21:03:00 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кумитаи ҷавонон исми 16 ғолиби ҷоизаи Исмоили Сомониро эълон кард

Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон мегӯяд ғолибони дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомониро муайян кардааст. Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ 3-юми августи соли 1998 бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис шуда, ҳар сол барои дастовардҳои илмӣ ба олимони ҷавон эъто мешавад.

Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон мегӯяд ғолибони дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомониро муайян кардааст. Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ 3-юми августи соли 1998 бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис шуда, ҳар сол барои дастовардҳои илмӣ ба олимони ҷавон эъто мешавад.

Намояндаи кумитаи ҷавонон дар сӯҳбат бо “Рӯзгор” гуфт, ки барои дарёфти ҷоиза 39 нафар бо 36 асари пажуҳишӣ, аз ҷумла  4 кори илмии тиббӣ, 7 рисола оид ба илмҳои бунёдӣ, 3 кори техникӣ, 7 асар оид ба иқтисод ва 15 кори илмии гуманитарӣ иштирок карданд ва аз онҳо 16 нафар баранда шуданд. 

 Дар иттилоияи ахиран интишордодаи Кумита исми Бегиҷон Займуддинов, Муҳаммад Билолов, Комрон Урунов (аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ибни Сино), Наимҷон Ашӯров (аз Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қурғонтеппа), Файзигул Раҳимова (аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон), Ҷасур Одинабеков (аз Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон), Абубакр Насриддинов ва Сафаралӣ Гадоев (аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон), Фаридун Давлатов (аз Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон), Акмалҷон Абдухолиқов (аз Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони давлатӣ), Фотима Ғуломова (аз Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон), Убайдулло Асроров (аз Донишкадаи молия ва иқтисод), Фотеҳҷон Аминов (аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон), Зоир Раҳмон (аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат), Дониёр Сангинов ва Илҳомҷон Ҳамидов (устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро чун ғолибони ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мехонем.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi