18:48
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
"ҶАНГ"-И ПУТИН БО МУҲОҶИРАТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ
Мақолаҳо - Муҳоҷират
27.01.2012 10:50

 

Шаҳрвандони хориҷие, ки қонуни муҳоҷирати Русияро нақз мекунанд, 10 сол иҷозаи вуруд ба ин кишварро нахоҳанд дошт. Владимир Путин, нахуствазир ва номзади аслӣ ба мақоми раисиҷумҳури Русия гуфт, хориҷиёнеро, ки қонунҳои кор ва муҳоҷирати ин кишварро риоят намекунанд, нахоҳанд гузошт, то вориди Русия шаванд.

putinӮ ин нуктаро рӯзи панҷшанбе, 26 январ, зимни суханони худ дар Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав баён дошт. Путин афзуд, "мо ба Хадамоти муҳоҷират, ниҳодҳои интизомӣ, яъне вазорати дохилӣ ва Хадамоти федеролии амният, минтақаҳо ва соҳибкороне ниёз дорем, ки кори худро дақиқ ҳамоҳанг кунанд ва бигӯянд, ки ба чӣ касбу коре ниёз доранд ва дар кадом минтақа.”

Нахуствазири Русия пешниҳод кард, ба ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки қонуни муҳоҷирати ин кишварро нақз кардааст, бояд ба муддати 10 сол иҷозаи вуруд ба Русия дода нашавад. Путин барои интихоботи 4 марти соли ҷорӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ шудааст. Русия бо аксари кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла бо Тоҷикистон муқаррароти раводид надорад ва аз ин кишварҳо миллионҳо муҳоҷир дар Русия кор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабари матбуоти Русия, дар маркази шаҳри Маскав пулис хобгоҳеро, ки дар он 287 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ мезистанд, бастааст. Дар он шаҳрвандони Русияву Узбакистон, Украинаву Молдова ва Тоҷикистону Беларус зиндагӣ мекардаанд. 14 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Дар ин бора дафтари матбуотии пулиси Маскав хабар додааст. Муҳоҷирон гуфтаанд, ки дар интернет маълумотро дар бораи  иқомат дар ин хобгоҳ пайдо кардаанд. Онҳо ҳангоми вуруд ба ин хобгоҳ барои як шабонарӯз 100 рубли русӣ пардохт мекардаанд.

«Озодӣ»

Миқдори нигориши мавод: 330

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh