17:52:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Эмомалӣ Раҳмон: «Интихобот набояд майдони ҳангоматалабӣ шавад»

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як ҷамъомади мутантан бахшида ба 22-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кохи Борбади Душанбе суханронӣ мекард, аз ҷумла ба мавзӯи интихобот дахл карда гуфт, интихоботи президентӣ «набояд ба майдони «моҷароҷӯиву ҳангоматалабӣ табдил дода шавад».

emomali-rahmon_454554546.jpgҶаноби Раҳмон бо ишора ба ҳамаи онҳое, ки  нияти пешбарӣ  кардани номазадии хеш ба симмати президенти Тоҷикистонро доранд гуфт: «аз онҳое, ки  мехоҳанд номзадии худро ба ин чорабинии муҳим пешниҳод намоянд хоҳиш дорам, ки ба ин маърака бо маданияти баланди сиёсӣ ва масъулияти комили ватандорӣ муносибат кунанд.Интихоботи мо на бояд ба майдони моҷароҷӯиву ҳангоматалабӣ, балки ба минбари муаррифии барномаҳои комил андешаҳои созанда ва имкониятҳои зеҳнии арзишманд табдил ёбад, ки мардум тавонанд ҳуқуқи конститутсиониашонро озодона ва бо майлу иродаи худ амалӣ кунанд».

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди он, ки интихобот бояд дар чаҳорҷӯбаи қонун ва шафофофу озод баргузор гардад, афзуд, ки ин маъракаи сисёӣ «имтиҳони ниҳоят муҳиме барои демократияи ҷавони Тоҷикистон аст». Вай ҳамчунин афзуд, ки умед дорад ин интихобот озоду шафоф баргузор шуда, обрӯи Тоҷикистонро чун як кишвари демократӣ дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад бардошт.

Дар суханрониаш раисиҷумҳур ҳамчунин аз дастовардҳои истиқлолият низ сухан карда гуфт, давлаташ дар иҷрои се ҳадафи стротегӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба муваффақиятҳо ноил гаштааст ва барои то ба субут расонидани ин ҳадафҳо боз ҳам талош хоҳад кард.  

Дар ҷамъомади бахшида ба солгарди 22-уми истиқлолияти Тоҷикистон вакилони парлумони Тоҷикистон, сафирони кишварҳои хориҷии дар Душанбе ва намояндагони ҷомеаи кишвар, ҷамъ ду ҳазор нафар ширкат карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi