05:30:33 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ 12 СОКИНИ АШТ ДАР АФҒОНИСТОН

  Аъзои ду хонаводаи сокини ноҳияи Ашт, ки бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар қаламрави Афғонистон боздошт шудаанд, узви кадом гурӯҳ, ҳаракат ва ё ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон набудаанд. 12 узви дар Афғонистон боздоштшудаи ин ду хонавода, дар ҳоли ҳозир, таҳти пурсиши мақомоти амниятии он кишвар қарор доранд. 

Дар ҷараёни пурсиши маъмурини афғон иқрор кардаанд, ки мехоҳанд дар як кишваре бо низоми исломӣ зиндагӣ дошта бошанд, дар ҳоле ки Тоҷикистон давлати дунявист ва иллати тарки ватан карданашон низ ҳамин будааст. Давлат Назрӣ -сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ ин сарусадоҳоро, ки ин ду хонавода гӯё зери фишор ва ё таъқиби қавмӣ маҷбур ба тарки кишвар шудаанд, рад кард. Ӯ афзуд, барои таҳқиқи сарнавишти 12 тан аз шаҳрвандони тоҷики дастгиршуда дар Афғонистон бо мақомоти он кишвар дар дар робита ҳастанд.


Зимнан ин нафарон аз атбоъи ӯзбактабори Тоҷикистон будаанд, ки фарзандони хурду навраси худро низ ҳамроҳ ба Афғонистон бурдаанд. Дар ҳамин ҳол, Сайидмуҳаммади Хайрхоҳ - сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба далели надоштани иттиллоъ дар ин бора аз сӯҳбат бо радиои Озодӣ худдорӣ кард. Дар ҳоле ки хабаргузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи убури ин афрод ба қаламрави Афғонистон гузориш медиҳанд, манобеъи Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ҳол аз додани ҳар гуна иттиллоъ дар ин бора худдорӣ меварзанд. 

Қаблан гузоришҳо дар бораи боздошти қочоқбарони афғон ва ё ба гарав бурдани атбоъи тоҷик аз сӯи афғонҳо дар пайи муомилаи тиҷорати маводди мухаддир зиёд мунташир мешуд. Аммо ҳодисаи довталабона Афғонистонро маҳалли зист интихоб кардан ва аз роҳи ғайриқонунӣ вориди қаламрави он кишвар шудани атбоъи тоҷик ва он ҳам бо ҷамъи хонавода аз замони ҷанги шаҳрвандиии солҳои навадум ба ин сӯ тақрибан собиқа надоштааст. Ва аммо бар асоси як қарордоди ба имзорасида миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, таҳвили атбоъи боздоштшуда ба ватан танҳо бо ҳукми додгоҳ метавонад сурат бигирад.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi