мешуд. 

Дар ин ҳол Илҳом, як тан аз донишҷӯёни суғдӣ, мегӯяд, ҳолатҳоеро мушоҳида кардааст, ки гурӯҳе аз ҳамсабақонаш барои дарёфти рӯзӣ дар айёми таътил ба хизматрасонии тоҷирону соҳибкорон низ машғул мешаванд. Вай аз мушоҳидаҳояш гуфт, ки баъзе ҳамсабақанонаш шабонарӯзӣ кор мекунанд, масалан шабҳо яхмоссозиву рӯзона аробакашӣ мекунанд

Самади Алӣ, аз омӯзгорони донишгоҳи Хуҷанд, мегӯяд, «дар замони шӯравӣ дар лагерҳои тобистона ҳар гуна барномаҳои вижаи тафреҳӣ ва корӣпешниҳод мешуд. Дар айёми мактабхонии мо дар лагерҳои ба монанди Спутник, Орлёнок ҳам фарзандони ҳам роҳбарон ва ҳам фарзандони деҳқон ширкат меварзиданд ва дар он ҷо меҳнат, на меҳнати сангин, мекарданд. Онҳо пиёзу зардолу ҷамъоварӣ мекарданд, ки ҷанбаи тарбиявӣ дошт». 

Ҳамчунин Самад Алӣ гуфт, мутаасифона, имрӯз дар мактабҳову донишгоҳҳо табақабандӣ баръало мушоҳида мешавад. Ҳоло бисёри фарзандони хонаводаҳои камбизоат аз ночорӣ дар ин айёми таътили тобистона кор мекунанду аксар фарзандони мақомот ва афроди сарватманд истироҳат ва ҳатто дар берун аз Тоҷикистон саёҳат мекунанд. Вале дар ниҳоят, мегӯяд ӯ, таҷрибаву кор устухони ин ҷавонҳоро сахт карда, дар ташаккур ва шаклгирии ояндаи онҳо кӯмаки хубе хоҳад шуд.

Қамари Аҳрор, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi