03:41:23 01-уми Июли 2025 сол

БА КОР БА АРАБИСТОНИ САУДӢ РАФТАН МЕХОҲЕД?-1

Тайи солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои араб ба таври назаррас инкишоф меёбанд. Бахусус, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, мунтазам густариш ёфта истодаанд.

 

Далели ин сафари ҳайатҳои Арабистони Саудӣ соли 2008 бо роҳбарии Саъд Наҳор Ал-Бадаҳ ва 21-23 майи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Шӯрои палатаи Арабистони Саудӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Ар-Риёз Абдураҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ мебошад, ки дар доираи он мулоқоти соҳибкорони тоҷику саудӣ баргузор гардида, як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.

 

Мавриди ёдоварист, ки як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бо роҳбарияти боломақоми ин кишвар, бахусус муовини дуюми раиси Шӯрои вазирон Амир Ноиф ибни Абдулазиз ва вазири корҳоии хориҷӣ Амир Сауд ал-Файсал моҳи майи соли равон баррасӣ гардид.

 

Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шӯрои палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ баррасӣ шуда буд, дар доираи сафари гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ аз 24-уми август то 2-юми сентябри соли ҷорӣ бо роҳбарии сардори Хадамот Сафиало Азизулоевич Девонаев дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуд.

 

Роҷеъ ба аҳамияти ин Ёддошти тафоҳум ва натиҷаҳои сафари ҳайати кории Хадамоти муҳоҷират, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.А.Девонаев изҳори андеша намуд.

 

Муаррифнома:


Девонаев Сафиало Азизулоевич соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1983-1985 дар истеҳсолот кор кардааст. Солҳои 1985-1990 дар кори комсомолӣ ба ҳайси инструктори Кумитаи Марказии Комсомоли ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст. Соли 1990 бо роҳхати бюрои Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ба Вазорати корхои дохилӣ ба кор омадааст.

 

Соли 1990 курси олии Мактаби милитсияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравиро дар шаҳри Саратов ва соли 2001 Академияи мақомоти роҳбарикунандаи ВКД Федератсияи Россияро ба итмом расонидааст.

 

ӯ дар вазифаҳои сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои Ёвон, Хоҷамастон, шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор карда, аз соли 2005 то 2008 Намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия буд. Аз моҳи июни соли 2008 сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

ӯҳтарам Сафиало Азизулоевич, мехостам нахуст ҳадаф ва аҳамияти ҳамин Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шӯрои палатаи савдо ва саноати Мамлакати Арабистони Саудиро шарҳ медодед?

 

-Тавре маълум аст, яке аз масъалаҳои муҳими имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор дар дохил ва хориҷи кишвар ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Қариб дар тамоми сафарҳои Президенти кишвар ба давлатҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои баррасишаванда дар сатҳи роҳбарони олии ҳарду кишвар ин ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки бевосита ба паст кардани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад ва таъмини муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо ҷойҳои кори хуб дар хориҷи кишвар мебошад.

 

Заминаи ба имзо расидани ҳамин Ёддошти тафоҳум низ саъю кӯшишҳои бевоситаи Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояшон ба Арабистони Саудӣ ва мулоқотҳояшон бо роҳбарият ва ҳайатҳои воломақоми ин кишвар аст.

 

Пас аз ташрифи ҳайати гурӯҳи намояндагони Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии Шӯрои палатаи савдо ва саноати Арабистони Саудӣ оид ба таъмин намудани ҷойҳои корӣ бо роҳбарии Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ моҳи июни соли 2008 ба шаҳри Душанбе барои омӯзиши бозори меҳнат ва ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ масъалаи ба имзо расидани чунин санад ба миён омад. Баъди омӯзишҳои якчандкаратаи намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шарту шароити кор ва зисту зиндагонии муҳоҷирон дар Арабистони Саудӣ мо дар ҳайати гурӯҳи корӣ озими шаҳри Ар-риёзи Арабистони Саудӣ гаштем, ки дар ин сафар Ёддошти тафоҳум ҷиҳати фиристодани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Мамлакати Арабистони Саудӣ ба имзо расид.

 

Ҳадафи ин санад таъмини шаҳрвандони ҶТ дар Арабистони Саудӣ бо ҷойи кори шарту шароити хубдошта ва густариш додани равобити иқтисодию тиҷоратии ҳарду давлат аст. Аҳамияти муҳими ин санад дар он аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аксаран мусулмон ҳастанд дар кишвари араб бо шароити нисбатан мутобиқ фаъолият карда, дар баробари ин аз бартариҳои дини мубини ислом огоҳ мегарданд, ки ин бевосита ба сатҳи шуурнокии эшон таъсири мусбат мегузорад.

 

-Ҳангоми таҳия ва баррасии Ёддошти тафоҳум кадом бартариҳо ва хусусиятҳо ба инобат гирифта шуданд?

