02:55:44 01-уми Июни 2025 сол

КОҲИШИ МИЗОНИ МУҲОҶИРАТИ ТОҶИКОН БА РУСИЯ

Аз авоили сои ҷорӣ мизони муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ба таври чашмгире коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилоъи намояндагии Идораи федероли муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, ин амр ба паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар Русия ва ҳифзи бозори кор дар ин кишвар бастагӣ дорад. Ҳамзамон ин ниҳод аз афзоиши таваҷҷӯҳи атбоъи тоҷик ба иқомат дар Русия хабар медиҳад.

 

Виктор Себелев, раиси намояндагии Идораи федероли муҳоҷирати Русия, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия ҳудуди 33 дарсад коҳиш ёфтааст. Вай афзуд: "Дар соли гузашта ҳудуди 700 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия барои дарёфти ҷойи кор рафта буданд. Дар ҳафт моҳи имсол ин рақам ҳудуди 346 ҳазор аст ва гузашта аз ин, то ҳол 137 ҳазор нафари дигар ба ватан баргаштаанд."

 

Дар посух ба ин суол, ки оё ин омор воқеъӣ аст, оқои Себелев гуфт, ки аз чанд сол пеш ба ин сӯ Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ба шумориши теъдоди муҳоҷирон машғул аст ва метавон ба онҳо эътимод кард. Аз сӯйи дигар, вай изҳор дошт, ки дарёфти иттилоъи комил дар бораи теъдоди воқеъии муҳоҷирони тоҷик дар Русия душвор аст. Зеро бештари онҳо ба сурати ғайрирасмӣ дар ин кишвар фаъолият мекунанд.

 

Вай хабар дод, ки аз якуми июли соли ҷорӣ муқаррароти ҷадид барои муҳоҷирон роҳандозӣ шудааст, ки тибқи он ҳар як муҳоҷир бо пардохти як ҳазор рубли Русия ҳақ дорад як моҳ дар ҳар куҷое, ки хост кор кунад. Ба эътиқоди оқои Себелев, ин амр имкон медиҳад, ки фаъолияти бахши аъзами муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия, бавижа аз Тоҷикистон, қонунӣ шавад. Ҳамчунин, тибқи муқаррароти ҷадид, Русия ба ҷалби мутахассисини варзида барои кор дар ин кишвар иқдом кардааст.

 

Вай гуфт: "Барои мутахассисине, ки дар Русия беш аз ду милюн рубли Русия ҳуқуқ дарёфт мекунанд, шароити вижа фароҳам карда мешавад, ки тақрибан бо ҳуқуқҳои атбоъи Русия баробар аст."

 

Вай хабар дод, ки чунин шахсон аз ҳуқуқи боимтиёзи дарёфти шаҳрвандии Русия низ бархурдор мешаванд. Вале ин афрод бояд бо даъвати вижаи ширкатҳо ва корхонаҳои Русия ворид шаванд ва асноди онҳо аз сӯйи Идораи федероли муҳоҷирати Русия таҳия мешавад. Дар посух ба ин суол, ки оё аз Тоҷикистон низ чунин нафароне пайдо шудаанд ё хайр, оқои Себелев гуфт, ки то ҳол асомии ду шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти чунин ҷойи кор дар сойти интернетии ин Идора мунташир шудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Идораи федероли муҳоҷирати Русия аз тавофуқоти ахири руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар бораи тамдиди мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки иҷрои ин амр шароити буду боши атбоъи тоҷикро сода хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, дар чунин сурате атбоъи тоҷик аз ҳаққи сабти ном дар ниҳодҳои зирабти Русия дар тӯли 90 рӯз бархурдор мешаванд. То ҳол чунин тавофуқоти Русия танҳо бо Укройн иҷро мешавад.

 

Виктор Себелев ҳамчунин хабар дод, ки дар як соли ахир таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба барномаи давлатии Русия мабнӣ ба кӯч додани ҳамватанон аз хориҷи кишвар ба Русия ду баробар афзоиш ёфтааст. Ин барнома ба ҳар нафаре, ки худро алоқаманди забон ва фарҳанги рус мехонад, имкон медиҳад ба Русия кӯч бандад ва шаҳрвандии онро дарёфт кунад.

 

Ҳамзамон давлати Русия куллияи махориҷи кӯч ва харидории маскан дар Русияро пардохт мекунад. Ба гуфтаи оқои Себелев, аз соли 2007, яз замони оғози ин барнома то ҳол, аз Тоҷикистон ба Русия 1102 нафар, умдатан ба вилоёти Липеск, Калуга, Калиниград ва Твер кӯч бастаанд. Миёни кӯчбастагон умдатан тоҷикон ва ӯзбакон будаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/3017-2010-08-31-18-19-33.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854