00:21:41 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

15 РӮЗ БАРОИ БАҚАЙДГИРӢ ВА СЕ СОЛ ИҶОЗАИ КОР. МУҲОҶИРОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

Бештари сокинони Тоҷикистон аз эҳтимоли то 15 рӯз дароз шудани муҳлати иқомати бидуни қайд дар Русия истиқбол карданд.

/images/stories/2012/10/06_fms-russia-061012.jpgИмзои ёддошти тафоҳум дар бораи то 15 рӯз дароз кардани мӯҳлати будубоши бе қайди муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз тарафи бештари сокинони кишвар, ки ё шаҳди муҳоҷиратро чашидаанд ва ё наздиконашон дар муҳоҷиратанд, хуш истиқбол ёфтааст. Онҳо мегӯянд, агарчӣ понздаҳ рӯз муҳлати чандон кофӣ нест, аммо имкон медиҳад, то муҳоҷирон ҷои истиқомат пайдо ва худро сабтином кунанд.

Суҳбатулло Иноятуллоев, як муҳоҷири тоҷик, ки панҷ сол боз барои таъмини хонаводааш ба Русия меравад, гуфт, дирӯз (5-уми октябр) ин хабарро аз расонаҳо шунида, хушҳол шудааст: “Ҳангоме ба Русия меравӣ, дар муддати се рӯз дарёфти ҷои зист хеле мушкил аст. Аксар вақт ин муҳлат мегузарад ва ту қонуни муҳоҷирати ин кишварро вайрон мекунӣ."

Ин мусоҳиби мо ҳамчунин то се сол тамдид ёфтани муҳлати муҷаввизи кор дар Русияро низ ба манфиат донист ва афзуд, "пештар дар 17-18 ҳазор рубли русӣ иҷозати кор дар Русияро мегирифтӣ, ки пас аз як сол муҳлаташ тамом мешуд.  Ҳоло тибқи хабаре, ки шунидем, муҳлати он то ба се сол дароз шуд. Ин ба муҳоҷирон хеле осонӣ меорад, аз нигоҳи ман."

Рӯзи панҷуми октябр дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба Душанбе ёддошти тафоҳум дар бораи то понздаҳ рӯз тамдид кардани мӯҳлати иқомати бидуни қайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тасвиб шуд. Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфт, ин фақат ёддошти тафоҳум аст ва бояд дар ин бора қарори вижа қабул шавад. Аз нигоҳи ӯ, татбиқи ин санаду тасмим шояд сар аз соли 2013 шурӯъ хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин, Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ин санадро барои муҳоҷирони тоҷик хеле муҳим донист. Ӯ гуфт, “мувофиқи тафоҳумномаи ба имзорасида шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, дар муҳлати то 15 рӯз ҷои истиқоматашонро бе шитоб бо нархи муносиб пайдо кунанд. Баъд аз дарёфти ҷои иқомат метавонанд ба мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати дар макони зисташонбуда муроҷиат кунанд ва худро ба қайд гиранд.”

Ҷаноби Қодирӣ дар идомаи суҳбаташ илова кард, дар гузашта муҳоҷирони тоҷик бояд дар муддати се рӯз, баъд аз ворид шудан ба қаламрави Русия, ҷои истиқоматашонро пайдо ва худашонро дар Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба қайд мегирифтанд, ки хеле душвор буд. "Чунин ҳолатҳое низ кам набуданд, ки муҳоҷирон маҳз ба далели дар муддати се рӯз ба қайд нагирифтан аз Русия ронда шудаанд",-афзуд мусоҳиби мо.

Аммо Соҳибназар Имомов, коршиноси тоҷики муқими Маскав, мегӯяд, бо имзо шудани ин созишнома мушкили муҳоҷирони тоҷик ҳалли комили худро нахоҳад ёфт. Вай гуфт, аксар шаҳрвандони  Тоҷикистон дар Русия кори доимии расмӣ надоранд ва решаи ҳамаи мушкилашон аз ин ҷо об мехӯрад:

"Онҳо, ки кори доимӣ надоранд, иҷозатномаи кор дар Русия гирифта наметавонанд. Бинобар ин, Хадамоти  федеролии муҳоҷирати Русия онҳоро ба муҳлати 90 рӯз барои иқомат дар ин кишвар ба қайд мегирад. Пас аз 90 рӯз онҳо ҳудуди Русияро бояд тарк кунанд. Бинобар ин, муҳоҷирони мо ҳар се моҳ то марзи Қазоқистон ё Украина рафта, дубора ба Русия ворид мешаванд ва боз худро се моҳи дигар ба қайд мегиранд."

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони бархе кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ҳини буду бош дар Русия нисбат ба шаҳрвандони кишвари мо аз имтиёзҳои бештаре бархӯрдоранд. Масалан, шаҳрвандони Қирғизистон ба муҳлати 60 рӯз бидуни сабтином метавонанд дар Русия ҳузур дошта бошанд. Дар ҳоле ки ин муҳлат барои муҳоҷирони тоҷик дар сурати мавриди иҷро қарор гирифтани созишномаи нав ба 15 рӯз хоҳад расид.

Бо ин ҳама, Тоҷикистон ин имтиёзи нави Русия барои муҳоҷирони тоҷикро бар ивази то сӣ соли дигар тамдид кардани мӯҳлати будубоши низомиёни рус дар Тоҷикистон ба даст овардааст. Дар баробари ин, Тоҷикистону Русия созиш карданд, ки Маскав солона барои Душанбе  ҳудуди як миллион тонна маводи сӯхтро низ бидуни пардохти боҷи гумрукӣ содир хоҳад кард. Қарор аст, ин созиш аз соли нави оянда мавриди иҷро қарор бигирад.

Абдулло Ашӯров, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi