21:17:59 04-уми Июни 2025 сол

Дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат соҳиби Ҷоми ФФТ

Рӯзи 31-уми август дар Варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии ниҳоӣ барои гирифтани Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ва ССКА «Помир»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Навад дақиқаи бозӣ ғолибро натавонист муайян созад.

Дар вақти асосӣ бозингарони ҳарду даста ба дарвозаи ҳамдигар яктубӣ зада, бозиро мусовӣ карданд. Дар вақти иловагӣ низ ҷонибҳо натавонистанд якдигарро мағлуб созанд. Тасмим гирифта шуд, ки ғолиб дар ҷараёни задани силсилаи тӯбҳои ёздаҳметра муайян гардад. Дар вақти задани тӯбҳои ёздаҳметра бозингарони дастаи «Хайр» маҳорати баланд нишон дода бо ҳисоби 6:5 ғолиб шуданд ва соҳиби Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва 20 ҳазор сомонӣ гардиданд. Ба бозингарони ССКА «Помир» медалҳои нуқра ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот дода шуд.

«Рӯзгор» 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854