"ТАНҲО ДУ ДАРСАДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ҚОНУНИАНД"
Ҳоло танҳо ҳудуди 19 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия "ба таври қонунӣ ва мутамаддин" фаъолият мекунанд. Ин суханро Виктор Себелев, раҳбари намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 26 ноябр дар як кунфронси илмии байналмилалӣ дар масоили муҳоҷират дар шаҳри Душанбе иброз дошт. Оқои Себелев ин рақамро ночиз хонда ва гуфт, ки аз ҷумлаи беш аз 900 ҳазор муҳоҷири тоҷик танҳо 2 дар сади онҳо "ба таври мутамаддин" фаъолият мекунанд. Вай афзуд, ки барои нақзи қавонин ва муқаррароти муҳоҷирати Русия дар соли гузашта беш аз 4 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик аз ин кишвар ихроҷ карда шудаанд.
Муҳоҷирон чи гуна “қонунӢ” мешаванд?
Абдуқодир Назаров узви гурӯҳе 34-нафарӣ аз муҳоҷирони қонунӣ аст, шоми имрӯз ба шаҳри Иркутски Русия парвоз хоҳад кард. Оқои Назаров мегӯяд, ки дар зарфи 10 соли ахир пайваста барои дарёфти кор ба Русия меравад ва ҳамеша дар ин кишвар бо мушкили пайдо кардани кори сердаромаду ҳимояти худ аз корфармоёни ба гуфтаи ӯ беинсоф ва бо муносибати дағалонаи пулис мувоҷеҳ аст.
Ӯ гуфт, ки барои аввалин бор дар шаҳри Душанбе бо ҷониби корфармои Русия, яъне ширкати сохтмонии “Востсибстрой”-и шаҳри Иркутск қарордод имзо карда ва акнун бидуни нигаронӣ аз сарнавишти эҳтимолии худ дар Русия ба ин кишвар сафар мекунад. Қарор аст ин гурӯҳ дар иҷрои тарҳи давлати Русия дар заминаи бунёди манозили маскунӣ барои кӯҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ва бознишастагон ширкат кунад.
Ба гуфтаи Камол Акрамов, раиси ширкати “Тоҷикавиатур”, ки сафари ин гурӯҳро ба шаҳри Иркутск ҳамоҳанг кардааст, ширкати сохтмонии “Востсибстрой” шароити заруриро барои буду боши муҳоҷирон фароҳам кардааст. Ҳамчунин, дар ин гурӯҳ ошпаз ё таббохе низ ҳаст, ки дар Русия барои тоҷикон таъомҳои миллӣ омода мекунад. Оқои Акрамов гуфт, ки тибқи қарордод бо ширкати русӣ маъош ё ҳуқуқи ин афрод бар асоси корҳои анҷомшуда пардохт мешавад.
Муддати қарордод як сол буда ва дар сурати лозим тамдид хоҳад шуд. Дар моҳи ҷорӣ ин дуюмин гурӯҳест, ки ба таври расмӣ барои кор озими Русия шудааст. Қаблан гурӯҳе 23-нафарӣ бо мусоъидати ширкати “Тоҷикавиатур” ба шаҳри Иркутски Русия рафта буд. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё замонате вуҷуд дорад, ки аз ҳуқуқ ва манофеъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дифоъ шавад?
Виктор Себелев, раҳбари намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, гуфт, ки аз ҷумлаи 10 ҳазор нафар муҳоҷироне, ки дар соли гузашта ба таври расмӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафта буданд, иттилоъе дар мавриди нақзи ҳуқуқи ин афрод ё мушкили пардохти ҳақуззаҳмаи онҳо аз сӯйи корфармоён нарасидааст. Оқои Себелев сафари муҳоҷирони тоҷик бар асоси қарордод ва ба таври қонунӣ ба Русияро марҳилаи ҷадиди муҳоҷирати расмӣ арзёбӣ карда ва гуфт дар оянда наҳваи муҳоҷират ба Русия ба ин тартиб сурат хоҳад гирифт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/3675-q-------q.html