 

-Бо назардошти аҳамияти омӯзиши урфу одатҳо ва анъанаҳои миллии т кишвари саудӣ барои муҳоҷирони меҳнатие, ки бо мақсади кор ба Мамлакати Арабистони Саудӣ мераванд, ҳайати Комиссияи Саудӣ масъалаи ташкил намудани курсҳои таълими забон ва урфу одати мардуми арабро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур дониста, ташкили курсҳои махсусро ба зимма гирифт. Ҳамзамон, ба масъалаҳои даъвати муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмин намудан бо ҷойи кор ва муҳайё сохтани шароити иҷтимоиву ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави ин мамлакат диққати махсус дода шуд.

 

-Мушаххасан мегуфтед, ки мақсади сафар аз чӣ иборат буд?

 

-Мақсади сафар танҳо аз омӯзиши бозори меҳнат ва фиристодани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Арабистони Саудӣ иборат буд. Бо дарназардошти он, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар кишварҳо бо сабаби набастани шартномаи корӣ ба мушкилиҳои зиёде дучор гардида, ҳатто маошашонро гирифта наметавонанд, мо бо раиси Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии Шӯрои палатаи савдо ва саноати Мамлакати Арабистони Саудӣ Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ ба қароре омадем, ки шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва муҳоҷири тоҷик, ки дар он маълумоти пурраву мукаммал мавҷуд аст, баста шавад. Ин баҳри бехатар намудани муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон аст.

 

Дар мавриди адои ҳаҷ бошад, муҳоҷири меҳнатие, ки тӯли ду сол дар Арабистон фаъолият менамояд, ҳуқуқи як маротиба ҳаҷи фарзӣ ва ё умра карданро бепул дорад ва ин албатта ба салоҳияти худи шахс вобаста аст.

 

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 таҳти №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз таркиби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ карда шуда, ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шуд.

 

Мутобиқи Фармони мазкур дар сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2007 Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шуд, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ амалӣ менамояд. Як бори дигар такрор менамоям, ки мақсади сафари мо ба мамлакати Арабистони Саудӣ вобаста ба фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурӣ танҳо ва танҳо муҳоҷирати меҳнатӣ асту халос.

 

-Мегуфтед, тартиб ва ҷараёни ба Арабистони Саудӣ фиристодани муҳоҷирони кории тоҷик чӣ гуна сурат мегирад?

 

-Тибқи Ёддошти тафоҳум бо худ доштани шартномаи корӣ ҳамроҳ бо раводиди корӣ ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кор ба мамлакати Арабистони Саудӣ меоянд, ҳатмӣ аст. Дар ин ҳуҷҷатҳо касбу кор, соатҳои корӣ, маош ва мӯҳлати кор зикр карда мешавад, ки он кафолатномаи батанзимдарорандаи муносибатҳои миёни корфармо ва корхоҳ ба ҳисоб меравад. Ин ба муҳоҷири корӣ имкон медиҳад, ки дар ҳар сурате, ки набошад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд.

 

Маоши муҳоҷирони тоҷик низ дар як сатҳ бо муҳоҷирони кишварҳои дигар пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми музди кори муҳоҷирон аз рӯйи маҳорати касбии онҳо муайян карда мешавад. Кишвари Арабистони Саудӣ омода аст, шумораи номаҳдуди муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кор таъмин намояд.

 

-Имкониятҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ баҳри муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Арабистони Саудӣ дар кадом сатҳ хоҳад буд?

 

-Тавре, ки раиси Комиссияи миллӣ оид ба кортаъминкунии коргарони хориҷии палатаи савдо ва саноати мамлакати Арабистони Саудӣ Саъд Наҳор Ал-Баддоҳ зимни мулоқот бо мо изҳор дошт, дар Арабистони Саудӣ миёни шаҳрвандони саудӣ ва муҳоҷирони кории мусулмон, аз кадом кишваре, ки набошанд, фарқе гузошта намешавад. Ҳуқуқ ва манфиатҳои коргарони хориҷӣ аз ҷониби мақомотҳои махсуси ҳифзи ҳуқуқ ҳимоя гардида, дар сурати сар задани масъалаҳои баҳсталаби молиявӣ онҳо аз ҷониби ин мақомотҳо баррасӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки қонунҳои амалкунандаи Арабистони Саудӣ дар асоси қонунҳои шариат ва қонунҳои байналмиллалӣ ба танзим дароварда шудааст.

 

Масъалаи таъмини иҷтимоии муҳоҷирон бошад, дар доираи шартномаи корӣ аз ҷониби корфармо пардохт карда мешавад, ки он аз хароҷоти сафар, рафту ой, ҷойи хоб, хурду хурок, сару либоси махсуси корӣ, хизматрасонии тиббӣ иборат аст.

 

Абдуваҳҳоби АБДУСАТТОР,

Моҳлиқои ШАРИФОВА

(идома дорад)

Назари Шумо

Security code
навсозӣ