05:30:49 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

30 ҳазор тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Русия?

Додгоҳи байналмиллалии ҳуқуқи башар дар Страссбург мегӯяд, шароити нигаҳдошти боздоштшудагон дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Русия ба муқаррарот мутобиқат намекунад.

zindon-31052013Оксана Преображенская -раиси Маркази ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудагон ва зиндониён дар Страссбург ба мо гуфт, боздоштшудагон гоҳо дар шароити ғайриинсонӣ ба сар мебаранд. Чунин вазъ сабаби афзоиши беморӣ ва ҳатто даргузашти зиндониён ҳам мешавад. Бино ба маълумоте, ки матбуоти Русия аз қавли мақомоти додгоҳӣ ба нашр расондааст, дар давоми соли 2012 танҳо дар зиндонҳои шаҳри Маскав 44 нафар ҷон додаанд. Дар ин зиндонҳо то ҳол хатари сирояти бемориҳои сил, норасоии масъунияти бадан ё ВИЧ ва бемории зардпарвин вуҷуд дорад.

Оксана Преображенская мегӯяд, даргузашти зиндониён аз бемориҳо низ мушоҳида мешавад. Вале маълум нест, ки воқеан зиндонӣ аз беморӣ даргузаштааст ва ё дар шароити тоқатфарсо худкушӣ кардааст, зеро зиндонҳои Русия муассисаҳои баста мебошанд ва собит сохтани худкушӣ мушкил аст. Мавридҳои худкуширо маъмурони зиндон бештар “даргузашт аз беморӣ” сабт мекунанд. Вале боз ҳам масъала ин аст, ки чаро дар зиндон беморро то ба ҳолате мерасонанд, ки вай ҷон медиҳад:

“Зиндонҳо беш аз ҳад пур шудаанд. Ин ҷо сухан ҳатто дар бораи фақат муҳоҷирон ҳам матраҳ нест. Шароит дар ҷойҳои нигаҳдошти боздоштшудагон, дар маҷмӯъ ғайриинсонист. Ҳоло мақомоти ҳукуматӣ талош мекунанд, ки баъзе камбудиҳоро бартараф созанд, вале ба сабаби набуди маблағи зарурӣ ва камбуди ҷойи нигаҳдошт, яъне беш аз ҳад пур будани зиндонҳо шароити нигаҳдошт, албатта, хеле бад аст. Бояд ҳамаро саросар дигар кард, аз ҷумла хидматрасонии тиббиро”.

Дар Русия муқаррароти кору иқомати муҳоҷирони кишварҳои хориҷӣ ташдид ёфтааст ва аз имкон дур нест, ки дар чунин шароит дар оянда шумораи зиндониён низ аз ҳисоби муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ афзоиш ёбад. Абдулло Давлатов, раиси “Иттиҳоди тоҷикони Русия” дар Маскав мегӯяд, ҳоло дар ин кишвар мардуми бумӣ аз хидматрасонии маъмулии тиббӣ розӣ нестанд, чӣ расад ба зиндониён, ки онҳоро ҷинояткор мешиносанд.

Оқои Давлатов мегӯяд, аксари камбудиҳо дар зиндон аз он сар мезанад, ки дар ҷои як нафар то 4-5 нафарро нигаҳдорӣ мекунанд. Ин кор ҳатто дар миёни худи зиндониён заминаи хархашаву норизоятиро ба бор меорад: “Он ҷо вазъият хеле вазнин аст. Аввал ин, ки шумораи онҳо хеле зиёд аст. Шояд дар ҷои як нафар 4-5 нафар дар зиндонҳо бошанд. Агар шумора зиёд шавад, аз хӯрока ҳам танқисӣ мекашанд. Дар ҷои маҳдуд агар шумораи боздоштшудагон зиёд бошад, албатта он ба ҷои сар задани бемориҳои иҷтимоӣ ҳам табдил меёбад”.

Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия мӯҳлати ҳукми худро сипарӣ мекунанд, дақиқ нест. Гузашта аз ин, тибқи мувофиқатномаҳои мавҷудаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия баъзе аз боздоштшудагон ё зиндониён ба Тоҷикистон супурда мешаванд. Бо вуҷуди ин Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирини кории тоҷик» дар Маскав бо такя ба маълумоти вазорати корҳои дохилаи Русия мегӯяд: 

“Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонаи худ низ навиштааст ва шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳар сол боздошт ва маҳкум мешаванд, аз 3 800 то 4 200 нафар мерасад. Онҳо ба ҷиноят кашида ва ба СИЗО партофта мешаванд. Имрӯз дар зиндонҳои Русия на камтар аз 30 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Вале қисме аз онҳо ба Тоҷикистон барои идомаи мӯҳлати худ супурда мешаванд”.

Суоле пеш меояд, ки оё ҳамаи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия ҳукми зиндонро сипарӣ мекунанд, гуноҳ содир кардаанд? Бино ба мушоҳидаҳо, ҷинояте, ки маъмулан онро ба муҳоҷирони Тоҷикистон “мебанданд”, қочоқи маводи мухаддир аст.

Яке аз тозатарин намунаҳо боздошти Ёқубҷон Мӯминов-шаҳрванди Тоҷикистон дар чаҳор моҳи пеш аст, ки ҳоло мақомоти тафтишотӣ бо шиканҷаву озор талош доранд, Мӯминов “гуноҳи худ”-ро эътироф кунад. Муҳаммадалӣ Иброҳимов-писарамаки вай аз Маскав телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, Ёқубҷонро кормандони пулис аз хонааш бурдаанд: 

“Вақте, ки додарчаи ман харид мекунаду меояд ва дарро кушода хона медарояд, милиса мезанад. Мегиранд дар гарданаш укол мекунанду ба мошин мешинонанд. Дар даруни мошин вай беҳуш, киссаашро пур мекунанду ба шӯъба мебаранд ва ҳуҷҷат месозанд. Соҳиби бор (маводи мухаддир) худаш дар мурофиаи додгоҳӣ гувоҳӣ дод, ки “ҳамин одамро милисаҳо гирифтанд ҳамин хел карданд. Бори манро гирифтанд дар киссаи ҳамин одам андохтанд, ман дидам”. Бурданд, дар ток монданд, заданд, чӣ азобҳое надоданд ва гуфтанд, ки ба гардан бигир. Вай мегӯяд, ки охир аз ман нест, чӣ хел ба гардан бигирам”.

Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Иброҳимов, баъзе ниҳодҳои Русия бо чунин боздоштҳо нишон медиҳанд, ки онҳо бо қочоқчиёни маводи мухаддир мубориза мекунанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар Русия бо чунин ҷиноятҳои сохта шумораи зиёди  шаҳрвандони Тоҷикистон дар паси панҷара бошанд ва он ҳам дар шароите, ки барои нигаҳдошти зиндониён тоқатфарсост.

Дониёр Худоёров яке аз соҳибкорони тоҷик бо ҳамин гуна иттиҳом бидуни ҳукми додгоҳ 4,5 сол дар зиндон нишаст. Дар тамоми ин муддат вайро дар боздоштгоҳ бераҳмона шиканҷа медоданд, то “гуноҳи худ”-ро эътироф кунад. Вале натавонистанд иродаи вайро шикананд. Соли 2005 маҷбур шуданд вайро аз зиндон раҳо кунанд ва Додгоҳи байналмиллалии ҳуқуқи башар дар Страссбург Русияро маҷбур сохт, ки Русия ба Дониёр ҷуброн пардохт кунад. Дониёр таҳсилдида буд ва бо кӯмаки созмонҳои ҳуқуқи башар аз ҳуқуқи худ дифоъ кард, ҷуброн ҳам гирифт. Вале на ҳар кас ин ҷуръату маҳоратро дорад ва ночор паси панҷара меравад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi